ВОКУНИШ
ТЕРРОРИЗМРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ
- Подробности
- Опубликовано 05.10.2018 15:33
Дини ислом дини поку беолоиш аст. Аммо мутаассифона ба кадоме аз шабакаҳои интернетӣ надароем, оиди дини ислом, мазҳабҳои он сухан меравад. Ончунон сухан меравад, ки гӯё мо дар асрҳои 6-7 қарор дошта бошем.
Имрӯз аксарияти мардум аз суханҳои Қуръони карим бохабаранд ва он мардуми гумроҳ нестанд, ки ба ҳар роҳе, ки мансабталбон мехоҳанд, равона шаванд. Набояд барои манфиатҳои худ шуда, номи дини исломро сиёҳ намоянд. Чаро онҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун суханҳои худро мисли шағоли аз назди шер гурезон ба воситаи шабакаҳои интернетӣ пахш мекунанд?
Мо ҳеҷ гоҳ аз дину оини худ намегузарем, аммо иҷозат ҳам намедиҳем, ки ҳар шахсе, ки хоҳад соҳиби давлату миллати мо гардад. Мо бояд аз ҷанги шаҳрвандии соли 1992-1997 дарси ибрат гирем. Он шахсоне, ки дар сояи ислом пинҳон шуда барои манфиати худ кор мекунанд ва барои ҷайби худро пур намудан, ҳаёти тамоми мардуми Тоҷикистонро дар хатар мегузоранд, набояд дастгирӣ ёбанд. Чунки онҳо ватанфурӯш буданд, ҳастанд ва мемонанд. Онҳо бо суҳанҳои ширин мардумро ба худашон ҷалб менамоянд. Аммо ҷиҳод танҳо дар даврони паёмбар Муҳаммад (с) ҷоиз буд, чунки одамон аз фарзу суннатҳои ислом бохабар набуданд.
Мо бояд фирефтаи чунин суханҳо нашавем. Чаро ҳамон сарватмандоне, ки мехоҳанд дар ватани мо шӯр андозанд, худашон дар чунин ҷангҳо низоъҳо ва ба қавли худашон «ҷиҳодҳо» иштирок намекунанд ва худашонро «шаҳид» дар роҳи ислом намесозанд? Чунки медонанд, ки шахсе, ки ба худкушӣ даст мезанад, даргоҳи ҷаннатро намебинад.
П.ТОИРОВ, директори МТМУ №27.