Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

КАБИРӢ ДАР ПАЙМОНИ ХУД ТАНҲО ХОҲАД МОНД!

Чи тавре огоҳӣ  дорем, аз сӯи ба ном гурӯҳҳои мухолифу  дар асл ифротиву террористӣ гуруҳи  наве бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” бо дастгирии чанд кишвар   дар нишасти дафтари ҳуқуқи башари САҲА дар шаҳри Варшава таъсис дода шудааст. Аз номи гуруҳи  мазкур маълум аст, ки чун ташкилоти террористии ҲНИ ва хоҷагони хушбурути  хориҷии онҳо  дигар аз овардани  номи  “ислом” мардумро ба сӯи гумроҳӣ  бурда наметавонанд, акнун  талош баҳри он мекунанд, ки бо «либоси  нав» дар бадани куҳна ва талаботҳои нав мисли  “озодӣ” ва “демократия” мехоҳанд аз нав худро  ба ҳамватанон наздиктар намоянд.

Зеро бо овардани  ибораҳои «озодии виҷдон» ва «озодии пайравӣ ба дин» ба  манфиатҳои худ фаъол бошанд. Ба ин васила  кӯшиши онро мекунанд, вазъияти сиёсиро  бо таҳриф сохтани аҳкоми дини мубини ислом  ва бо истифода кардан    аз озодиҳои шаҳрвандон вазъи дохилиро аз нав дигаргун созанд. Онҳо хуб медонганд, ки  зиндагии осудаи халқ ба манфиати аъзоёни  ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ ҳаргиз рост намеомад. Зеро аз азал асоси  фаъолиятҳои тахрибкоронаи ин ҷараёни тундгаро  маҳз аз нооромсозии ҷомеа ва ба ин восила дастрас намудани маблағҳои калони шофбурутҳои  хоҷагони хориҷӣ мебошад. Пӯшида нест, ки новобаста аз чандин гузаштҳои нисбати онҳо эълон намудаи роҳбарияти кишварамон аз ҷумла додани  мансабҳои давлатӣ ба аъзоёну пайравони ТЭТ ҲНИ боз ҳам ин ношукрбандаҳо  дасти хешро  аз хиёнату ҷинояткорӣ ҳеҷ бардоштанӣ  нестанд.

Чӣ тавре дар халамон мегӯянд : «…офтобро бо доман пўшида намешавад»-у айни ҳол .  ҳамагон  медонанд, ки ташкилоти экстремистӣ — террористии ҲНИ бо роҳбарии Кабирӣ чӣ шахсияте ҳастанду  чӣ ниятеро амалӣ сохтан доранд. Вале ба ҳамаи ин амалҳои эшон дидаю дониста мутаассуф   баъзе давлатҳои ба мо дар ҳамсоягӣ қарор дошта  ва созмонҳои байналмилалӣ чун  дафтари Ҳуқуқи башари САҲА наҳзатиёну думликонҳои онҳоро пуштибонӣ, роҳнамоӣ ва ҳидоят мекунанд.

Бояд хотир рас шуд, ки аз  ҷониби чунин  давлатҳодар ҳамсоягӣ қарордоштаву  ҳамзабон ва созмонҳои    байналмилалии мислашро дар боло оварда  дастгириву  пуштибонӣ гардидани  террористони наҳзатӣ худ  амалест беандеша, зеро рӯзе фаро хоҳад расид, ки террори ин хоинони миллат   муқобили худи ин давлатҳо равона шавад.

Террористони наҳзатӣ боз бо истифода аз услуби доимии худ  мехоҳанд  мардуми тоҷикро аз нав ба доми фиреб  кашида, зиндагии ободи ҳамватанони моро ноором намоянд.

Ҳол онки таърих худ гувоҳ аст, ки бо айби ана ҳамин «ватандўстон», ки дар замирашон  заррае меҳру муҳаббат ба Ватан надоранду   миллату Ватани азизу маҳбубамон қариб ба  нобудӣ мерасониданд.

Онҳо озодандеширо дар сиёҳу  бадномкунии роҳбарон, ва  аз онҳо талаби  истеъфо  карданро дида, худро ҳомию дилсўзи Ватану роҳбарашонро  мардумпарвар эълон намуданд. Ҳамин буд, ки  оммаро ба қонуншиканиву    бетартибиҳо даъват  намуда, Тоҷики стонро  ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.

Бо айби ана ҳамин «ватанхоҳону ҳомиёни истиқлолият» кишварамон оғўштаи хун гардид. Садҳо ҳамватани  бегуноҳамон ба ҳалокат расидаву иқтисодиёти кишварамон харобу валангор ва дастгоҳи давлатдориамон фалаҷ гардид.

Хушбахтона, чун айни ҳол  мардуми азиятдидаи миллати тоҷик рӯзҳои сахти ҷанги  шаҳрвандиро, ки бо айбу гуноҳи ана ҳамин хоинони «ватандори ватанфурўш» сар зада буд, аз ёдҳо фаромӯш накардаанд ва хубро аз бад фарқ кардаву  медонанд, ки  хайрхоҳу дилсўзашон кист.

Агар ин «ватанхоҳону ҳомиёни соҳибватанӣ» воқеан ватандӯсту  ватанпарвар мебуданд, бо ҳидояти    маърифати баланди гузаштагонамон  даҳҳо километр  дур дар як кишвари бегона боз забон ба бадномкунии  ҳамватанони хеш во намекарданд..

Ошкоро бояд бигӯем, ки   пиёда кардани нақшаҳои   навбатии худро ин бетамизони ватанфурӯш ки бо ҳидояти хоҷагони хориҷияшон  мехоҳанд боз кишвари моро ба суи бетартибиҳо кашанд ва ба миллату Ватан ба ҷуз бадбахтӣ чизи дигаре намеорад, нахоҳанд расид.

Имрӯз сокинони  Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки мақсади нафарони дар атрофи Кабирӣ  ҷамъшуда танҳо ва танҳо ба хотири ба даст овардани маблағу  дар ғурбат соҳибном шудан аст.    Шармсор шудани  Кабирӣ ва думликонҳояшон  дар ҷаласаи навбатии САҲА бозгӯи он аст, ки дигар ягон гуруҳу паймону ташкилот наметавонад ин тоифаро  бо мардум наздик созад. Фаро хоҳад расид, рӯзе, ки Кабирӣ  дар паймони нави худ танҳову танҳо хоҳад монд. Ин рӯз он қадар дур нест!

Р. Ховарӣ.