ХАБАРҲО
ВАЗОРАТ ҶАЛАСАРО ДАР ФАЙЗОБОД ГУЗАРОНД
- Подробности
- Опубликовано 10.07.2018 15:10
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ҳисор»-ро, ки 9 зертобеъ дорад, дар Файзобод гузаронд.
Тавре муовини вазири нақлиёт Рустам Вализода изҳор намуд, дар муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Файзобод баргузор кардани ҷаласа маънии онро дорад, ки ин муассиса намуна буда, бо фаъолияти нимсолаи худ ҷиҳати таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт, сари вақт анҷом додани корҳои таъмири роҳу пулҳо, аз худ намудани маблағҳои ҷудошуда, сари вақт бартараф намудани оқибатҳои боришоти зиёд, нигоҳубини дарахтони канори роҳҳо ва ба ҳамин монанд корҳои ба зиммадошта аз дигар муассисаҳои тебои муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ҳисор» фарқ мекунад. Ҳамин буд, ки муовини вазир ба сардори идора Зиёратшоҳ Ятимов ташаккур гуфт. Аз кори роҳбарони муассисаҳои роҳнигаҳдории шаҳрҳои Турсунозода ва Норак низ изҳори қаноатмандӣ кард.
Дар ҷаласа роҳбарон, муҳандисон, муҳосибони шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Варзоб, Ваҳдат, ба номи Рӯдакӣ, Норак, Файзобод ва Роғун, ҳамчунин кормандони ҳисобу китоби вазорат иштирок доштанд. Муовини вазир аз фаъолияти якояки муассисаҳо пурсон шуда, барои кори пурмаҳсул ва манфиатбахши онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар маҷлиси бунёдкунандагон ва нигаҳдорони роҳ муовини раиси ноҳия Рустам Сафаров суханронӣ карда, меҳмононро ба диёри Файзобод хайрамақдам гуфт.
Ҷ. БАҲОРОВ.