Вс11242024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

НОШУКРӢ НАБОЯД КАРД АЗ ИН ДИЁР

 

  "ҚАҲРАМОН"-И  ФИЛМИ «БОЗГАШТ АЗ ҶАҲАННАМ»  ИН ГУФТАРО СОБИТ КАРД

Ҳамарӯза ҷомеаи мо ба пешравиҳои  назаррас ноил гардида истодааст. Илму техника дар ҳоли рушди босуръат мебошад. Агар ба таръихи ҳаёти инсоният назар намоем, маълум мегардад, ки инсон барои як амалро иҷро намудан ба чӣ гуна мушкилиҳои тоқатфарсо рӯ ба рӯ мешуд. Барои мисол: барои аз як ҷой то ба ҷойи дигар рафтан, сару либос,  аз ҳоли якдигар бохабар будан, пайдо намудани хурока,  маҳали зист барин мушкилиҳо  пеш меомад.

Имрӯз бошад чӣ ? Техника   мушкилии аз як ҷой ба ҷойи дигар рафтанро дар фурсати кутоҳ аз  байн бурд,ё барои дидорбинии якдигар таввасути технологияи муосир аз қабили компютер, телефон, интернет метавон и стифода кард. Хушбахтона ҳамаи ин воситаҳои  муоширати таъҷилии   дар боло зикр гардида,  дар кишварамон и стифода мегардад.

Ҳамасола дар минтақаҳои кишварамон сохта ва ба истифодадиҳии  корхонаҳои  саноати вазнину сабук, НБО, фабрика,  ки шумораашон ҳазорҳоро ташкил медиҳад идома дорад. Дар зарфи  27 соли Истиқлолияти давлатии  кишварамон хусусан  ноҳияи Файзобод ба пешравиҳои назаррас ноил гардид

 Мутаассуф ҳастанд ноҷавонмардоне, ки ба қадри ин ҳама ғамхориҳои ҳукумату давлат нарасида  ҳамаи ин пешрафтро нодида мегиранд, «бахту  саодат»- дар малакатҳои ҷангзада дидаву  бо ҳазорон «орзуҳои хом» азми  Сурияву Ироқ  ва кишварҳои Арабитабор мекунанд. Ба он ҷое, ки майдони ҳарбу зарб, ваҳшоният, қатл, ғорат,  авбоши, таҷовуз, ки амалҳои номатлуби инсоният манша гирифта истодааст, ин нобакорҳои худфиреб ҳамроҳи худ зани тоҷик  фарзанди хешро ба майдонҳои ҷангу оташ ҳавола доданд. Ҳамарӯза мо таввассути воситаҳои ахбори дохилию хориҷӣ аз рафти ин даргириҳои хунин, аз қабили  Афғонистон, Покистон, Сурия, Ироқ, Кения, Нигерия ошноӣ пайдо менамоем, ки  чӣ гӯна гуруҳои таъсисдодаи терористию эктримистии ин давлатҳо инсонҳоро мисли ҳайвон қатл мекунанд. Занону кудаконро гаравгон мегиранд.            

Оё он ҷавонҳое, ки имрӯзҳо дар ин кишварҳои ҷангзада иштирок намуда истодаанд дар бораи зани хеш, модари хеш ва ҷигарбандони хеш чизе наандешиданд. Фикр накарданд,ки пас аз марги онҳо зану фарзанди онҳо ба чӣ мушкилиҳо рӯ ба рӯ хоҳанд гашт. Имрӯзҳо зарурате моро пеш меояд, ки то кореро анҷом диҳем, дигар ҷавонони тоҷик мисли он ҷавонони роҳгӯмзада фирефтаи гурӯҳҳои терористию экстримистӣ нашаванд. Ин гурӯҳҳои террористию экстримистии дар кишварҳои ховарӣ миёна, ки бо номҳои давлати исломӣ, Ал-қоида, ҳаракати исломии Узбекистон таъсисёфта  ҳамеша аз неруи динӣ истифода менамоянд, ва дар меҳвари асосии онҳо маҳз ҷавонони гумроҳгаштаи зудбовар қарор дорад, ки имрӯз натиҷаашро  бо чашми сар дида истодаем. Саволе ба миён меояд, ки чаро маҳз ин даргириҳо ва таъсиси ин гурӯҳҳои ҷудоихоҳи террористию экстримистӣ дар кишварҳои арабитабор таъсис дода мешаванду дар кишварҳои аврупоӣ не?

Чунки баъди ҷанги якуми ҷаҳонӣ  кишварҳои Аврупоӣ амал намудани сиёсати ҳизбҳои динӣ истифода менамуданд, ки дар натиҷа чи қадар ҷавонону ноболиғон фирефтаи ин гуруҳо гардида амали онҳо ба ноором гардидани вазъи минтақа оварда расонид. Дар кишварҳои худамон бошад чӣ? Ҳангоми фаъолият доштани   Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аъзоёни он даст ба амалҳои ғайри қобили қабул аз қабили      сохтмони хонаҳои гаронбаҳо, ба айшу ишрат машғул шудан,  ба таҳсили ҷавондухтарону ҷавонписарон дар муассисахои таҳсилоти миёна монеъа шудан  ва ғайраҳоро амалӣ менамуданд, ки  ҳамаи ин аз рӯӣ адолат набуд.

Ва чун фаъолияти онҳо дар кишварамон манъ гардиду ҳамчун ташкилоти  террористию экстремистӣ эътироф шуд, фирор аз кишвар  намуданду ба сиёҳ кардани  ҳукумати кунунӣ пардохтанд.  Вақте филми «Бозгашт аз ҷаҳанам»-ро тавассути телевизион намоиш доданд, симои аслии  роҳбарияту пуштибонҳои  ТТЭ ҲНИТ бори дигар равшан гардид.  Маълум шуд, ки  гуфтору кирдори онҳо як набудааст.   Нияту ормонҳои  саркардагони ин ҳизбро  «қаҳрамон»-и филм Айёмиддин Сатторов , ки яке аз асосгузорони  ҲНИТ будааст  бори  дигар ошкор кард.  Яъне филм асосан он ҷавонони  орзу парастро ҳушдор дод, ки  фирефтаи  ваъдаҳои «осмон»-ии  хоҷагони  наҳзатияшон дигар нашаванду думболи орзуҳои онҳо нагарданд.

Зеро  имрӯз дар кишварамон  озодӣ фароҳам оварда шудаасту ҳамагон дилпурона  умр ба сар бурда истодаем. Пас биёед дар гулгуншукуфоии меҳани хеш саҳмгузор бошем ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои ҷудоихоҳ роҳ надиҳем ва оқибат пушаймон нашавем.

                                                                                 Исроил    Муҳиддинов,                                        рӯзноманигор.