ВОКУНИШ
ТАРСАМ НАРАСӢ БА КАЪБА ЭЙ АЪРОБӢ...
- Подробности
- Опубликовано 03.10.2018 11:35
Дар китоби Калимуллоҳ омадааст, ки «Дурӯғ гуфтан торикии имон аст». Умри дурӯғ кӯтоҳ аст, ки гӯяндаашро дер ё зуд шармандаи ду олам месозад. Аз мушоҳидаҳо онҳое бештар дурӯғ мегуянд, ки зимомадори вақт, ҷодагузор, худотарс, ҳаҷкарда ҳастанд. Ин тоифа дурӯғашонро «Ба номи Аллоҳ», «Худо занад», «Ба имонам қасам», «Ба зану фарзандам қасам» «рост» кардан мехоҳанд. Ин касалӣ ба толибилми мактаб таъсир кардааст, ки ба андак кор қасам мехӯранд. Дар китобҳои динию замони воқеӣ оид ба қасаму дурӯғ ривояту қисаҳои зиёде ҳаст. Чанде онҳоро ном мебарем: «Тавбаи Насуҳ»-ҳо, «Қобуснома»-и У. Кайковус, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Султонома»-и Ҳ.В Кошифӣ, «Фазоили аъмол дар ислом», «Насиҳат-ул-мулук»-и М.Ғазлӣ, «Саргузашти Ҳотами Тай» «Бӯстон ва Гулистон»-и Саъдӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ. Чаро нагӯем, ки барои ҳоҷиёни асри XXI мошини хориҷӣ, хонаи замонавӣ, зани дуюму сеюм, боғу замин «муд» шудааст. Хуб мешуд ҳоҷиён аавал ҳаҷнома хонанду аз дурӯғгӯӣ орӣ бошанд.
Кош ҳоҷиёни мо мисли Қориносир, ҳоҷӣ Зубайдулло, ҳоҷӣ Ҳайбулохон, ҳоҷӣ Изатулло, Муллоамиршоҳ, Мулошамсулло, Муллоасомуддин, ҳоҷӣ Ҳадятулло мешуданд, ки дар вохӯриҳояшон бо мардум аз тарбияи ахлоқӣ, меҳнатӣ, созандагӣ, ватандӯстӣ ва тарбияи ҷавонони замон ҳарф мезананд. Имрӯз ҷавонони сустиродаю бефаросат ба ташкилотҳоиэкстремистию ифротӣ шомил шуда ба номи миллати сарбаланду тамадунофари тоҷик иснод меоранд. Ислом ҳеҷ касеро ба хунрезию вайронкорӣ ҳидоят накардааст.
Боре рафиқеро гуфтам: «Чаро ҷавонон ҷиҳод гуфта ба мамлакатҳои бегона рафта (мисли Сурия, Афғонистон ва ғайраҳо) ҷони ширини ҷавонии хешро аз даст медиҳанд?» Ӯ гуфт:- «Зато шаҳид мешаванд». Магар дуруст аст, ки ҷиҳод гуфта хешр қурбони ҷаҳолат кунӣ?
Воқеан, ҷиҳод калимаи арабӣ буда, ҷаҳд кардан аст, яъне ҷаҳди аз бар кардани дониш, созандагӣ, некӣ кардан ба мардуми хеш ва ахиран мамлакати хешро аз душманони ҳам ҷиҳод ҳимоя кардан аст.
Донишмандони комили олами рӯҳонӣ қатлу ғоратро қотеъона маҳкум мекунанд.
Борҳо шунидем ва худ мегӯем, ки масҷид ҷойи тоату ибодат аст, на ҷойи ғайбат, туҳмат, айбмонӣ, гуфтори фаҳш, баланд гап задан, вале баъди анҷоми намоз халтаи гап чунон кушода мешавад, ки ҳисобаш гум.