САҲИФАИ АСОСӢ
ХАБАРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 08 Октябрь 2018
- Просмотров: 1359
1 октябри соли ҷорӣ Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум баргузор гардид. Аз шумораи 40 нафар вакилони халқ 36 нафар дар кори иҷлосия иштирок намуданд. Ба иҷлосия кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия фаъолиятдошта даъват шуда буданд. Бо таклифи вакил аз ҳавзаи интихоботии Саричинор №23, Низомиддини Шамсиён котиботи иҷлосия дар ҳайати се нафар: вакил аз ҳавзаи интихоботии № 36 Абдуназаров Шамсулло, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 24 Ҷалилов Маҳмадалӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 8 Каримзода Манучеҳр интихоб гардиданд.
Табрикоти раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷабзода Миралӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 08 Октябрь 2018
- Просмотров: 1267
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳар сол 5-уми октябр мардуми шарафманду ватандӯсти мамлакат бо шукргузорӣ аз файзу баракати соҳибистиқлолӣ «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегирад. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шуморо ба ин ҷашни муҳиму муқаддаси миллиамон самимона табрику муборакбод мегӯям.
ТЕРРОРИЗМРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 05 Октябрь 2018
- Просмотров: 1235
Дини ислом дини поку беолоиш аст. Аммо мутаассифона ба кадоме аз шабакаҳои интернетӣ надароем, оиди дини ислом, мазҳабҳои он сухан меравад. Ончунон сухан меравад, ки гӯё мо дар асрҳои 6-7 қарор дошта бошем.
ТТЭ ҲНИ-ҲИЗБИ ХОИНОНИ ВАТАН
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 05 Октябрь 2018
- Просмотров: 1256
Рӯз ба рӯз симои разилонаву манфури хоинони миллати тоҷик, аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ - террористии Ҳизби наҳзати исломӣ рӯи об баромада истодааст. Бешак, ҳамагон огоҳанд, ки ошкорову пинҳонӣ хоҷагони зархарид ҳавои софу беғубори моро бо хиёнатҳои наҳсу палиди худ ғуборолуд кардан мехоҳанд. Исботи ин гуфтаҳо рафтори ношоиста ва содир шудани амалиёти мусаллаҳонаи генерали хоин - Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода 3-4-уми сентябри соли 2015, бо супориши қорӣ Носир ном шахс, узви фаъоли ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, сурат гирифтани ҳамлаҳои ноҷавонмардона ба сайёҳони хориҷӣ дар рӯзи 29-уми июли соли ҷорӣ ва садҳо амалҳои бешармонаю хоинонаи аъзоёни ҳизби номбурда мебошад.
ТАРСАМ НАРАСӢ БА КАЪБА ЭЙ АЪРОБӢ...
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 03 Октябрь 2018
- Просмотров: 1265
Дар китоби Калимуллоҳ омадааст, ки «Дурӯғ гуфтан торикии имон аст». Умри дурӯғ кӯтоҳ аст, ки гӯяндаашро дер ё зуд шармандаи ду олам месозад. Аз мушоҳидаҳо онҳое бештар дурӯғ мегуянд, ки зимомадори вақт, ҷодагузор, худотарс, ҳаҷкарда ҳастанд. Ин тоифа дурӯғашонро «Ба номи Аллоҳ», «Худо занад», «Ба имонам қасам», «Ба зану фарзандам қасам» «рост» кардан мехоҳанд. Ин касалӣ ба толибилми мактаб таъсир кардааст, ки ба андак кор қасам мехӯранд.
ТЕРРОРИЗМ –ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОК
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 02 Октябрь 2018
- Просмотров: 1178
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси олӣ доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки аср – терроризм ва экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир ва рӯз аз рӯз густариш пайдо кардани он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
МАРДЕ БУД САРБАЛАНД
- Подробности
- Категория: АЗ ҚАЪРИ ТАЪРИХ
- Опубликовано 02 Октябрь 2018
- Просмотров: 1551
Гӯё дирӯзакак буд, ки ин марди озодапӯшро дар кӯчаи марказии шаҳрак қадамзанон медидем. Ӯ бисёр вақт ба чойхона меомад, соате чанд бо ҳамтоёни худ сари як чойнак чой менишаст, ба қавли худаш «заҳри якдигар мешикаст».
ҲНИ БА ГУМРОҲӢ МЕБАРАД
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 02 Октябрь 2018
- Просмотров: 1276
Бояд ба хуби дарк намоем, ки Ватани азизи мо ба ҳайси як давлати соҳибистиқлол ва соҳибтамаддун дар ҷаҳони имрӯза шинохта шудааст ва ин боиси фахри мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вале мафҳуми дигаре боиси ин хушбахтӣ ва ташвиши мо, тоҷикону ҷаҳониён гаштааст, ҷанги иттилотӣ ва таҳмили ақоиду ҷаҳоншиносии сунъӣ арзи вуҷуд намудаанд, ки ҳадафи аслиашон бо роҳи ташкили инқилоби ранга, роҳандозии нигилизми сиёсӣ ва ташкили низоъҳои нарм дар байни омма, ба даст гирифтани қудрат дар харитаи нави сиёсии ҷаҳон аст.
НАХОҲИ, КИ НАФРИН КУНАНД АЗ ПАСАТ
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 28 Сентябрь 2018
- Просмотров: 1223
Мусаллам аст, ки дар ҷомеа ҳар қадар таассубу хурофоти динӣ-мазҳабӣ зиёд шавад, ҳамон қадар заъфи равонӣ, ахлоқӣ, маданӣ, сиёсӣ-мафкуравӣ ба назар мерасад ва ин падидаи номатлуб андешаи солиму тозаи мардумро вайрон месозад.