ИҶТИМОЪ
НАВОЮ САДОИ ХУШИ «АНДАЛЕБ»
- Подробности
-
20 Нояб 2018
- Опубликовано 20.11.2018 14:35
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ду сол пас Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ мегузаронанд. Ин чорабинии фарҳангии сатҳи ҷумҳурӣ солҳои ҳафтодум (дар даврони шӯравӣ) «Бӯстон» унвон дошт. Баъд, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, ба «Андалеб» табдил ёфта эҷодиёти халқи тоҷикро ташвиқу тараннум менамояд.
«Андалеб»-и имсола бо барномаи зерин пешниҳод гардидааст: 1. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ; 2. Суруди ҳамсороён (хор); 3. Намоиши сару либоси миллӣ; 4. Навозиши умумӣ; 5. Хониши бадеӣ; 6. Рақси якка; 7. Суруди якка; 8. Навозиши якка бо сози мллӣ; 9. Бадеҳа ё лапар; 10. Суруди анъанавӣ; 11. Суруди ҳаҷвӣ; 12. Порча аз анъанаҳои мардумӣ; 13. Суруд ё рақси халқҳои сокини Тоҷикистон; 14. Сюитаи овозию рақсӣ.
Қариб як моҳ мешавад, ки дар Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова ба даври ҷумҳуриявии фестивал тайёрӣ меравад. Ҳаваскорони санъат, онҳое, ки ҳунари сурудхонию рақскунӣ доранду аз уҳдаи қироати шеър ва нақшофарӣ мебароянд, ба озмун ҷалб шудаанд. Мақсади санъаткорон ҳамин аст, ки бо нишон додани дастовардҳои ҳунарҳои фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар яке аз ҷойҳои ифтихориро соҳиб шаванд.
Бояд бигӯем, ки Файзобод дар фестивал-озмунҳои «Андалеб» мудом фаъол буда, дар қатори шаҳру ноҳияҳои пешсаф ҷой мегиранд. Ҳанӯз соли 1970, вақти барҷо будани Иттифоқи ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ, Файзобод ҳамчун ғолиби азназаргузаронии эҷодиёти бадеии халқ дар байни шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба шаҳри Москва роҳхат гирифт. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақалзода, ки он вақт дар шуъбаи маданият ба сифати ронанда кор мекард, Дӯстмурод Алиев, ки корманди Хонаи маданият буд, ҳамроҳи қариб сад нафар ҳаваскорон ба пойтахти СССР – шаҳри Москва рафта, дар Намоишгоҳи хоҷагии халқи мамлакат баромад карданд. Барномаи ҳунарии ҳаваскорони Файзободро телевизиони Москва намоиш дод. Аз ҳамон сол то кунун, гуфтан мумкин, файзободиҳо дар азназаргузарониҳои озмунӣ пештозанд. Ҳабибулло Мирзошарифов, омӯзгори мактаби санъати ба номи Дӯстмурод Алиев, ки 13 сол мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия буд, ифтихормандона мегӯяд: санъаткорони Файзобод ҳамчун иштирокчии фаъоли фестивал-озмунҳои «Андалеб» тавонистанд, санъати волои ин минтақаро ба аҳли кишвар нишон диҳанд.
Бисёр дур нарафта, аз фестивал-озмунҳои даҳсолаи аввали соҳибистиқлолии кишвар ёд мекунем. Соли 1996 санъаткорони ноҳия ҳамчун ғолиби даври аввали «Андалеб» бо барномаи воқеан тамошобоб дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев ҳунарнамоӣ карданд. Ёдоварии ин чиз ҳам таваҷҷуҳангез аст, ки ба кулли иштирокчиён, бинобар эҳтиёҷоти ҳамондавра, якхалтагию духалтагӣ гандум доданд. Ин кори оқилона бо ташаббуси муовини раиси ҳукумат Нозук Шоазизова амалӣ гардид. Ба ёд овардани «Андалеб - 1998» ҳам хуш аст. Санъаткорони ноҳия ҳамчун ғолиби озмун байни шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ дар толори Кохи киною консерти «Борбад» барномаи тайёркардаи худро дар сатҳи баланд пешкаши тамошобинон гардонда ба чунин баҳои раиси ҳакамон, оҳангсоз Талабхӯҷа Сатторов (равонаш шод бод) сазовор шуданд: «Файзобод макони ҳунару ҳунармандони асил аст. Ман самимона онҳоро табрику таҳният мегӯям».
Намешавад, ки аз «Андалеб-2004» ёд накунем. Давраи ҷамъбасти он барои ноҳияҳои ғолиби даври аввал дар шаҳри Кӯлоб гузашт, ба он хотир, ки 2700-солагии Кӯлоб ҷашн гирифта мешуд. Ин сафари ҳунарии санъаткоронро раиси ноҳия Абдуқодир Давлатов роҳбаладӣ кард. Санъаткорони мо пас аз зиёрати мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар театри тобистонаи дохили боғи шаҳри Кӯлоб барномаи «обутобёфтаи» худро ба намоиш гузошта, тамошобинони ҳунарманду санъатдӯсти Кӯлобро мафтун карданд. Дар «Андалеб»-и онсола Файзобод байни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамроҳи шаҳри Панҷакент мақоми сеюмро соҳиб гардид.
Файзобод дар Фестивал-озмунҳои солҳои 2006-2008 низ ба даври ҷамъбастӣ роҳ ёфта, беҳтаринҳо ба рӯйхати Консерти калон, ки дар Кохи Борбад ва Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барпо гардида буд, ворид шуданд.
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб - 2014» низ хотирмон мебошад. Аз ин хусус ҳаминро гуфтан ҷоиз аст, ки он ба ҷашни 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд. Ва Файзобод ин дафъа ҳам муборакбодии ғолибиятро сазовор гардид.
Қайд кардан зарур медонем, ки дар мавҷудияти фестивал-озмунҳо барои ташкили тайёрии санъаткорони ноҳия, дарёфти чеҳраҳои умедбахши ҳунар арбобони санъати тоҷик Аҳмад Бобоқулов, Хайрулло Абдуллоев, Фаттоҳ Одинаев (руҳашон шод бод), профессор Карим Ҳалим, ҳунарпеша Гавҳар Мирҷумаева саҳми калон гузоштанд.
Онҳое, ки ба ҳунари санъаткорони ноҳия таваҷҷуҳи хоса доранд, умед мебандан, ки «Андалеб-2018» низ барномаи ҷолибу мондагор пешкаш мекунад.
Ҷӯрабек МУМИН.