ХАБАРҲО
МУҲОФИЗОНИ ШУҶОЪ
- Подробности
- Опубликовано 20.11.2018 14:45
Шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ШВКД-и ноҳия дар ҳайати 31 нафар қаториён ва ҳайати роҳбарикунанда амал мекунад. Афсарону кормандони далеру чолок ва масъулиятшиноси ниҳоди мазкур пайваста кӯшиш менамоянд, ки вазифаҳои сермасъули хешро содиқона иҷро намоянд.
То як сол пеш ин шуъбаи зерсохтори ШВКД дар бинои КВД «Хоҷагии манзили коммуналӣ»-и ноҳия иҷорашин буд. Хушбахтона бо роҳбарии сардори шуъба Каримзода Олим Марзиё дар соли 2017, рӯзи кормандони милитсия ҳайати шахсӣ соҳиби бинои наву замонавӣ гардид. Ҳайати шахсии шуъбаи мазкур пайи иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳамарӯза тибқи нақша ба ҳифзи иншооти муҳофизатшавандаи ноҳия мешитобанд. Дар ин қатор метавон исми Абдуллозода Бахтиёр, Давлаталӣ Абдураҳимов, Ҳайбулло Пиров, Раҳматулло Шарипов, Сафар Зуҳуров, Раҷабалӣ Бобиев ва Табаралӣ Абдураҳмонов ба забон овард, ки эшон пайваста дар иҷрои вазифаҳои хеш содиқанд. Аксари хизматчиёни ниҳоди мазкур афроди хизматнишондодаву соҳибтаҷрибаанд.
Ҷумъаи ҳафтаи гузашта бо ҳайати шахсӣ дар толори маҷлисгоҳи шуъба ҳини дарсхонӣ рӯбарӯ шудем. Фаҳмидем, ки ҳар ҳафта як рӯз ҷиҳати муомилаи хуб бо муроҷиаткунандагон ва омӯзиши дастуру фармонҳои навқабулшуда дар шуъба дарсҳои омӯзишӣ мегузарад. Муовини сардори шуъба Абдуллозода Бахтиёр гуфт, ки вазъи сиёсии ҷаҳону минтақа аз мо талаб мекунад, ки ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти хизматӣ дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизати бинову иншоот, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва волоияти қонун, инчунин сайқал додани дониш, баланд бардоштани малакаю маҳорати касбӣ фаъолияти хешро дучанд намоем.
С. ЮНУСЗОДА, «НФ».