Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ҲНИТ: АЗ НОМИ ИСЛОМ БАР ЗАРАРИ ИСЛОМ

                                                                                

 

Мақсад аз навиштани ин сатрхо даъвати хамдиёрони азиз, хусусан насли ҷавони кишвар ба эҳтиёт аз як фитнаи навбатӣ мебошад, ки имрӯзҳо ҲНИТ бо амалҳои хеш ҷомеаи суботёфтаи моро ба гирдоби низову бесуботӣ роҳнамоӣ мекунад. Рӯирост ҳамла кардан аз ҷониби аъзоёни ҲНИТ ба сайёҳони хориҷӣ касро ба андеша меорад, ки ин гуна муроҷиати таҳдидомез ба кадом мақсад бошад. Дини мубини ислом ниёз ба ҳеҷ ҳизб надорад. Паёмбари акрам (с) дар ҳадиси шариф фармудаанд, ки уммати ман ба ҳафтоду се гурӯҳ тақсим меёбад, ҳамаи онҳо дар ҷаҳаннаманд ва танҳо яке аз онҳо фирқаи ноҷия аст.

Ҳақиқатан баъд аз вафоти Паёмбари акрам (с) дини ислом ба чандин мазҳаб, равия, фирқа ва гурӯҳҳо қисмат карда шуд. Ибтидо аз мухолифати Ҳазрати Алӣ (р) ва Муовия (р), пайдоиши гурӯҳи хавориҷ Абдуллоҳ ибни Сабо, Муҳаммад ибни Абдулваҳоб то пайдоиши ҳизбҳои сиёсӣ, ки дини исломро моли худ кардаанд ва даъво доранд, ки танҳо онҳо ҳуқуқи аз номи ислом сухан гуфтанро доранду халос. Ҳол он, ки дин новобаста аз ранги пусту гуногунии забон, ба тамоми башарият тааллуқ дорад. Неруи асосие, ки ба онҳо метавон такя кард, ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ ҷавонони ноогоҳ аз дини мубини ислом фирефтаи ин ҳизбу ҳаракатҳо шудаанд, аз ҷумла ҷавонони фиребхӯрда, ки фиреби ин душманони миллати тоҷик ҲНИТ-ро хӯрда ба ватани хеш хиёнат намуд. Боз ба нооромиҳо кашидани Тоҷикистоне, ки акнун зина ба зина аз бумбасти коммуникатсионӣ баромада истодааст. Ба ҷойи он, ки намояндагону пайравони ин ҳизб бо ахлоқи ҳамидаи худ намунаи ибрати насли наврас, ҷавонон, донишҷӯён ва пайравони дини ислом бошанд, баръакс, имрӯзҳо мебинем, ки ба ном роҳбарони ин ҳизб М.Кабирӣ чунин корҳое даст мезананд, ки ақли солим онро дарк намекунад. Давлати Тоҷикистон ба хотири сулҳу амонӣ ба умеди он, ки рӯзе ин хоинони гургсиришт ба табиати одамӣ баргарданд, ба террористони Ҳизби наҳзати исломӣ сеяки ҳукумат, рутбаҳои генераливу полковникӣ дод, нозашонро парварда аз қонуншиканиву ҷиноятҳои онҳо чашм пӯшид. Аммо афсӯс, ки душман, душман будааст, чуноне ки шоир гуфтааст:

Сагеро хуни дил додам, ки бо ман ошно гардад,

Надонистам, ки саг хун мехӯрад хунхор мегардад.

Амали террористии наҳзатиҳо ба сайёҳони хориҷӣ як амали таҳрезишудае буд, ки аз ҷониби ҲНИТ бо дастуру супориш ва маслиҳатҳои хоҷагони хориҷиашон амалӣ гардид. Маълумотҳо мавҷуданд, ки М.Кабирӣ дар давоми фаъолияташ ҳамчун раиси ҳизб чандин гектар замину иншоотро харидорӣ намуда, боз бо нархи гарон фурӯхтааст. Ҳол он, ки онҳо метавонистанд дар кишвар ятимхонаеро бунёд ё мактаберо сохта таъмиру тармим карда кори хайреро анҷом бидиҳанд, лекин чунин амалҳои хайр аз ҷониби ҲНИТ кам ба чашм мерасанд: Ба замми ин ҳамаи ин ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди сохтани ятимхонаҳо, барпо кардани тӯйҳои домодию арӯсӣ, хатнасури кӯдакони камбизоату ятим тибқи талаботи дини ислом шахси мусалмонро бояд хурсанд гардонад, аммо баъзе аз дастандаркорони ҲНИТ ин иқдомҳои пешгирифтаи Ҳукуматро тамасхур карда, таъна мезананд. Айб ҷӯстан хеле осон аст, вале дили озурдаеро бардоштан ва сари ятимеро сила кардан, обод кардан, мардумро сарчамъ кардан корест басо мушкил.

Модоме, ки худро ҳизби сиёсӣ муаррифӣ мекунед, пас чаро намедонед, ки имрӯз чӣ манфиатҳое меҷӯянд абарқудратҳои дунё? Дар давлатҳои мусулмонии Шарқи наздик, ки аксарияти мардум мусалмон аст, бубинед чӣ гуна мусалмонро бар зидди мусалмон шӯрондаанд ва онҳо якдигарро сар буридаву оташ зада истодаанд, ки ин даҳшат аст. Мутаассифона, аз ҷавононе, ки аз асли дини ислом огоҳӣ надоранд дар Сурия ва Ироқ кушта шудаанд, ба ҳамагон маълум аст, ки ҷангҳои Сурия ва Ироқ водии марг аст, ки ҳеҷ кас аз он ҷон ба саломат намебарад. Магар мо дар кишварамон нисбати аҳли оилаамон, хешу таборамон, миллатамон ҳаминро орзу мекунем? Оё фаромӯш кардаем, ки чӣ гуна рӯзҳои талхро мардуми тоҷик аз сар гузаронидааст. Ҳодисаҳо ва равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир нишон дода истодаанд, ки мардум, махсусан ҳизбҳои сиёсии давлатҳо дар ин рӯзҳои ҷаҳонишавӣ дар атрофи сарвари давлатҳои худ ва дастгирии сиёсати ҳукуматҳои худ якдилӣ нишон медиҳанд, аммо ҲНИТ чӣ? Дар рӯзҳое, ки як гурӯҳи ҷавонони гумроҳ бо роҳи фиреб ҷиҳод гуфта ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ ҷалб шуда истодаанд ё баъзе расонаҳои хабарӣ ба муқобили сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Тоҷикистон хабарҳои иғвоангез паҳн менамоянд, аксар аъзоёни ҲНИТ бо онҳо ҳамкорӣ намуда, Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳон доғдор намуданӣ мешаванд. Магар ҳамин аст ватандӯстӣ, ватанпараст будан! Магар ҲНИТ наметавонист изҳороте ба ин воқеаҳо баён намояд? Метавонистанд, аммо онҳо инро барои сарзамини аҷдодиашон раво намебинанд, чунки нияташон дигар аст. Вале набояд фаромӯш кард, ки халқ қувваест  бузург ва он хамеша сафедро аз сиёҳ фарқ мекунад ва ҳеҷ гоҳ ҳеҷ кас ба мақсади бад нахоҳад расид. Ҳақ ба ҷониби шоир Саидост, ки мегӯяд:

Ҳар, ки бо душмании ҳалқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

Абдуҷабор АРИФОВ, эмомхатиби масҷиди ҷомеъи деҳаи  Фатҳобод.