Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ПЕШАИ ТТЭ ҲНИ ТАНҲО ХИЁНАТКОРИСТ

Ибтидои солҳои дуҳазорум ба суханҳои болохонадору аз Худову Расул ҳарф задани роҳбарони ҳизби наҳзати исломро  шунида тарафдориашон мекарданд ва касе кас гумон намекард, ки онҳо  ба ҷуз   террористу экстремист  будан дигар  касе нестанд.  Мо, мардуми ноҳияи Файзобод низ баъди аз чандин қатлу ғоратгарии ин ҳизб даракдор шудан аз кӣ будану чӣ кора будани  онҳо шинос шудем. Фаҳмидем, ки онҳо на барои ободии кишвари азизамон кӯшиш мекунанд,  балки думболи  манфиятҳои ифлоси худ медаванд.

Онҳо бештар дар атрофи худ ҷавонони гумроҳро ҷалб намуда бо маблағҳое, ки ба роҳбаронашон аз давлатҳои хориҷӣ мегирифтанд, он бечораҳоро  фиреб медоданд. Дар дохили кишвар бо ақидаҳои ифлоси худ мардумро ноором менамуданд.

Ҳолатҳое мешуд, ки баъзе аз ин  ҷавонони гумроҳ  суханҳои ноҷо гуфта ақидаҳои Ҳизби Наҳзати Исломро ба дигарон таблиғ кардан мехостанд.

Он замон  ба ҷомеа   назар карда  мушоҳида менамудем, ки    ҷавоне, ки саводи казоӣ надорад,  риш мондаву  ба дигарон писханд  зада аз худ мулло метарошид  ба ақидаи ҳароми худ чандин ҷавони  ноогоҳи дигарро олуда месохт.    Ақидаҳои ин ҳизби иғвогар ба ҷавонон бисёр таъсири манфӣ мерасонд.

Амали носавоби ин ҳизби ҷаллод, ки чандин корҳоро бо супориши хоҷагони худ амалӣ намудааст, ба киҳо зарар мерасонад? Албатта, ба насли ҷавони  тоҷик. Аз   рафтору гуфтори  нопоки   аъзоёни ин ҳизб шумораи зиёди ҷавонони муҳоҷир, ки дар Россия  муҳоҷиранд азоб мекашанд.

Ҳол онки  дар Руссия даҳҳо ҷавонони мо бо рафтору муносибати худ соҳибэҳтиром шудаанд.

 Ба наздикӣ дар Россия фарзандони модари тоҷик духтарчаеро аз даҳони саге, ки раги гардани он духтарро канда буд, халос карданд. Писаре раги кандашудаи гардани он духтаракро дошта ба беморхона мебарад, табибон онро медӯзанд ва ба он писар мегӯянд, ки агар ин корро шумо намекардед,   духтарча ба ҳалокат мерасид. Падараш корманди  ҳарбӣ будааст.

Вақте ки инро аз забони духтурон мешунавад, аз чашмонаш ашк мерезад ва ба он писар ва ба мардуми Тоҷикистон аз оинаи ҷаҳоннамо мегӯяд, ки ман намедонам ба ин мардуми заҳматпеша чӣ гуна изҳори ташаккур баён намоям.

Ман як духтар доштам, агар ин кори хайр аз тарафи онҳо иҷро карда намешуд, духтарамро аз даст медодам. Ба ҳама муроҷиат мекунад, ки мардуми Тоҷикистонро ҳамеша эҳтиром намоед. Ин мардум таърихи бой
доранд ва меҳрубон мебошанд.

Ана ин аст  ифтихори миллати тоҷик бо ҷавонони фарзонааш. Зиҳӣ модаре, ки чунин фарзонаҳоро   ба дунё овардааст.

Аммо боз  модари тоҷик фарзандеро ба дунё овардааст, ки ба   модару   Ватанаш хиёнат кардааст.  Ин шахс роҳбари ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ мебошад, ки ҳатто дар ҷанозаи модараш наомад.

Яъне пешаи ҲНИ танҳо хиёнаткорист.

М. Муллоев,

МТМУ №7.