ВОКУНИШ
КАБИРӢ-МАНФИАТТАЛАБЕ ДАР ХИРҚАИ ИСЛОМ
- Подробности
- Опубликовано 25.09.2018 11:42
Дин новбаста аз ранги пусту гуногунии забон ба тамоми башарият тааллуқ дорад. Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯза бадхоҳону манфиатталабон аз сустиродагиву ноогоҳии ҷавонон истифода бурда, тавассути ҷилва додани арзишҳои динӣ онҳоро ба гирдоби найрангҳои худ мекашанд.
Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад.
Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни мардум чизи дигар нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии Ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша карданд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоханд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Бо чашмони хеш мебинем, ки роҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ ба корҳое даст мезанад, ки ба ақли инсонӣ рост намеояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сулҳу амонӣ, ба умеде, ки ин хоинони одамсурату гургсиришт ба табиати одамӣ баргарданд, ба террористони Ҳизби наҳзати исломи рутбаҳои генераливу полковникӣ дод, аз ҷиноятҳову қонуншиканиҳояшон чашм пӯшид. Муҳиддин Кабирӣ дар тӯли фаъолияташ чандин заминҳову корхонаҳо, манзилҳои истиқоматиро гирифта бо нархи гарон фурӯхтааст. Ҳол он ки ба ҷои онҳо метавонист ягон ятимхонаро бунёд намояд.
Ӯҳеҷ гоҳ чунин кори хайрро намекунад. Зеро ботинан сиёҳдилу ғаразҷуву хиёнаткор ва вайронкунандаи Тоҷикистон аст.
М. Содиқов
директори МТМУ №1.