САҲИФАИ АСОСӢ
ҲНИ ҲИЗБИ ЭКСТРЕМИСТӢ-ТЕРРОРИСТӢ
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 27 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1277
Ташкилоти экстримистию террористии ҲНИ беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон амал кард. Ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта ба иқрори худи масъулини ин ҳизби маъншуда, наҳзатиён мавзӯи сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба давлати динӣ дар ҷомеа матраҳ мекарданд. Баъди муноқишаҳои дохилӣ ин ҳизб парлумонӣ гардид, вале сиёҳдилии онҳоро мардум дарк карданд, ки билохира ҳизби наҳзат шикаст хурд. Сенарияи баъзе кишварҳои хориҷӣ оиди ташкили табадулот тавассути неруҳои харобкори ифротӣ дар Тоҷикистон татбиқ нагардид.
ТЕРРОРИЗМ ВА ТЕРРОРИСТ - ДУШМАНИ МИЛЛАТ.
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 27 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1269
Терроризм имрӯз дар ҷаҳони муосир доман паҳн кардааст, ки мақсади ягонааш халалдор намудани ҳаёти осоиштаи мардум мебошад.
Терроризм чун рӯйдоди хавфноку мушкил дар замони муосир ба ҷомеаи инсонӣ дар баробари фишору ҳамлаҳои психологӣ, инчунин хисороти молию маънавиро низ ба миён оварда, нобоварию бадбиниро нисбати гурӯҳҳои иҷтимоию миёни кишварҳо тавлид менамояд.
Имрӯз ҳизби наҳзати ислом дар хориҷ ва дохили кишвар чунин амалро таҳти роҳбарии пешвои гурезаашон Муҳиддин Кабирӣ ба душ дорад, ки мехоҳад ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷикро халалдор намояд.
Мардуми тоҷик аллакай дӯстро аз душман ҷудо намудааст ва фирефтаи чунин шахсони бадхоҳи миллат намешаванд, гарчанде ки Муҳиддин Кабирӣ дар расонаҳои хабарӣ иғвоҳои зиёдро мебардорад.
Дар чанд соли охир терроризм чун проблема дар ҷаҳони муосир доман паҳн намуда, он сол то сол дар амалисозии ниятҳои нопокашон ҳатто аз техникаву технологияи муосир истифода мебарад.
Дараҷаи хатар, ки терроризм дорад, кишварҳои абарқудратро водор намудааст, ки қонунҳо қабул намоянд то ба онҳо имкони амалиёт надиҳанд.
Аз ҷумла Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар масъалаи мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм бетараф нест.
Коллективи омӯзгорони муассисаи рақами 10 низ доири ин масъала мавқеи роҳбарияти кишварро пурра дастгирӣ намуда, ба фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун ҳамчун ҳизби террористӣ баҳо мегузорад.. Пас аз тамошои филмпораҳо даҳшати кори нопоки террористон ба мо бори дигар аён шуд.
Бори дигар мо амалҳои нопоки терроризм ва эктремизмро маҳкум менамоем. Мо набояд фирефтаи ваъдаҳои ин гурӯҳҳои шайтон шавем ва мо то ҷон дар рамақ дорем, бар зидди террористону ифротгароён муборизаи беамон мебарем, зеро онҳо душманони аҳли башаранд.
С. Сафар,МТМУ рақами 10
ПЕШАИ ТТЭ ҲНИ ТАНҲО ХИЁНАТКОРИСТ
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 25 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1220
Ибтидои солҳои дуҳазорум ба суханҳои болохонадору аз Худову Расул ҳарф задани роҳбарони ҳизби наҳзати исломро шунида тарафдориашон мекарданд ва касе кас гумон намекард, ки онҳо ба ҷуз террористу экстремист будан дигар касе нестанд. Мо, мардуми ноҳияи Файзобод низ баъди аз чандин қатлу ғоратгарии ин ҳизб даракдор шудан аз кӣ будану чӣ кора будани онҳо шинос шудем. Фаҳмидем, ки онҳо на барои ободии кишвари азизамон кӯшиш мекунанд, балки думболи манфиятҳои ифлоси худ медаванд.
КАБИРӢ-МАНФИАТТАЛАБЕ ДАР ХИРҚАИ ИСЛОМ
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 25 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1276
Дин новбаста аз ранги пусту гуногунии забон ба тамоми башарият тааллуқ дорад. Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯза бадхоҳону манфиатталабон аз сустиродагиву ноогоҳии ҷавонон истифода бурда, тавассути ҷилва додани арзишҳои динӣ онҳоро ба гирдоби найрангҳои худ мекашанд.
ХИЁНАТИ НАҲЗАТИҲОИ ТЕРРОРИСТ
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 21 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1339
Ба ҳамагон маълум аст, ки бисёр кишварҳои олам тавассути роҳандозии барномаҳои мушаххас ба пешрафту тараққӣ ноил шудаанд ва фарҳангу маданияти худро дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардаанд. Кишвари азизамон Тоҷикистон низ тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол рушду тараққӣ карда, дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯ ва эътибори баландро касб намуда истодааст ва имрӯз Тоҷикистон яке аз давлатҳои орому осуда ба ҳисоб меравад.
АЗ КӮЛБОРИ ГАДОӢ ТО ДАЪВОИ ПОДШОҲӢ
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 20 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1255
Пешвози меҳмонон аз ҷониби мизбонони «аврупоишуда», «занталоқ»-и наҳзатӣ, «занозанак»-и тоҷикӣ, «паймон»-и паймоншикастагон (ё эътилофи бузакон?) ва як… такка…
КАБИРӢ ДАР ПАЙМОНИ ХУД ТАНҲО ХОҲАД МОНД!
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 19 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1271
Чи тавре огоҳӣ дорем, аз сӯи ба ном гурӯҳҳои мухолифу дар асл ифротиву террористӣ гуруҳи наве бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” бо дастгирии чанд кишвар дар нишасти дафтари ҳуқуқи башари САҲА дар шаҳри Варшава таъсис дода шудааст. Аз номи гуруҳи мазкур маълум аст, ки чун ташкилоти террористии ҲНИ ва хоҷагони хушбурути хориҷии онҳо дигар аз овардани номи “ислом” мардумро ба сӯи гумроҳӣ бурда наметавонанд, акнун талош баҳри он мекунанд, ки бо «либоси нав» дар бадани куҳна ва талаботҳои нав мисли “озодӣ” ва “демократия” мехоҳанд аз нав худро ба ҳамватанон наздиктар намоянд.
АҶАМ НОМЗАДИ УСТОДИ ВАРЗИШ ШУД
- Подробности
- Категория: ВАРЗИШ
- Опубликовано 19 Сентябрь 2018
- Просмотров: 3299
Дар рӯзҳои таҷлили Истиқлолияти давлатии кишвар бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар шаҳри Душанбе, пойтахти мамлакат мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ бо иштироки варзишгарони шинохтаи кишвар, дастаҳои варзишии шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои давлатии варзишии ҷумҳурӣ миёни ҷавонону наврасон дар нуҳ вазн доир гардид.
АЗ ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 19 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1369
(ГУЗОРИШ АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР НОҲИЯ)
Тоҷикистони азизи мо 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро ҷашн гирифт. Дар назди таърих се даҳсола чандон муҳлати тӯлонӣ нест. Аммо дастовардҳои бузурги таърихии мардуми заҳматкаши моро тайи ин муддат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибгардида, баробар ба чандин даҳсолаҳост.