АЗ ҚАЪРИ ТАЪРИХ
МАРДЕ БУД САРБАЛАНД
- Подробности
- Опубликовано 02.10.2018 10:34
- Просмотров: 1550
Гӯё дирӯзакак буд, ки ин марди озодапӯшро дар кӯчаи марказии шаҳрак қадамзанон медидем. Ӯ бисёр вақт ба чойхона меомад, соате чанд бо ҳамтоёни худ сари як чойнак чой менишаст, ба қавли худаш «заҳри якдигар мешикаст».
Се-чор сол мешавад, ки ӯ байни мардум нест. Вале аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд. Кист ӯ, ки аз кору рӯзгораш чанд сатре рӯи коғаз меорем? Ин кас Хушмаҳмад Саидов, ҳамон инсоне, ки 14 сол раиси ноҳия (раиси кумитаи иҷроияи совети депутатҳои меҳнаткашон) буд.
Хушмаҳмад Саидов фарзанди Саид Табаров аст. Падари ӯ дар қишлоқи Ҷойникӯдӣ, Чилчашмаи имрӯза, таваллуд шуда, аз хурдӣ ятим мемонаду дар тарбияи модар ба воя мерасад. Аз соли 1930 то соли 1950 дар колхози «Озодии занон» раиси колхоз шуда кор мекунад. Он солҳо кори колхозро ба пеш бурдан осон набуд, зеро тамоми корҳо дастӣ иҷро мешуданд. Шудгори замин бо қувваи гову испор буд.
Соли 1940 раисро барои омӯхтани таҷрибаи хоҷагидорӣ ба шаҳри Хуҷанд мефиристанд.
Пас аз як сол ба колхози худ бармегардад. Соли 1941 ҷанги гитлерӣ сар шуду кулли ҷавононро ба ҷанг сафарбар карданд. Дар колхоз занҳо монданд. Раис тавонист, ки ғайрату нери ҷавонзанонро ба болоравии иқтисодиёти колхоз сафарбар намояд.
Инҷо суҳбати бо марди самарқандӣ акаи Саъдулло доштаам ба ёдам меояд: мо солҳои раисии Табаров Саид ба қишлоқи Ҷойникӯдӣ омада барои кори колхозро пеш бурдан устоҳои оҳангар будем. Муддати 5-6 моҳ тамоми олотҳои кори онҳоро таъмир мекардем, аспҳои кориро наъл мезадем. Хулоса, ҳамроҳи Саид Табар солҳои тӯлонӣ кор кардем. Раис марди кордоне буд. Қаҳрамони мо Хушмаҳмад Саидов, писари ҳамин марди кордон, ба ёд меорад, ки ҳамон солҳо дар синфи чоруми мактаби қишлоқ мехондаасту аз насиҳати падар баҳра бардоштааст. Касе, ки дуои падарро гирифта бошад, ӯро Худо дар паноҳи худ нигоҳ медорад ва доимо кораш барор мегирад. «Ман аз падар миннатдор ҳастам»-ризомандона ба забон меовард Хушмаҳмад Саидов.
Банда ҳини ҳаёт будани Хушмаҳмад Саидов бо мақсади иншои ҳамин сатрҳо соате ҳамсуҳбатиӯ будам.
Хушмаҳмад Саидов аз 13-солагӣ корро ҳамчун колхозчӣ сар карда, соли 1950 техникуми чорводории шаҳри Душанберо тамом карда ба зодгоҳ бармегардад ва ба сифати духтури ҳайвонот ба кор шуруъ менамояд. Вобаста ба ҳамин ихтисос чор соли дигар таҳсил мекунад. Дар колхози собиқ “Озодии занон”, ки баъд номи Ленинро гирифта буд, дар вазифаҳои гуногуни вобаста ба чорводорӣ кор кард. Соли 1961 аз вазифаи духтури ҳайвонот раиси колхоз интихоб шуд. Азбаски таҷрибаи хуби хоҷагидорӣ гирифта буд, пешравии кори колхозро таъмин кард. Он солҳо райком дар назди колхозҳо нақшаҳои калонро мегузоштанд. Аз тухми мурғ сар карда то ғаллаю пӯсту пашм нақшабандӣ мешуд. Баҳри иҷрои нақшаҳо асосан бо халқ муомилаю такя карда тавонистан зарур буд.
Соли 1970 шакли хоҷагидориро тағйир дода, колхозроба совхоз, яъне хоҷагии давлатӣ табдил доданд. Хушмаҳмад Саидов директори хоҷагӣ таъйин гардид. Хоҷагӣ номи Рӯдакиро гирифт. Қаҳрамони мо ба ёд меовард, ки дар солҳои директори хоҷагии ба номи Рӯдакӣ будан истироҳатро аз ёд баровард, зеро талабот ҳамин буд. Шабу рӯз «давидан», кор кардан лозим буд. Дар натиҷа майдони боғҳои себу шафтолую гелос ба ҳазор гектар расид. Зиндагии коргарони совхоз хуб шудан гирифт. Коргарон бо ризоят аз музди меҳнат барои пешравии иқтисодиёти хоҷагӣ аз дилу ҷон меҳнат мекарданд…
Моҳи декабри соли 1973 Хушмаҳмад Саидов раиси комиҷроияи совети депутатҳои меҳнаткашони ноҳияи Файзобод интихоб гардид. Акнун дар як хоҷагӣ не, дар тамоми ноҳия роҳбар буд. Ин вазифа масъулияти ниҳоят калонро тақозо мекард. Файзобод ноҳияи навобод буд. Ҳамагӣ се сол пеш аз ҳайати Орҷоникидзеобод (Ваҳдат) ҷудо шуда буд. Сохтмони мактабҳо, муассисаҳои тандурустию фарҳанг, ҳамчунин таъсиси ташкилоту муассисаҳо ба миён меомад. Дар ҷойи биноҳои куҳна биноҳои нав сохтан зарур буд.
Аввалин биноҳои чандқабата ҳамагӣ баъди солҳои ҳафтодум, дар давраи котиби райком (манзур кумитаи ҳизб) будани Мирзохӯҷа Шоев ва раисии Хушмаҳмад Саидов пайдо шуданд.
Хушмаҳмад Саидов пас аз 14 соли раиси комиҷроия будан бо тавсияи Комитети партиявии ноҳия дар вазифаҳои директори совхози «Октябр» (ҳудуди имрӯзаи Ҷамоати Меҳробод), директори хоҷагии ҷангали ноҳияи Файзобод кор кард.
Қаҳрамони мо дар ҳар мансабе буд, ба халқ такя менамуд, аз миёни мардум худро дур намегирифт. Ӯ аз сулҳу суботи баъди ҷанги шаҳрвандӣ изҳори хушнудӣ мекард. «Мо шабу рӯз дуо мекунем, ки оромӣ бошад, халқи тоҷик осуда зиндагӣ кунад». Ногуфта намонад, ки Хушмаҳмад Саидов ба зиёрати Маккаю Мадина рафта буд ва, албатта, дуои ӯ мустаҷоб мегардад. Рӯҳаш шоду хонаи охираташ обод бошад…
Абдуҷаббор ҚАҲОРОВ.