САҲИФАИ АСОСӢ
ТУҲФА БА МАЪЮБОН
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 24 Август 2018
- Просмотров: 1344
Эҳсону дасти кӯмак дароз намудан ба маъюбону ниёзмандон аз амалҳои наҷиби инсонист. Инро сарвари давлат пайваста дар суханрониҳои худ таъкид менамоянд. Зери партави хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ якҷо бо имомхатибони масҷидҳои ҷомеъи ҳудуди ноҳия ба истиқболи 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии кишвар ба як нафар маъюб аз деҳаи Синои Ҷамоати деҳоти Вашгирд хонаи истиқоматӣ месозанд.
ТАБИБОН МЕГӮЯНД: «КАСАЛ НАШАВЕД!»
- Подробности
- Категория: ТИБ
- Опубликовано 24 Август 2018
- Просмотров: 1405
Дар мушоҳидаи мо касалхона аз озодатарин муассисаҳои амалкунандаи ноҳия аст. Бе ягон муҳобот тозагию озодагии атрофу дохили бино ва утоқҳо ба хизмати ҳалоли коркунони хурди тиббӣ – санитар – озодакорон вобаста аст. Суҳроб Ҷобиров, ки аз омаданаш ба сифати сартабиби ноҳия якуним сол мешавад, ба ин гурӯҳи кормандон баҳои хуб дод. Айни ҳол шумораи кормандони хурди тиббӣ ба 80 нафар мерасад.
НОШУКРӢ НАБОЯД КАРД АЗ ИН ДИЁР
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 23 Август 2018
- Просмотров: 1311
"ҚАҲРАМОН"-И ФИЛМИ «БОЗГАШТ АЗ ҶАҲАННАМ» ИН ГУФТАРО СОБИТ КАРД
Ҳамарӯза ҷомеаи мо ба пешравиҳои назаррас ноил гардида истодааст. Илму техника дар ҳоли рушди босуръат мебошад. Агар ба таръихи ҳаёти инсоният назар намоем, маълум мегардад, ки инсон барои як амалро иҷро намудан ба чӣ гуна мушкилиҳои тоқатфарсо рӯ ба рӯ мешуд. Барои мисол: барои аз як ҷой то ба ҷойи дигар рафтан, сару либос, аз ҳоли якдигар бохабар будан, пайдо намудани хурока, маҳали зист барин мушкилиҳо пеш меомад.
КАТС- ДАР ПАЙИ СИҲАТИИ МАРДУМ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 20 Август 2018
- Просмотров: 1369
Кормандони Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия дар таъмини ҳифзи саломатии сокинони ноҳия дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳо ноил шуданд.
Кормандони ин ниҳоди тандурустӣ донишу маҳорати хешро бо дасту дили пок баҳри хизмати содиқона ба мардум равона кардаанд.
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
- Опубликовано 20 Август 2018
- Просмотров: 13859
Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаҳои 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаҳои хизматчиёни ҳарбӣ» фармон медиҳам:
МАКТАБИ ПӮЛОД ДАР ШЕРАМОН
- Подробности
- Категория: КИШОВАРЗӢ
- Опубликовано 17 Август 2018
- Просмотров: 1478
Таҷрибаи картошкапарварони қалъаидаштиро солҳои шуравӣ дар саросари ҷумҳурӣ ташвиқу тарғиб мекарданд. Деҳқонони номдори ин минтақа аз ҳар гектар 400-500 сентнерӣ ҳосил мебардоштанд, ки ин нишондод он солҳо дар ҷумҳурӣ ва берун аз он натиҷаи рекордӣ ба ҳисоб мерафт. Ҷунайдулло Нуров, Ҳафтод Расулов, Асо Саидов, Убайдулло Салимов, Аҳмад Шарифов аз зумраи деҳқонон меҳнатқарини хоҷагии ба номи Ҳамза (имрӯза хоҷагии тухмипарварии ба номи А. Назиров) буданд, ки дар вақташ бо орденҳои Ленин, « Револютсияи Октябр», «Нишони фахрӣ» ва дигар мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданду дар сархати расонаҳои хабарӣҷой доштанд. Сардори ин бригадаи шуҳратёр деҳқонони асил Пӯлод Абдураҳмонов бошад бо унвони олии давр Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ шарафёб гардид.
ИН ЧӢ ГУРӮҲЕСТ ШАЁТИННАЖОД
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 17 Август 2018
- Просмотров: 1279
Саною ҳамди бепоён Худоро,
Ки сунъаш дар вуҷуд овард моро.
Илоҳо, Қодиро, Парвардигоро,
Каримо, Мунъимо, Омӯрзгоро.
Сулаймони Тамимӣ бобои Муҳаммад ибни Абдулваҳоб хоби ҳавлноке дид, ки аз пушташ оташе берун омад ва ҳамаи дунёро ба оташ кашид ва таъбири муаббирин он буд, ки аз насли ту фарде ба дунё меояд, ки дунёро ба фасод ва табоҳӣ мекашад. Ин ишорае буд ба таваллуди Муҳаммад ибни Абдулваҳоб ва пайдоиши тариқаи ваҳҳобият.
ҲНИТ: АЗ НОМИ ИСЛОМ БАР ЗАРАРИ ИСЛОМ
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 15 Август 2018
- Просмотров: 1339
Мақсад аз навиштани ин сатрхо даъвати хамдиёрони азиз, хусусан насли ҷавони кишвар ба эҳтиёт аз як фитнаи навбатӣ мебошад, ки имрӯзҳо ҲНИТ бо амалҳои хеш ҷомеаи суботёфтаи моро ба гирдоби низову бесуботӣ роҳнамоӣ мекунад. Рӯирост ҳамла кардан аз ҷониби аъзоёни ҲНИТ ба сайёҳони хориҷӣ касро ба андеша меорад, ки ин гуна муроҷиати таҳдидомез ба кадом мақсад бошад.
ДАСТАТ ШИКАНАД САНГШИКАН!
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 14 Август 2018
- Просмотров: 1412
Мардуми тоҷик одати хуби ба оромгоҳҳои гузаштагони худ рафтану манзили охирати эшонро зиёрату ба тартиб дароварданро дорад. Рӯзҳои иди Рамазону Қурбон зиёрати дастҷамъии мардум ба оромгоҳҳо сурат мегирад. Бо мақсади зиёрати марқади наздиконам рӯзе пештар аз баргузори Иди саиди фитр аз оромгоҳи деҳаи Сари Чашма дидан кардам. Ростӣ, кас аз дидани ободкориҳои оромгоҳ, чун девор бардоштани атрофи қабристон, васли панҷараҳои зебову бунёди роҳраву гулгашти назди мақбараи Хоҷаи Ҳотам шод мегардад ва ба онҳое, ки чунин кори хайру савобро пеша кардаанд сано мехонад. Аммо дидани манзараи харобгардонидани санги мазори баъзеи хуфтагони ин оромгоҳ касро дар шигифт мегузорад….