КИШОВАРЗӢ
КОРХОНАҲОИ ХУСУСИШУДА БА ЧӢ КОР МАШҒУЛАНД?
- Подробности
-
05 Нояб 2018
- Опубликовано 05.11.2018 15:33
Бахши сармоягузорӣ ва амволи давлатии назди моқомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз вақти таъсисёбиаш - соли 1991 - то ба имрӯз 84 адад корхонаро ба фурӯш бароварда, бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияташон онҳоро ба моликияти хусусии шаҳрвандони ноҳия табдил додааст.
Ҳаштоду чор иншоот. Инҷо корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаи кишварзӣ: сеху заводҳои хурди коркарди маҳсулот, бинои фермаҳо, анборҳои меванигоҳдорӣ, сардхонаҳо дохил мешаванд. Агар корхонаҳои хусусигардонидашуда самти фаъолиятро давом дода, мақсаднок истифода бурда мешуданд, садҳо нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, аз фоидаи бадастоварда ҳазорҳо сомонӣ ба буҷаи ноҳия ворид мегардид ва эҳтиёҷ аз бюҷети ҷумҳуриявӣ то андозае камтар мешуд ва, табиист, ки пиронсолон бемалол нафақаашонро мегирифтанд.
Мутаассифона, аз иншооти хусусишуда миқдори ангуштшумор фаъолият мекунад, ҳамон ҳам бо иқтидори пурра не. Таҳлилҳо собит намуданд, ки аксарият корхонаю иншоотба хотири истифодабарии замин ва аз дигар ба савдо задан харидорӣ шудаанд. Масалан, фермаи комплексии дар даврони шӯравӣ пуриқтидори «Хоҷамард», ки моликияти хусусии Тоҷиддин Нозиров буд, аз чанд даст гузашта, имрӯз вайрону валангор аст. Воқеан, дар бораи фермаҳои чорводории хусусишуда. Хоҷагиҳое, ки баъди таҷдид муфлис шуданду бори гарони қарзи давлатро бардошта натавонистанд, фермаҳои ширӣ-молиро ба савдо гузоштанд ё ин хоҷагиҳо яклухт, бо молу амволашон ба фурӯш гузошта шуданд. Ба ин қатор фермаи комплексии Шерамон, фермаҳои Кабкрез, Ҷонварсӯз ва Файзобод, фермаи деҳаи Бӯстон дохил мешаванд. Баъди харидорӣ иншооти он бояд самти фаъолияти пешинаро мегирифт. Вале на дар ҳама ҷо кор чунин ранг дорад. Чанде аз фермаҳои хусусишуда, ки қаблан 400-500 сар ва аз ин ҳам зиёдтар чорвои ширдеҳ доштанд, имрӯз бо мавҷудияти 20-30 сарӣ ва андаке бештар фаъолият мекунанд, ки ин мақоли «Хӯҷам, боғ дорӣ…»-ро ба ёд меорад. Гап сари он аст, ки соҳибони моликият чорвои бо нархи арзон соҳибшударо дучанду сечанд фурӯхтанд ва ба ақидаи худашон «каму костагиҳои хоҷагиашонро буд карда»,обро ба лаби ҷӯй баробар намуданд.
Вақти мавҷудияти совхози «Октябр» (ҳудуди деҳоти Меҳробод) инҷо заводи хурди «Шарбат» амал мекард. Дар шафати он сехи мевахушккунӣҷой дошт. Ҳарду иншооти ба нафъи ТуғралМирзоев ва Ғаффор Давлатов хусусишуда чанде кор карданду ба дарҳояшон қулф заданд. «Шарбат» даҳ сол боз як кило шарбат набаровардааст. Майдони сехи мевахушккуниро бошад, ҷойи хишти сементӣ ишғол кардааст. Яъне корхонае, ки бо мақсадҳои тараққии кишоварзӣ истифода мешуд, «бо тақозои замон» шакли фаъолияташро дигар кардааст.
Баракс ягона заводи хиштбарорӣ, ки бо нангу овозаи зиёд дар болои деҳаи Файзобод бунёд шуда, даҳсолаҳои пеш хуб фаъолият дошт, баъди ба моликияти хусусӣ табдил ёфтан, танҳо 10-15 фоизи қудрати авваларо адо мекунаду халос. Чашм гирифтагӣ барин завод як сол боз аз ин ҳол ҳам мондааст.
Соҳибкор Дӯстмурод Ҳакимов (рӯҳаш шод бод) бо фарзандон дар вақташ якчанд корхонаро харид, ки ҳалолаш бод. Аз корхонаҳои хусусишуда заводи пешинаи мурғи зотии Гумбулоқ бо номи «Мурғи ҳилол» табъи дил фаъолият кард. Фосилаи ками аз фаъолият мондани корхонаро сарфи назар кунем, раҳбарияти имрӯза (директор Зафар Ҳакимов) дар кӯшиши аз нав тараққӣ додани соҳаи мурғпарварӣҷаҳду талош дорад. Вале, чи хеле мушоҳида намудем, ва аз ин хусус бо мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ Зариф Қурбонов суҳбат доштем, дигар иншооти аз ҷониби имрӯза «Ганҷи ҳилол» харидашуда, аз ҷумла фермаи комплексии Шерамон, фермаи Кӯлобиён, корхонаи «Спектр», корхонаи коркарди шири маркази ноҳия ба ҳисоб як ҳафта ҳам фаъолият накардаанд. Дар омади гап бояд зикр кард, ки «Спектр» қариб чор гектар замин дорад. Ва соҳибмулк танҳо ба фоидаи ночизи он қаноат кардаасту тамом. Ба ном комбинати орди воқеъ дар қисмати болои ноҳия ҷойгирифта, ки ба ҶДММ «Ганҷи ҳилол» тааллуқ дорад, бо кори «сарам-дилам»-аш талаботи мардумро қонеъ карда наметавонад.
«Набзи Файзобод» моҳи ноябри соли 2014 дар хусуси бефаъолияти корхонаҳои хусусӣ ду мавод ба табъ расонд. Номи даҳҳо корхонаҳо бо соҳибмулконашон зикр шуд. Аз танқидшудаҳо танҳо як-ду нафар дарс гирифтанд. Боқӣ «пушти ману табари қассоб»-гуфта паи ислоҳи кор нашуданд. Кӯ мебинем, ки ин дафъа чӣ мешуда бошад.
Ҷ.БАҲОРОВ, «НФ».