ХАБАРҲО
БА ЗИМИСТОН ОМОДА БОШЕМ
- Подробности
- Опубликовано 28.09.2018 09:36
Дар маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия, ки рӯзи 24 сентябр доир шуд, рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 5 апрели соли 2018, рақами 210 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.
Мудири бахши рушди иқтисод ва савдо Н. Ҷонов оиди масъалаи мазкур баромад намуда, қайд кард, ки тибқи банди 2-и қарори раиси ноҳия нақшаи чорабиниҳо оид ба саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 23 бандро ташкил медиҳад. Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рафти иҷрои нақшаи мазкурро дар ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф,
тандурустӣ ва фарҳанги Ҷамоатҳои деҳоти Мискинобод, Қалъаи дашт ва Чашмасор мавриди санҷиш қарор дод.
Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калони ноҳия башумор рафта, 60 муассисаи таълимӣ, 4 муассисаи томактабӣ ва 21461 нафар хонандаро дар бар мегирад. Аз ин шумора 23 муассисаҳои таълимӣ ба Ҷамоатҳои деҳоти Микинобод, Қалъаи дашт ва Чашмасор рост меояд. Тайёрӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои соҳаи мазкур танҳо дар ҳудуди ин се ҷамоат тибқи нақша 454,7 тонна ангишт ва 167м3 ҳезум дар назар дошта шуда буд. Аммо то санаи 21 сентябри соли ҷорӣ 392 тонна ангишт ва 132м3 ҳезум захира карда шудааст, ки ин нисбат ба нақша 86,2% ангишт ва 79% ҳезумро ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки аз муассисаҳои таълимии дар ҷамоатҳои мазкур фаъолиятдошта 2 адад бо системаи болерӣ ва печҳои аловӣ, 15 адад пурра бо печи аловӣ ва 6 адад пурра бо системаи болерӣ фаъолият дошта, дар онҳо ҳамагӣ 174 адад пеҷи аловӣ дар ҳолати омодабош қарор дода шудаанд, ки дар рӯзҳои наздик дар синфхонаҳо насб карда мешаванд. Масъалаи бехатарии қувваи барқ ва шишабандӣ дар муаасисаҳои таълимии мазкур нисбати солҳои пешин хубтар гардида бошанд ҳам, аммо дар аксарияти муассисаҳо таъминоти рушноии синфхонаҳо нокифоя буда, шишабандӣ пурра бартараф карда нашудааст.
Ҷамоатҳои деҳоти мазкур дар соҳаи тандурустӣ 1 беморхонаи минтақавии дорои 15 кат, 1 маркази Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии минтақавӣ ва дорои 16 Марказу бунгоҳҳои саломатӣ мебошанд. Мувофиқи тайёрӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустии ҳудуди ҷамоатҳои мазкур то имрӯз бояд 65 тонна ангишт ва 29 м3 ҳезум захира карда мешуд. Айни замон дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 91,8 фоиз ё 59,7 тонна ангишт, 122,7 фоиз ё 35,6м3 ҳезум захира карда шуда, аз 3 генератори барқӣ , 1системаи болерӣ (буғхона), 11 гармкунакҳои барқӣ ва 23 адад печҳои аловӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Камбудиҳои соҳа дар давраи омодагиҳо ба зимистонгузаронии солҳои 2018-2019 ин надоштани ҷойҳои нигоҳдории ангишт ва ҳезум дар баъзе бунгоҳҳои саломатӣ, сари вақт омода ва тоза накардани печи буғхонаи беморхонаи минтақавии деҳаи Мискинобод мебошад.
Ҳамчунин дар Ҷамоатҳои деҳоти Мискинобод, Қалъаидашт ва Чашмасор дар соҳаи фарҳанг 7 китобхона ва 2 хонаҳои фарҳанг ба аҳолӣ хизмат расонида, дар он 19 нафар кормандон кор ва фаъолият меномоянд. Тибқи нақшаи тайёрӣ ба мавсими зимистонгузаронии имсола дар муассисаҳои соҳаи фарҳанги ҷамоатҳои мазкур 17,2 тонна ангишт ва 11 м3 ҳезум захира карда шуда, 9 адад печҳои аловӣ ва 4 адад печҳои барқӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд. Боиси қайд аст, ки дар рафти санҷиш маълум шуд, ки аксарияти китобхонаҳои дар ҷамоатҳои деҳот фаъолиятдошта ҷои нигоҳдории ангишт надоранд.
Рафти санҷиш маълум сохт, ки дар ҷамоатҳои деҳоти мазкур дар асоси қарори раиси ноҳия, қарори раисони ҷамоатҳо ба тасвиб расида, нақшаву чорабиниҳо тартиб дода шуда бошад ҳам, аммо ба масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ, хусусан дар Ҷамоатҳои деҳоти Мискинобод ва Чашмасор кам таваҷҷуҳ менамоянд. Маълумотномаҳои ҳармоҳа ҷиҳати ҷамъбасти тайёрӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ба мақомот сари вақт пешниҳод намегардад. Барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ таваҷҷуҳи масъулонро ҷалб намуд.
Ҳамчунин дар маҷлис масъалаи рафти омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат мавриди муҳокима қарор гирифта, фаъолияти аксари раисони ҷамоатҳои деҳот ва раисони маҳаллаву масъулон дар ин самт нокифоя арзёбӣ шуда таъкид гардид, ки масъулон ба таври оҷилӣ сари масъалаи мазкур корҳои заруриро анҷом диҳанд.
Дар хотимаи маҷлис раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ба роҳбарону масъулон бобати корҳои ободонӣ, иҷрои нақшаи андоз, анҷоми корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ғайраҳо дастуру супоришҳо дод.
“НФ”.