Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ИН ЧӢ ГУРӮҲЕСТ ШАЁТИННАЖОД

Саною ҳамди бепоён Худоро,

Ки сунъаш дар вуҷуд овард моро.

Илоҳо, Қодиро, Парвардигоро,

Каримо, Мунъимо, Омӯрзгоро.

Сулаймони Тамимӣ бобои Муҳаммад ибни Абдулваҳоб хоби ҳавлноке дид, ки аз пушташ оташе берун омад ва ҳамаи дунёро ба оташ кашид ва таъбири муаббирин он буд, ки аз насли ту фарде ба дунё меояд, ки дунёро ба фасод ва табоҳӣ мекашад. Ин ишорае буд ба таваллуди Муҳаммад ибни Абдулваҳоб ва пайдоиши тариқаи ваҳҳобият.

Соли 1111 ҳиҷрӣ Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар арзи Наҷд, ватани Мусаламату Каззоб (паёмбари дурӯғин) ба дунё меояд. Ва Пайғамбар (с) аз ин ҳодиса хабар дода буд: «Дар Наҷд сахтиҳо ва фитна хориҷ мешавад ва он ҷо шохи шайтон берун хоҳад омад».

Миллати тоҷик дар таърихи худ ба ягон мамлакати бегона ҳуҷум накардааст. Аммо аз замони пайдоиши ваҳҳобиён дар охири қарни 20 онҳо мамлакати моро ба хоку хун кашиданд, бо номи ҲНИТ - шиаҳои имрӯз ва ваҳҳобиёни дирӯз. Аммо ваҳҳобиён на ҳизби ислом, балки шайтонӣ мебошанд. Зеро Аҳмади Совӣ мударриси Қуръон (ҳошияи Совӣ ъалал Ҷалолайн, дар ҷилди саввум саҳифаи 308) оварда ваҳҳобиён дурӯғгӯёнанд, ки шайтон бар эшон ғолиб гашта ва зикри Худоро фаромӯш кардаанд. Онҳоро ҳизбушшайтон меноманд. Огоҳ бошед, ки ҳизбушшайтон аз зиёнкоронанд. Аз Худо хоҳонем, ки решаи онҳоро нобуд кунад. Ваҳҳобиён мазҳабро бидъат мешуморанд. Каромоти авлёро қабул надоранд. Вақте аз каромот суҳбат мешавад, мегӯянд, ки ақидаҳои нодуруст аст.

Сардорони ҲНИТ, ки ваҳҳобиён буданд, имрӯз мазҳаби шиаро қабул карда бори дигар мехоҳанд амну суботи моро халалдор намоянд. Далели гуфтаҳои мо қатли сайёҳон мебошад, ки рӯзи 29-уми июл ба вуқӯъ омад. Ваҳҳобиён на танҳо ғайримусалмонон, балки мусалмононе, ки ҳамақидаи онҳо нест мушрику кофар гуфта, қатли онҳоро ҷоиз медонанд. Мақсади онҳо ноором сохтони ҷумҳурӣ ва ба даст овардани маблағ мебошад. Ба хотири маблағ онҳо мазҳаби аҷдодиашонро дар охири қарни 20 ба ваҳҳобият ва дар аввали асри 21 ба ташшайюъ иваз кардаанд.

Аз ҷавонон хоҳиш менамоем, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ин гурӯҳҳо нашаванд. Зеро мазҳаби Абӯҳанифа (р) чароғи умматони Мустафо аз Қуръон, аҳодиси набавӣ, аз одобу ахлоқи саҳобаҳо иборат мебошад.

Ин чӣ тариқ ваҷҳ забун мазҳаб аст,

Не ба забон, балки ба зери лаб аст.

Ин чӣ гурӯҳ аст, шаётиннажод,

Баддилу бадмазҳабу бадэътиқод.

Шамсудин Абдузоидов, эмомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Ҷалолиддини Рӯмӣ.