Вс11242024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

«ПАЙМОНИ МИЛЛӢ» БОЗ ЯК ФИРЕБИ НАҲЗАТИЁН АСТ

Дар рӯзҳои  нахустини оғози кори машварати навбатии   Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони  САҲА бо ташаббуси ташкилоти экстремистию террористии  «Ҳизби наҳзати исломӣ» дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон  гуруҳе таъсис ёфт, ки ба худ номи  «Паймони миллӣ»-ро гирифт.

Паймони мазкурро онҳое таъсису ташкил карданд, ки қаблан узви   ҳизби наҳзати исломӣ, анҷумани озодандешон, ҷунбиши ислоҳоти иқтисодӣ ва рушд ва  анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна буданду тайи солҳои таъсисашон чун созмонҳои бадкору бадхоҳи  Тоҷикистон  равғани дасти хоҷагони хориҷияшонро лесида-лесида  бо пулу моли онҳо даст ба  хиёнатҳо мезаданд.  Ва имрӯз мехоҳанд  бо либоси нав зуҳур карда, нафси  одаткардаи хешро бо маблағҳои  онҳо  қонеъ гардонанду мардумро бо роҳи фиреб баранд.   


  Роҳбарияти «Паймони   миллии Тоҷикистон»  бо  таъсиси гуруҳи худ бо  ин ном    мехоҳанд барои  амали намудани   ақидаҳои манфуронаашон чи дар дохил  ва чӣ дар хориҷи  кишвар чун худ  хоину ватанфурўш, ки  на паймон доранду на миллату давлат ҷалб намоянд. Пӯшида нест, ки ин дафъа ҳам  ҳадафашон  фақат сўзонидани хонаи чанд ҷавони ноогоҳи тоҷику пур кардани кисаҳояшон аз маблағҳои хоҷагони  ришакии хориҷӣ мебошад.

 Бале онҳо боз ҳамон наҳзатиёну думравони онҳоянд, ки  паймони нав таъсис дода бо иваз кардани номашон  воқеъоти солҳо навадумро  такрор намоянд. Аммо  онҳо фаромӯш кардаанд, ки даигар  имрӯз касе ба сухану  паймону гуруҳи онҳо  бовару эътимоду эътиқод надоранд.

  Зеро мардуми кишвар  дид, ки  наҳзат чун сӣ фоизи роҳбарияти ҳукуматро ихтиёрдорӣ кард, ба чи корҳо машғул шуду чӣ амалҳои  зиштро ба анҷом расонд.  Акнун ҳамагон медонанд, ки  таъсиси  паймон аз тарафи роҳбарияти  ТТЭ ҲНИ танҳо  назарфиребию рупӯш кардани ҳамаи ҷиноятҳои  содир намуда ва дар ҷомаи нав печонидани худ  аст.

Охир ба ақли кас рост намеояд, ки  чи тавр ашхосе ки   берун аз Тоҷикистон қарор доранд, чи тавр дар бораи  рушду пешравии Тоҷикистон ҳарф мезанад. Бо кӣ ва барои чӣ паймон  мебанданд?!

Дар сурате, ки Тоҷикистон бе паймони онҳо ру ба пешравӣ дорад!

Имрӯз дар саросари олам ҳама мардум медонанд, ки  миллати тоҷик   бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳам Паймони бародарию созандагӣ  баставу баҳри як порчагиву ободиву пешрафти он  27 сол боз ба ин Паймон содиқанд

   Маҳз ана ҳамин Паймони садоқат буд, ки  танҳо дар рӯзҳои таҷлил аз 27 солагии Истиқлолияти  давлатии кишвар садҳо иншоотҳои  хурду бузург  дар Тоҷикистон бунёд ёфт.

Ана ин аст  Паймони  ҳақиқӣ, ҷовидона ва  устувори миллати тоҷик!

            Кас шак ба Паймони миллии ТТЭ ҲНИ ва пайравонаш меорад, ки  чи гуна ва бо киҳо паймон мекарда бошанд?!

Охир  он ҳама  бадбахтиҳоеро, ки  боиси   ашки ҷонсӯзи  модарони тоҷик  гардида буд, сабабгораш магар ҳамин яке аз роҳбарони Паймони нав  Муҳиддин Кабирӣ ва дигар   думравонашон набуданд?. Ҷанги шаҳрвандӣ маҳз бо супориши ҳизби наҳзат  сар назада буд? Онҳое, ки  хиёнат бар Ватану модари худ карда ва имрӯз ҳам мехоҳанд номардона  Ватани осудаи моро дар  чашми хориҷиён нотинҷ нишон  диҳанд, чи гуна  Паймон месохта бошанд?!

  Имрӯз ҳамагон медонанд, ки ҳизби наҳзат дар Тоҷикистон  ҳамчун ташкилоти экстремистӣ- террористӣ эълон гардидааст ва роҳбарону алоқамандони ин ҳизби мамнӯи ба ном динии наҳзат, махсусан роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконашон ҳамчун террорист шинохта шудаанд. Аммо  роҳбарони САҲА, ки  доим даъвои мубориза алайҳи  экстремизм ва терроризм мекунанд айни ҳол ба , экстремистон ва террористон паҳлуи ҳам нишаста минбару  баландгӯяк медиҳанд ва ин  сиёсати дугонаи  ин созмони байналмиллалӣ касро  ба андеша мебарад.

Маҳз  бо айби Кабириҳо барин инсонҳо  Тоҷикистон  оғӯштаи хоку хун гашта буд ва барои исботи ин ҳазорон далелҳо мавҷуд аст. Аз ин хотир бояд комиссияи босалоҳияте дар САҲА таъсис ёфтаву   ҳақиқати рӯзро  бипазирад ва  мардона зидди  созандагону  роҳбарони чунин  паймонҳои дуруғин садои қатъӣ баланд намояд.

С. Шаҳдрез,

сокини ноҳияи Файзобод