Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ТТЭ ҲНИ-ҲИЗБИ ХОИНОНИ ВАТАН

Рӯз ба рӯз симои разилонаву манфури хоинони миллати тоҷик, аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ - террористии Ҳизби наҳзати исломӣ рӯи об баромада истодааст. Бешак, ҳамагон огоҳанд, ки ошкорову пинҳонӣ хоҷагони зархарид ҳавои софу беғубори моро бо хиёнатҳои наҳсу палиди худ ғуборолуд кардан мехоҳанд. Исботи ин гуфтаҳо рафтори ношоиста ва содир шудани амалиёти мусаллаҳонаи генерали хоин - Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода 3-4-уми сентябри соли 2015,  бо супориши қорӣ Носир ном шахс, узви фаъоли ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, сурат гирифтани ҳамлаҳои ноҷавонмардона ба сайёҳони хориҷӣ дар рӯзи 29-уми июли соли ҷорӣ ва садҳо амалҳои бешармонаю хоинонаи аъзоёни ҳизби номбурда мебошад.

Ин амалҳои дар боло зикршуда на танҳо ба Тоҷикистони мо, балки дар рӯи ҷаҳон мушкилӣ ба бор меоварад, ки хатарноктаринаш густариши зуҳуроти терроризм мебошад. Терроризм бошад, ба осоиши ҳар як сокини сайёра таҳдид мекунад.

Мутаассифона, аз сабаби иҷро нагардидани уҳдадориҳои падару модарон, таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, навиштаҷотҳову маводҳои чопии дорои хусусиятҳои зӯроварӣ ва шаҳвонидошта баъзе нафарон, бахусус ҷавонон шомили гурӯҳҳои даҳшатафкану аҳриманӣ гардидаанд, ки доғи ватану миллат ва оилаи хеш мебошанд.

Ба мо - сокинони осоиштаи кишвар аз рӯи расонаҳои хабарӣ маълум мешавад, ки садҳо ҷиноятҳои гуногуни вазнин аз ҷониби аъзоёни наҳзати ислом сар задаасту онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Яъне, амалҳои номатлуби аъзоёни ин ҳизб боиси нооромии вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар гардида, ҳатто ба куштори даҳҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳи ҷумҳуриамон алоқаманд гардидаанд. Даст доштан ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ, ки шаби сеюм ва чоруми сентябри соли 2015 дар кишвар ба вуқӯъ пайваст, аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Ҷочикистон нисбат ба Муҳиддин Кабирӣ, Назарзода Ҳалим, Маҳмадалӣ Ҳайит ва ҳаммаслаконаш аз рӯи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд ва аз ҷониби Суди Олӣ моҳиятан баррасӣ гардид, ки мо тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳ шудем.

Аллакай созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба мисли созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Маркази зиддитеррористии ИДМ ва як қатор кишварҳои олам ҳизби наҳзати исломро ҳамчун ҳизб ба ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эълон намудаанд.

Аз рӯи гуфтаҳои боло хитобан ба ин роҳгумзадагони роҳи ҳаёт, ки барои содир намудани рафторҳои разилона ва ҷинояткорона ниқоби дин ба бар намудаанд, гуфтанием, ки Ҳизби наҳзати ислом, ки дар домани хоҷагони хориҷиашон обод шудаанд, бақо надоранд.

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Ман ҳамчун омӯзгор дар баробари таълиму тарбия тамоми чораҳоро меандешам ва намегузорам, ки ба фарзандони меҳнаткашон ягон ҳизб, ташкилот, равия таъсири манфӣ расонад. Дар рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва меҳанпарастӣ тарбия намуданро вазифаи ҷонии худ мешуморам.

И. Мирзоева, омӯзгори фанни 

забон ва адабиёти тоҷик МТМУ №35.