САҲИФАИ АСОСӢ
НАҲЗАТИҲОИ МАНФУР
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 22 Ноябрь 2018
- Просмотров: 1353
Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои ташвишовари ҷомеаи ҷаҳонӣ ин густариши равияҳои террористӣ ва экстремистии динӣ мебошад.
РАҚОБАТИ 40 ДАСТА
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 20 Ноябрь 2018
- Просмотров: 1261
Бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии кишвар ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия миёни ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кӯчаву маҳаллаҳои ноҳия мусобиқаи волейбол ва футболи хурд давоми як моҳи охир доир гардид. Дар мусобиқа 40 даста вобаста ба ҳарду намуди сабқат байни ҳам қувваозмоӣ карданд.
МУҲОФИЗОНИ ШУҶОЪ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 20 Ноябрь 2018
- Просмотров: 1294
Шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ШВКД-и ноҳия дар ҳайати 31 нафар қаториён ва ҳайати роҳбарикунанда амал мекунад. Афсарону кормандони далеру чолок ва масъулиятшиноси ниҳоди мазкур пайваста кӯшиш менамоянд, ки вазифаҳои сермасъули хешро содиқона иҷро намоянд.
КОРРУПСИЯ БА АМНИЯТ ТАҲДИД МЕКУНАД
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 20 Ноябрь 2018
- Просмотров: 1317
Коррупсия аз ҷумлаи зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин маҳсуб мешавад, ки амнияти миллии давлатро халалдор менамояд.
БОНУВОН ДАР ҚИЁС БО МАРДОН БЕШТАР СОҲИБҲУНАРИ МАРДУМИАНД
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 20 Ноябрь 2018
- Просмотров: 1421
Ба рӯйхати онҳое, ки ба ҳунарҳои кулолгарӣ, табақтарошӣ, шероздӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, сабадбодфӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, ҷомадӯзӣ, қуроқдӯзӣ шонатарошӣ, навозандагӣ, рассомӣ, рафидадӯзӣ, дегдонсозӣ, чолбанду давридӯзӣ, ресмонбофӣ, ҷӯроббофӣ, сари либоси арӯсӣ, кулчаи калону нони тунуку таҳмолпазӣ, тоқидӯзӣ, намадмолӣ, пахтазанӣ, кандакорӣ ва ғайраҳо машғуланд, назар карда андеша мекунем, ки бонувон бештар ба ҳунарҳои мардумӣ сару кор доранд.
«ҲУСНИ ЮСУФ» БОЯД ЭҲЁ ШАВАД
- Подробности
- Категория: КИШОВАРЗӢ
- Опубликовано 20 Ноябрь 2018
- Просмотров: 1402
Аз нав эҳё кардани навъи себҳои хуштаъми бобоӣ ба монанди пахтасеб, ҳусейнӣ, гулсеб, мирраҷабӣ, хубонӣ, молкӣ, ҳусни Юсуфи зарафшонӣ, арбобназарӣ, себи сурхи тирамоҳӣ, лоласурхак ва чандин навъҳое, ки имрӯз аз байн рафтаанд, аз нав зинда кардани онҳоро тақозои вақт медонем. Ин навъи себҳои ширину хуштаъм аз намуди беруниашон зебо буда, таъми хуш доранд, дар ҷумҳурӣ ва берун аз он серхаридоранд. Рақобати бозор тақозои онро дорад, ки ба ин навъҳои себҳои хуштаъми бобоӣ рӯ биорему парвариши онҳоро хуб ба роҳ монем.
НАВОЮ САДОИ ХУШИ «АНДАЛЕБ»
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 20 Ноябрь 2018
- Просмотров: 1331
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ду сол пас Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ мегузаронанд. Ин чорабинии фарҳангии сатҳи ҷумҳурӣ солҳои ҳафтодум (дар даврони шӯравӣ) «Бӯстон» унвон дошт. Баъд, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, ба «Андалеб» табдил ёфта эҷодиёти халқи тоҷикро ташвиқу тараннум менамояд.
КОНСТИТУТСИЯ РОҲНАМОИ ЗИНДАГӢ
- Подробности
- Категория: ИФТИХОР
- Опубликовано 20 Ноябрь 2018
- Просмотров: 1259
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаҳои ба даст овардани истиқлолият ба қабули Конститутсияи нав, ки ифодакунандаи орзуву омоли истиқлолияти комил бошад, пардохта буд. Зеро Конститутсияи қабулшудаи соли 1978 ба талаботи ҷомеаи баъди шуравӣ, яъне ба талаботҳои истиқлолият ҷавобгӯ набуд. Ҷомеа бе дурнамои инкишофи таърихӣ ва интихоби роҳи аниқи инкишоф пеш рафта наметавонад. Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид карда буд, ки раванди нави таърих ба души давлати соҳибистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккабу масъулиятнок ва вазнин гузошт.
КОНСТИТУТСИЯ – ШОҲКИТОБИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
- Подробности
- Категория: ИФТИХОР
- Опубликовано 20 Ноябрь 2018
- Просмотров: 1279
Дар ҳама давру замонҳо бо зуҳури давлату давлатдорӣ зарурати муайян сохтани сохтор, ба низом овардани муносибатҳои мухталифи табақаҳои иҷтимоии ҷомеа, ҳуқуқу манфиатҳои одамон, тарғиби идеология ва пойдории давлату ҷамъият санаде мураттаб мешуд, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад. Ин санад дар таърих бо унвони Конститутсия эҷод гардид ва то имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад. Тоҷикистон маҳз дар замони истиқлолияти сиёсию давлатӣ бо ибтикор, омӯзиш ва талошҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соҳиби шоҳкитоби давраи истиқлолиятамон – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 23 майи соли 2016 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид. Мо дар зер андешаҳои ду бонуи соҳибиқболи диёрро оиди паҳлуҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меорем.