Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ДАР ҲУЗУРИ МАРДУМ

Бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия, ШВКД, шуъбаи маориф, бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан», бахши муҳоҷират, кор бо занон ва оила, беморхонаи марказӣ, КАТС, Маркази тарзи ҳаёти солим, комиссариати ҳарбӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар ҳудуди маҳаллаҳои ноҳия дар асоси нақшаи муштараки тартибдода вобаста ба мавзӯҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, хизмати Ватан-Модар, паҳлӯҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, тарзи ҳаёти солим, бемориҳои сироятӣ, ВИС/СПИД, сил ва дигар бемориҳо, нашъамандӣ, хариду фурӯши одамон, аз мактаб дур мондани хонандагон, махсусан духтарон, истифодаи самараноки толору майдончаҳои варзишӣ ва марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ миёни ҷавонон ва фаъолону аҳли зиё вохӯриҳо ҷараён дорад.

Тибқи нақша дар нуҳ ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия аз санаи 24-уми сентябр то 29-уми ҳамин моҳ дар соатҳои муайянгардида дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва китобхонаву муассисаҳои таълимии ҷамоатҳо суҳбату вохӯриҳои мазкур гузаронида мешавад. То имрӯз дар ду ҷамоати қисмати поёнии ноҳия вохӯрӣ гузашт. Тавре мудири бахши муҳоҷират Махфират Рашида иброз намуд, «масъулин дар вохӯрӣ дар мавзӯъҳои болозикр маърӯза намуданд. Онҳо ҳар кадоме вобаста ба нодида гирифтани баъзе паҳлӯҳои мушкилоти мазкурва хатари ҷиддӣ доштани оқибатҳои он ба ҷамъомадагон муфассал суҳбат намуданд. Баъд аз анҷоми ҳар баромад миёни иштирокчиён ва намояндагони бахшу ташкилотҳои аъзои суҳбату вохӯриҳои мазкур саволу ҷавоб ҷараён гирифт, ки аксарашон посухҳои қаноатбахш дарёфт намуданд». Ҳамин тавр идомаи вохӯриҳо дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия тибқи нақша ҷараён хоҳад гирифт.

С.ЮНУСЗОДА.