ХАБАРҲО
Табрикоти раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷабзода Миралӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
- Подробности
- Опубликовано 08.10.2018 09:49
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳар сол 5-уми октябр мардуми шарафманду ватандӯсти мамлакат бо шукргузорӣ аз файзу баракати соҳибистиқлолӣ «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегирад. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шуморо ба ин ҷашни муҳиму муқаддаси миллиамон самимона табрику муборакбод мегӯям.
Ин навбат мардуми шарафманди ноҳия ҷашни миллиамонро дар шароите таҷлил мекунанд, ки омодагиҳо, корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз то рӯз вусъати тоза пайдо мекунад.
Барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик нигоҳдошту поку беолоиш ҳифз намудани забони модарӣ дар тамоми таърихи мавҷудияташ яке аз масъалаҳои муҳиму аввалиндараҷа ба шумор мерафт. Таърих гувоҳ аст, ки барои ҳифзи забон, ҳамчун забони коргузории давлат истифода гардидани он, ҳатто дар замони давлатдории аҷнабиён, фарзандони сарсупурдаи миллат ҷонбозиҳо намудаанд, онро ҳамчун рамзи ҳувияти миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва омили асосии муттаҳидкунанда нигоҳдорӣ намудаанд.
Яке аз музаффариятҳо ва дастовардҳои муҳими замони соҳибистиқлолии давлати тоҷикон бешубҳа ин таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба рушди забон аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати рушди забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ пайваста ғамхорӣ мекунад.
Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», таъсиси ниҳоди ваколатдор дар ин самт - Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо забони шевою гӯшнавози тоҷикӣ номгузорӣ гардидани шаҳру ноҳияҳо, деҳу рустоҳои кишвар, бо забони давлатӣ баргузор намудани маҷлису машваратҳо, нишасту ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ, ҳамасола таҳия ва нашр намудани даҳҳо номгӯйи луғату истилоҳот аз ҷумлаи тадбирҳоеанд, ки аз тарафи ҳукумати мамлакат дар ин бобат ба амал бароварда мешаванд.
Боиси ифтихору сарфарозии ҳар яки мост, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар аз минбари бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид бо забони тоҷикӣ суханронӣ менамояд, бо ин забони шевою ширин, гуворою гӯшнавоз миллату кишварамонро муаррифӣ менамоянд, ташаббусу пешниҳодҳои башардӯстонаи кишварамонро ба оламиён маъруфӣ медорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати рушди забони давлатӣ чораҳои зарурӣ меандешад. Ба ин мақсад дар назди мақомоти иҷроия Комиссияи татбиқи қонуни забони давлатӣ амал менамояд, ки ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаро назорат намуда, баҳри амалишавии онҳо пайваста чораҳои зарурӣ меандешад. Дар давраи баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳия даҳҳо маҳалҳои аҳолинишин тағйири ном намуда, номгузории маҳаллу корхона, ташкилоту муассисаҳои нав мутобиқи ин қонун ба роҳ монда шуд. Коргузорӣ танҳо бо забони давлатӣ сурат мегирад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, минбаъд низ бо дарки аҳамияти таърихии забони модарӣ, ҷиҳати омӯзишу аз худ намудан ва инкишоф додани он чораҳои муассир меандешад.
Ҳамдиёрони азиз!
Бори дигар тамоми сокинони ноҳияро ба иди умумимиллии «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан аз номи худам аз самими қалб табрику муборакбод намуда, барои ҳар яки сокини диёр саломатӣ, рӯзгори хушу осуда ва барору комёбиҳо таманно менамоям.