КИШОВАРЗӢ
МАКТАБИ ПӮЛОД ДАР ШЕРАМОН
- Подробности
-
17 Авг 2018
- Опубликовано 17.08.2018 11:18
Таҷрибаи картошкапарварони қалъаидаштиро солҳои шуравӣ дар саросари ҷумҳурӣ ташвиқу тарғиб мекарданд. Деҳқонони номдори ин минтақа аз ҳар гектар 400-500 сентнерӣ ҳосил мебардоштанд, ки ин нишондод он солҳо дар ҷумҳурӣ ва берун аз он натиҷаи рекордӣ ба ҳисоб мерафт. Ҷунайдулло Нуров, Ҳафтод Расулов, Асо Саидов, Убайдулло Салимов, Аҳмад Шарифов аз зумраи деҳқонон меҳнатқарини хоҷагии ба номи Ҳамза (имрӯза хоҷагии тухмипарварии ба номи А. Назиров) буданд, ки дар вақташ бо орденҳои Ленин, « Револютсияи Октябр», «Нишони фахрӣ» ва дигар мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданду дар сархати расонаҳои хабарӣҷой доштанд. Сардори ин бригадаи шуҳратёр деҳқонони асил Пӯлод Абдураҳмонов бошад бо унвони олии давр Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ шарафёб гардид.
Деҳқонони минтақаи поёни ноҳия ҳамон солҳо дар соҳаи боғпарварӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ номвар бошанд ҳам, вале аз картошкапарварӣ ҳосили дилхоҳ намегирифтанд. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 80-90 сентнерӣ мерасид.
Шуҳрати картошкаи Файзобод солҳои нобасомонҳои кишвар поин рафт: истеҳсоли картошка сол аз сол кам гардид. Ин тамоюлро мутахассисони соҳа дар нарисидани оби полезӣ ва қимат будани тухмии серҳосили картошка медонистанд. Зеро, чи тавре масъулину деҳқонони соҳибтаҷриба иброз медоранд, барои кишти як гектар картошка 3,5-4 тонна тухмӣ ва дар маҷмуъ барои коркарду ғизодиҳии он 8-10 ҳазор сомонӣ зарур аст. Ҳосили паст хароҷоти деҳқононро намепӯшонд.
Дастовардҳои солҳои охири соҳа собит сохт, ки , дар минтақаи поёнии ноҳия ҳам аз ҳар гектар картошказор камаш 300-350 сентнерӣ ҳосил ба даст овардан мумкин аст. Дастовардҳои картошкапарварони шерамонӣ Далер Собиров, Ширинбек Солиҳов, Исматулло Ҳасанов, ки чанд соли охир аз ҳар гектар картошказор наздики 400 сентнерӣ ҳосил мегиранд, далели ин гуфтаҳост. Омӯзгори собиқадор Исматулло Ҳасанов, ки чанд соли охир рӯ ба кишоварзӣ овардааст, ҳосилнокии миёнаро ба 500-сентнерӣ расонд. Исматулло Ҳасанов воқеан ҳам деҳқони асил аст. Дар баробари картошкапарварию сабзавотпарварӣ ба боғпарварӣ низ шуғл дорад. Боғи якгектараи ӯ соли панҷум аст,ки ҳосил медиҳад. Себҳои хубонӣ, пахтасеб, панҷ-шаш намудҳои гуногуни ноку олу ва гелос, ки ниҳолашро аз ноҳияи Шаҳринав оварда сабзонидаасту ҳоло мева медиҳанду боғашро зиннат мебахшанд. Вохӯрии мо бо Исматулло Ҳасанов ҳангоме ба вуқӯъ омад, ки ӯ бо аҳли оилааш ба ҷамъоварии картошка машғул буд.
- Баъди хатми Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии кишвар солҳои зиёд дар мактаби варзишӣ ва муассисаҳои таълимии ноҳия ба сифати муаллими тарбияи ҷисмонӣ фаъолият доштам. Соли 2001 бо сабаби беморӣ аз муаллимӣ ба кори деҳқонӣ гузашта хоҷагии деҳқонии худро ташкил кардам. Бо аҳли оилаам ҳамасола аз заҳмати деҳқониямон даромади хуб мегираму зиндагии тинҷ дорем. Воқеан, ман авлодан картошкапарварам. Таҷрибаи деҳқониро мо, шерамониҳо аз мактабӣ бародари модарам Пӯлод Абдураҳмонови қаҳрамон омӯхтаем. Тағоям (рӯҳаш шод бод) сиру асрори деҳқониву боғпарвариро ба ман хеле омӯхт.
