САҲИФАИ АСОСӢ
ҶИЛОИ МАВҶИ ИСТИҚЛОЛ
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 15 Ноябрь 2018
- Просмотров: 1492
ЧАРО НАҲЗАТИЁН ОНРО НАМЕБИНАНД?
Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорист.
Ин неъмати бузург ба Тоҷикистони азиз нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагӣ овард.
Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешавад.
Дар он давра ҳам бадхоҳону манфиатталабон, бахусус ТЭТ ҲНИ бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ пайи ҳавову ҳавас ва ба даст овардани манфиат ба пешаи навниҳоли истиқлол теша заданд.
Акнун, пас аз гузаштани солҳо ва ба даст овардани баъзе комёбиҳои муҳим, метавонем чунин хулоса кунем: «Давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем». Ба замми ин ҳанӯз ҳам ин бадхоҳон дар паноҳи сояи хоҷагонашон истода, думликон ба онҳо хушомад гуфта, бо дидани музаффариятҳо дар кишвар аз дур аккос мезананд.
Душвортарин муаммои мо дар зарфи чаҳор як аср ин масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият, роҳбари давлат ҳамарӯза бо он машғул мешуд. Албатта, раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрӯза асосан аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ дорад.
Бинобар ин, нахустин иқдомҳои ҳукумати ҷумҳурӣ оғоз бахшидан ба сохтмони нақби Анзоб буд. Сарвари давлат дар ин кор ибтидои ҳама бунёдкориҳои роҳсозию коммуникатсияро дида, дариҷаи наҷотро низ дар он дарёфт. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, нақбҳо, шоҳроҳу пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.
Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо карданд. Дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нергоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 даҳҳо нерӯгоҳи обии хурд сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, сохмони нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ба охир расонда шуд ва он алҳол ба манфиати халқ хизмат мекунад. Хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтӯда-1, 2 давоми ҳамин музаффариятҳост.
Боз як руйдоди муҳим, ба кор андохтани чархаи якуми НБО-и Роғун дастовардест бе чунун бе чаро. Он нишони олиҳимативу нангу номуси мардуми сарбаланди тоҷик аст.
Бинед, ки садои «вафодорони аҷнабӣ» боз баланд гашта истодааст. Онҳо бо алфози пучу подарҳаво ба ин дастовард муғризона нигариста, мисли шағолони аз туъма бенасиб ба худ мепечанд.
Ин ҳама дастовардҳо мисли ҷилои рангаест, ки дар баҳри беканори давлатдорӣ бо самараи истиқлолият ба даст овардем. Хоинони миллат, ба монанди наҳзатиён бошанд, онро нодида мегиранд. Чӣ мемонад гӯем, ки онҳо бо хиёнату бадгӯӣ одат кардаанд. Ва «Тарки одат амри маҳол».
Собир РОЗИҚОВ, хабарнигори «НФ».
ОРОМИИ МОРО ХАЛАЛДОР НАСОЗЕД, НАҲЗАТИҲО!
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 08 Ноябрь 2018
- Просмотров: 1319
Дар ҳар як давру замон осоиштагӣ, серию пурӣ ва пешрафти ҷамъият аз оромии кишвар вобаста дорад. Шукр аз он мекунем, ки тайи 27 сол боз кишвари маҳбуби мо – Тоҷикистони азиз орому осудааст ва мардуми он хушбахтона умр ба сар мебаранд.
ТАРКИ ОДАТ АМРИ МАҲОЛ Ё ЧАРО ҶАВОНОНИ ХОРУҒ АЗ ҶИНОЯТ ДАСТ НАМЕКАШАНД
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 07 Ноябрь 2018
- Просмотров: 1296
Воқеаҳои моҳи охири Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон пайваста дар саргаҳи саҳифаву гурӯҳ ва «пост»-ҳои алоҳидаи истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ қарор дорад. Дар ин миён ба истилоҳ фейкҳои иғвоангез бо мақсади ба миён овардани вазъи номусоид дар минтақа аз паша фил месозанд. Айни ҳол воқеаи шабонарӯзи 4-5 ноябри соли равон бавуқуъпайваста мисли санги осиё аз гурӯҳ ба гурӯҳ, аз даст бадаст дар саҳифаҳои сомонаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад. Чаро ва ба чи хотир?
КОРХОНАҲОИ ХУСУСИШУДА БА ЧӢ КОР МАШҒУЛАНД?
- Подробности
- Категория: КИШОВАРЗӢ
- Опубликовано 05 Ноябрь 2018
- Просмотров: 1308
Бахши сармоягузорӣ ва амволи давлатии назди моқомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз вақти таъсисёбиаш - соли 1991 - то ба имрӯз 84 адад корхонаро ба фурӯш бароварда, бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияташон онҳоро ба моликияти хусусии шаҳрвандони ноҳия табдил додааст.
АБДУЛФАТТОҲ МАКТАБ СОХТ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 05 Ноябрь 2018
- Просмотров: 1199
Соҳибкор Абдулфаттоҳ Юнусов, сокини деҳаи Баҳористони Ҷамоати деҳоти Вашгирд дар деҳаи худ мактаби ибтидоии замонавӣ бо чор синфхона, хонаи муаллимон бо маблағи худаш сохта, онро дар охирҳои моҳи ноябр ба истифода доданист.
ДАРАХТИ САХО РЕШААШ ДАР БИҲИШТ АСТ
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 05 Ноябрь 2018
- Просмотров: 1360
Дар тантанаҳои ҷашни омӯзгорон бо фармони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сархатиби масҷиди марказии ноҳия Носирхӯҷа Раҳимов барои ҳамкорию дастгирии муассисаҳои таълимӣ ба ифтихори Рӯзи муаллим бо унвони «Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ гардид. Хабарнигори «НФ» Т. Соҳибназар бо Носирхӯҷа Раҳимов атрофи сахову саховатмандӣ бо чанд савол муроҷиат намуд.
МЕДАЛИ ТИЛЛОИ БАРАКАТУЛЛО
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 05 Ноябрь 2018
- Просмотров: 1223
Дар пойтахти мамлакат бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни наврасони солҳои таваллуди 2001-2004-и муассисаҳои тайёрии варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ доир гардид.
МУБОРИЗА БО ТЕРРОЗИМ ПЕШРАФТИ ДАВЛАТ АСТ
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 02 Ноябрь 2018
- Просмотров: 1319
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ ба аҳли башар гушрас намуда таъкид сохта буданд, ки терроризм-ватан,миллат ва дину мазҳаб надорад.
ИХТИРОЪКОРИ НАВРАС
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 02 Ноябрь 2018
- Просмотров: 1261
Боиси хурсандист, ки вақтҳои охир ҷавонон ва наврасони ноҳияи мо дар озмунҳои гуногуни фаннӣ ва варзишӣ иштирок намуда, ба гирифтани медалу ҷойҳои ифтихорӣ шарафу шуҳрати ноҳияамонро дар миқёси ҷумҳурӣ боло мебардоранд.