Вт12032024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

БОНУВОН ДАР ҚИЁС БО МАРДОН БЕШТАР СОҲИБҲУНАРИ МАРДУМИАНД

Ба рӯйхати онҳое, ки ба ҳунарҳои кулолгарӣ, табақтарошӣ, шероздӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, сабадбодфӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, ҷомадӯзӣ, қуроқдӯзӣ шонатарошӣ, навозандагӣ, рассомӣ, рафидадӯзӣ, дегдонсозӣ, чолбанду давридӯзӣ, ресмонбофӣ, ҷӯроббофӣ, сари либоси арӯсӣ, кулчаи калону нони тунуку таҳмолпазӣ, тоқидӯзӣ, намадмолӣ, пахтазанӣ, кандакорӣ ва ғайраҳо машғуланд, назар карда андеша мекунем, ки бонувон бештар ба ҳунарҳои мардумӣ сару кор доранд.

Воқеан, бо эълон гардидани «Соли 2018 -  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» қариб дар ҳар як шумораи «Набзи Файзобод» оидба кору пайкори ҳунармандони алоҳидаи диёр маводҳо чоп мешаванд. Имрӯз дар меҳмонии ҳунарманди нозукхаёлу чирадасти диёр, сокини шаҳраки Файзобод Файзигул Ибодова қарор дорем.

Файзигул табиб аст. Солҳо дар беморхонаи маркази ноҳия пайи ҳифзи сиҳатии мардуми диёр буд. Ӯро чун ҳамшираи шафқати ҳалиму меҳрубону кордон ҳурмату эҳтиром мекарданд. Андаке беморӣ ба кораш вазнинӣ овард. Ӯ руҳафтодаи тани ранҷураш нагашт. Дар хона ҳунари модари азизашро давом дод. Ҳоло ба қадри имкон ба наздикону ҳамсояҳо дасти шифо дароз мекунаду ҳам ба ҳунари чеварӣ машғул аст. Кори саросемаю бесифат надорад.

- Ростӣ гап, ба дигар чеварон малол наояд, мисли дӯхти ӯ дӯхти шинамро надидаам, - мегӯяд модари арӯсе, ки моҳе пеш духтарашро ба шаҳри Ваҳдат ба хонаи бахташ гусел карда буд. Занони ваҳдатӣ дар рӯзи тӯй бо ҳавас фақат ба тахти арӯсии духтари ман нигариста, кӣ будани ҳунармандашро мепурсиданд.

- Ҳаққи хоксоронаи меҳнат ҳалолаш бод, -мегӯяд модари дигаре, ки сару афзоли гаҳвораи набераашро пеши ӯ оварда буд. Зеби дастонаш дигар аст. Ончунон гаҳворапӯшу дастбандаку кӯрпаю болиштчаҳои тифлакро ченӣ дӯхтааст, ки гӯё гаҳвораро худаш тарошида бошад.

- Ман, мегӯяд Файзигул, ҳунари чевариро аз модарам ёд гирифтаам. Мо даҳ нафар дар оила будем. Се духтару ҳафт писар. Модарам ҳамаи либосҳои моро бо сӯзану ришта дастӣ медӯхт. Бо ҳавас ба ӯ нигоҳ карда, гоҳ риштаю гоҳ сӯзанашро наздаш меовардам. Баъдтар падарам як мошинаи дастии дарздӯзӣ хариданд. Бе муболиға мегӯям, ки ҳунари дастии модарам аз духти мошинаи дарздӯзиаш фарқе надошт. Баъзан ба хотири малол нашудани табъи мизоҷон шабро сари мошинаи дарздӯзиам рӯз мекунам, то ки сари вақти ваъдагӣ фармоиши гирифтаамро ба анҷом расонам. Хушбахтам, ки ягона келинам Гулдастаҷон низ ҳунарманду ёрирасонам мебошад.

Оре, ҳунару ҳунармандӣ касро обрую эътибор бахшида, болонишину некном мегардонад. Миёни мардуми диёр ва берун аз он Файзигул Ибодова аз зумраи бонувони ҳунармандест, ки бо маҳсули дастони ҳунарманду чеҳраи софу беғубори меҳмоннавозаш ҳамин мартабаро соҳиб гардидааст.

Т.МУНАВВАРА.