Деҳқон асосан бояд ду давраи картошкашинониро, ки ба обу ҳавои Файзобод созгор асту ҳосили баланд медиҳад, ба инобат гирад. Якум моҳи февралу аввалҳои моҳи март дуюм моҳҳои июну июл. Солҳои зиёдаст, ки заминро барои кишти картошка аз тирамоҳ шудгор карда, ба ҳар гектар камаш 300 килограмм суперфосфат пошида сипас пеш аз кишт ҷуфт мекунам. Пошидани доруи минералӣ заминро намноку ковок нигоҳ медорад. Баҳорон ҳангоми кишт ман аз трактор истифода намебарам, чунки замин намнок асту трактор қабати поёнии заминро сахт карда ҳосилнокии заминро мекоҳонад. Мо, бештар аз техникаи дастӣ истифода мебарем. Заминро се-чор маротиба шудгору хокӣ карда картошкаро мешинонем. Дар давраи аввал ба ҳар гектар майдони картошка камаш 400 килограмм доруи минералӣ «Карбамит», «Нитрафоз»-ро омехта карда, дар бехи ҷӯякҳои картошка мерезем. Давраи дуюми озуқа бошад, ҳангоми коркарди картошказор ба ҳар гектар 200-килограммӣ доруи «Карбамит» дода, аз нуриҳои маҳаллӣ низ истифода мекунем.
Чи тавре ки мегӯянд, заминро сер кардӣ, туро низ сер мекунад. Асоси фаровонҳосилиро ман дар додани шарбатоб, ки тағоям ҳангоми обмонӣ дар картошказорҳои бригадааш истифода мекард, дидаам. Давраи шарбатобмонӣ вақте фаро мерасад, ки картошка ба гулкунӣ шуруъ мекунад. Ин давра додани шарбатоб аз манфиат холӣ набуда, ба ҳосил ҳосил зам мекунад. Ман низ ин усулро бо истифодаи якҷояи нурии минералии «Карбамит» бо поруи маҳаллӣ истифода мекунам. Ин ғизои хубест барои нашъунамо ва ҳосили фаровони картошка.
Мо асосан тухмии навъи «Кардинал» ва « «Пикас» мекорем. Ин навъи тухмиҳо ба обу ҳавои Файзобод мувофиқ аст.
Дигар омили серҳосилии картошказор обмонӣ ва намнок нигоҳ доштани он мебошад. То 80-90 дараҷа намнок нигоҳ доштани майдон ба манфиати кор аст.
Истифодаи таҷрибаи пешқадам ва бо чунин усул картошка парвариш карда ҳар сол боз аз 300 то 400 сентнерӣ ҳосили картошка мегирам. Обу ҳавои имсола барои деҳқонон номусоид омад. Ҳаво нисбати солҳои пеш хеле гарм шуд. Гармии ҳаворо дида ба картошказор рӯз дар миён об монда, намнокиро нигоҳ доштем. Ҳамин буд, ки ҳосили картошкаи мо нисбати порсола зиёд шуда ба беш аз 500 сентнерӣ расид. Муовини аввали раиси ноҳия Достзода Мансур Тағой ва сардори шуъбаи кишоварзӣ Шамсулло Абдуназаровро ҳосили ба даст овардаи моро дида бовар карданд, ки дар минтақаи поёни ноҳия ҳам чунин ҳосили баландро гирифтан мумкин аст.
Исматулло деҳқони асил аст. Меҳнату ҳосили бадастовардаи имсолаи ӯро дар соҳаи боғдорию ғаллакорӣ, алалхусус картошкапарварӣ дида ба хулоса омадем, ки таҷрибаи ӯ боиси омӯзиш аст. Истифодаи таҷрибаи чунин деҳқонон имкон медиҳад, ки соҳаи картошкапарварӣ сол то сол рушд ёбад.
.
Т. СОҲИБНАЗАРОВ, «НФ».