ВОКУНИШ
ОРОМИИ МОРО ХАЛАЛДОР НАСОЗЕД, НАҲЗАТИҲО!
- Подробности
- Опубликовано 08.11.2018 15:46
Дар ҳар як давру замон осоиштагӣ, серию пурӣ ва пешрафти ҷамъият аз оромии кишвар вобаста дорад. Шукр аз он мекунем, ки тайи 27 сол боз кишвари маҳбуби мо – Тоҷикистони азиз орому осудааст ва мардуми он хушбахтона умр ба сар мебаранд. Вале имрӯзҳо дар аксари кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо гурӯҳҳое ба арсаи вуҷуд омадаанд, ки мехоҳад ин оромиву сулҳу суботро барҳам зананд, ва зиндагии мардуми моро талх гардонанд. Ин гурӯҳҳо гурӯҳҳои террористӣ, ифротгароӣ мебошанд, ки роҳбарони худро доранд. Ҳамаи мо ба хубӣ медонем, ки яке аз роҳбарони ин гурӯҳҳои террористӣ – ифротгароӣ ҳизби наҳзати исломӣ аст. Фаъолияти ин ҳизби террористӣ дар кишвари мо манъ карда шудааст, вале онҳо ӣерун аз кишвар зиндагӣ карда бо роҳҳои гуногун ҳаёти хушбахтонаи моро халалдор карданианд. Мо, мардуми кишвар, аз ҷумла омӯзгорон ба таври қатъӣ зидди ин гуна ҳизбҳои террористӣ баромад карда мегӯем: «Нест бод, ҳизбҳо террористӣ!». «Нест бод ифротгароӣ!». «Нест бод ҳизюи террористӣ-экстремистии наҳзати ислом!» ва роҳбарони бадхоҳи он. А.ШАРИПОВ