ИФТИХОР
КОНСТИТУТСИЯ – ШОҲКИТОБИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
- Подробности
- Опубликовано 20.11.2018 14:33
- Автор: Super User
Дар ҳама давру замонҳо бо зуҳури давлату давлатдорӣ зарурати муайян сохтани сохтор, ба низом овардани муносибатҳои мухталифи табақаҳои иҷтимоии ҷомеа, ҳуқуқу манфиатҳои одамон, тарғиби идеология ва пойдории давлату ҷамъият санаде мураттаб мешуд, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад. Ин санад дар таърих бо унвони Конститутсия эҷод гардид ва то имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад. Тоҷикистон маҳз дар замони истиқлолияти сиёсию давлатӣ бо ибтикор, омӯзиш ва талошҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соҳиби шоҳкитоби давраи истиқлолиятамон – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 23 майи соли 2016 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид. Мо дар зер андешаҳои ду бонуи соҳибиқболи диёрро оиди паҳлуҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меорем.
Шоира Чақонова, омӯзгор. Бори 24-ум аст, ки мардуми кишвари соҳибистиқлоламон дар фазои озоди сулҳу осоиш ҷашни қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд менамоянд. Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 тибқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, нишонаи соҳибистиқлолии давлат буда, онро ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва зиёда аз 200 давлати олам Тоҷикистонро ҳамчун Ҷумҳурии мустақилу соҳибэхтиёр эътироф намуд. Дар моддаи 2-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодана истифода кунанд». Дар Конститутсияи нави кишвар бисёр арзишҳои миллию давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, мақому манзалати вижа пайдо карданд ва он аз Конститутсияҳои қаблӣ хело афзалият ҳам дорад. Масалан, бори аввал дар масири таърих баъди садсолаҳо забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ расман эълон гардид ва рамзҳои давлатӣ чун муқаддасоти давлату миллат ба ҳукми қонун шинохта шуд. Умуман, ҳар фарди солимфикри кишвар ҳам вазифадор ва ҳам уҳдадораст, ки омӯзиш, тарғибу ташвиқи мазмун ва моҳияти Конститутсия ва дигар қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии амаликунандаро вазифаи муҳиму масъулиятноки хеш қарор диҳанд. Муҳимтар аз ҳама Конститутсия роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат ва чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз мекунад ва мебарад сӯи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол.
Зикагул Зарифова, ҳуқуқшинос. Дар моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардону занон баробарҳуқуқанд». Дар ҳақиқат Конститутсия яке аз рӯшантарин бахшҳои инъикоскунандаи ҳуқуқҳои занон буда, баробарии онҳоро бо мардон дар фазои ҳуқуқии ҷомеа таъмин мекунад. Вале баъзан бонувони моро бо суиистифода аз ҳолатҳои гуногун, хосса аз номи дини мубини ислом бовар мекунонанд, ки ҷинси мард ҳуқуқҳои бештар дорад, ё мавқеи вай устувортар, вазъи иҷтимоияш баландтар аст. Баъзе занон солҳо фирефтаи гуфтаҳои беасос аз ҳуқуқҳои хеш истифода карда натавониста, мутассифона, худро ҳақиру бечора пиндошта барои ҳимояи ҳуқуқҳояшон иқдом намекунанд. Ин ҳолатҳоро борҳо ман чун ҳимоятчӣ аз арзу шикоятҳои занон дар фаъолияти ҳаррӯзаи кориам мушоҳида менамоям. Оё занони мо ҳуқуқҳои конститутсионии худро истифода карда метавонанд, ё аққалан онҳоро медонанд? Ҳамин хуб надонистани ҳуқуқҳо аст, ки баъзан духтарон никоҳи худро дар мақомоти сабти ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд намегиранд ва дар дар ҳолатҳои пайдо шудани баҳсҳои оилавӣ онҳо сарсону саргардон ва ба мушкилоти зиёде рӯбарӯ мешаванд. Бонувони мо бояд соҳибмаълумот бошанду ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донанд. Зеро ҳуқуқ дар қонуну истифодаю риояаш дар дасти ҳар яки мост.
М.ТАҒОЕВА, хабарнигори «Набзи Файзобод».