ВОКУНИШ
ТАРКИ ОДАТ АМРИ МАҲОЛ Ё ЧАРО ҶАВОНОНИ ХОРУҒ АЗ ҶИНОЯТ ДАСТ НАМЕКАШАНД
- Подробности
- Опубликовано 07.11.2018 10:19
Воқеаҳои моҳи охири Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон пайваста дар саргаҳи саҳифаву гурӯҳ ва «пост»-ҳои алоҳидаи истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ қарор дорад. Дар ин миён ба истилоҳ фейкҳои иғвоангез бо мақсади ба миён овардани вазъи номусоид дар минтақа аз паша фил месозанд. Айни ҳол воқеаи шабонарӯзи 4-5 ноябри соли равон бавуқуъпайваста мисли санги осиё аз гурӯҳ ба гурӯҳ, аз даст бадаст дар саҳифаҳои сомонаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад. Чаро ва ба чи хотир?
Аслан чунин аксу навор ё андешаҳои фитнаангезандаро чанд нафар бо номҳои гуногун лаҳза ба лаҳза навсозӣ мекунанд. Бо далели он ки ҷавонони сархушу баҳонаҷӯ барои ташкили тазоҳурот бегуноҳанду маъмури давлатӣ аз мансаби ишғолнамудааш суйистифода мебарад. Шоҳидони ҳодиса дар сомонаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки «Он бегоҳ дар назди тарабхонаи «Варқа», ки соҳибаш Толиб Аёмбеков аст ва он дар маҳаллаи «Турчид»-и УПД шаҳри Хоруғ ҷойгир шудааст, чун ҳамеша мардуми зиёд ҷамъ шуда буд. Дар ин вақт фармондеҳи ОМОН генерал-майор Хуршед Изатулло Муҳаммадзода ҳамроҳи як мошини дигари кормандони ВКД ҶТ ин минтақаро дидбонӣ мекарданд. Вақте аз пеши тарабхона мегузаштанд, яке аз муштариёни тарабхона ба балони мошини ҳамроҳи Муҳаммадзода зада, ба унвони онҳо дашномҳои қабеҳ фиристод. Баъди ин Хуршед Изатулло Муҳаммадзода шишаи мошинашро пойин карда, аз онҳо хост, ки ором шаванд ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон накунанд. Вале рафтори хашмгинона идома ёфт ва сипас чанд нафар ба тарафи мошини генерал ҳаракат карданд. Сипас, Хуршед Изатулло Муҳаммадзода аз мошин баромада, бори дигар аз онҳо хост, ки ором шаванд ва ба мошин наздик нашаванд. Вале 5 ҷавон дар даст ашёҳои номуайян ба тарафи генерал давиданд. Фармондеҳи ОМОН Хуршед Изатулло Муҳаммадзода тибқи талаботи қонун дар бораи дифоъ аз худ аз силоҳи ҷангӣ истифода набурд, ҳарчанд ҳақ дошт, чунки онҳо 5 нафари мусаллаҳ буданд. Ӯ аз силоҳи травматикӣ истифода бурд ва ин ҷавонони сархушро, ки мехостанд корманди давлатро ҳангоми иҷрои вазифааш бадном кунанд, манъ кард».
Аз ин фактҳо метавон танҳо як хулоса баровард, ки бархе ашхос ва аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ хулосаи дуруст набаровардаанд ва ба таҳрик додани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки вазифаи барқарор кардани тартибот дар шаҳри Хоруғро иҷро мекунанд, идома медиҳанд. Ва онҳо мунтазири фурсатанд, то мақомоти қудратиро ба поймол кардани ҳуқуқи сокинони маҳаллӣ айбдор кунанд, ҳарчанд дар асл худашон иғвогаранд.
Такрор ёфтани чунин ҳодисаҳо худ далели риоя накардани қонун аз ҷониби ҷавонони сархуш ва гурӯҳҳои алоҳида дар ин минтақа маҳсуб меёбад. Ба қавли дигар ин афрод ба чунин амалу кирдори ҷинояткоронаи худ одат кардаанд. Ва мехоҳанд, ки вазъ мудом чунин бошаду мардуми осоишта мутеъи қонунҳои нонавиштаашон гарданд.
Бунёд ҲОТАМ