Вт12032024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ТОБИСТОН ХУШ МЕГУЗАРАД

Тобистон вақти бозӣ, вақти озодона интихоб намудани машғулияти дӯстдошта, вақте ки имконияти барқарор намудани кӯшишу ғайрати давоми сол сарфшуда ва саломатист. Тобистон фурсати муоширати озоданаи кӯдакон аст. Ҳамин аст, ки баъди дар муассисаҳои таълимии ноҳия хотима ёфтани дарсҳо Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳия, ки таҳсилоти иловагӣ ба ҳисоб меравад дар ин давра дари худро ба рӯйи бачаҳо боз кардааст. Имрӯзҳо инҷо   маҳфилҳои   дӯзандагӣ, бофандагӣ, яккахонию дастаи созӣ-овозӣ, чеварони миллию рассомӣ, кулолгарию омӯзиши компютерӣ, шашкаю шоҳмот, сайёҳони ҷавон ва амсоли ин фаъолият менамояд, ки кӯдакон дар онҳо иштирок намуда, ройгон касбҳои дилхоҳи худро меомӯзанд. Ба ҷуз машғулият инчунин онҳо метавонанд дар озмунҳои гуногуни тарбиявӣ ширкат варзидаву ба сайёҳат раванд. Ҳамин аст, ки сафи падару модароне, ки хоҳиши ҷалб намудани фарзандони худро ба маҳфилҳои МЭКН доранд, меафзояд.

Зуҳро СОҲИБНАЗАРОВА.