Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

НАҲЗАТИҲОИ МАНФУР

Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои  ташвишовари  ҷомеаи ҷаҳонӣ ин густариши равияҳои террористӣ ва экстремистии динӣ мебошад.

 ҲНИ, ки ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф шудааст, аз қабили ниходҳое мебошад, ки нооромиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳад ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзад.

Ташкилкунандагони ин ҳизб ки дар тули фаъолияти хеш ягон кореро ба ғайр аз хиёнат ба миллат ба анҷом нарасонида буданд ва ҳамеша мақсади онҳо зидди озодӣ ва истиқлоллияти миллӣ буд, соли 2015 бори дигар ба миллат хиёнат намуданд. Он замон мардуми кишвар дар марҳилаи омодагӣ ба ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурӣ қарор дошт. Ба ин нигоҳ накарда наҳзатиҳо дар арафаи ин ҷашн ба табаддулоти дуюмини давлатӣ даст заданд. Ташкилкунандагони ин ташкилоти террористӣ, экстремистӣ гумон мекарданд, ки амалиётҳои онҳо аз тарафи ҳалқ дастгирӣ карда мешаванд ва онҳо рафторҳои бадкирдоронаи худро, ки солҳои 1990 содир карда буданд бори дигар такрор менамоянд. Хушбахтона наҳзатиҳо ба нияти бади худ нарасиданд мардуми шарифи Тоҷикистон бар зидди онҳо бархостанд, зеро ҷиноятҳои зиддиинсонии ин ташкилоти террористӣ сабаби ҷанги шаҳрвандӣ гардида боиси марги 150 ҳазор сокинони кишвар шуда буд, ки он ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.

Роҳбарони ТТЭ ҲНИ ҷоҳталабонаю мақомхоҳона аз дини мубини ислом сӯиистифода намуда, аз худ чеҳраҳои сиёсӣ вонамуд мекарданд. Вале акнун аҳли ҷомеа ҳамаи найрангҳои онҳоро медонанд. Наҳзатиҳо аз миллату мазҳаб ҳарф мезананд, аммо аввалин хиёнатро ба миллату мазҳаб карданд. Хиёнати ТТЭ ҲНИ ба миллат он аст, ки ба хотири манфиатҳои молиявӣ иродаи кишварҳои бегонаро зидди миллату ватани худ амалӣ мекунад. Як бозичаи сиёсӣ дар дасти доираҳои хориҷии манфиатдор аст. Наҳзатиҳо динро ҳам ба як омили хатарноки ҷомеа табдил додаанд.

Эълон гардидани ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористию экстемистӣ аз ҷониби Конференсияи Дабирхонаи муфтиёти ҷаҳон таҳти унвони «Таҷдиди фатво аз нигоҳи илми назариявӣ ва амалӣ» исботи  хоини миллату қотили башарият будани наҳзатиён аст.

Бунёд ҲОТАМ.