Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

«ПАЙМОНИ КАБИРӢ»- ИТТИҲОДИ ТАШКИЛОТҲОИ ҶИНОӢ

Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ширкат дар ҳамоишҳо оид ба ченакҳои ҳуқуқи инсон ва нишастҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ буд ва чунин ҳам мемонад. Аммо ба ҳар сурат таҳлилгарони тоҷик пас аз шиносоӣ ба таъсисдиҳандагону аъзоёни паймони Иттиҳоди неруҳои созандаи Тоҷикистон онро «Иттиҳоди панҷ нафар»-е номиданд, ки ҳадафи аслиаш пинҳон кардани амалҳои нодуруст ва ҷиноятии худи онҳо ва ба даст овардани маблағ буда, аз ҷониби ягон нафар мухолифи солимақл ҷонибдорӣ наёфт.

Ба ақидаи таҳлилгарон онҳо гурӯҳҳое ҳастанд, ки мехоҳанд вазъиятро дар Тоҷикистон ноором кунанд. Мехоҳанд зери номи нав худро неруи мухолифи созанда муаррифӣ карда, мавқеъ пайдо кунанд. Таассуфангез он аст, ки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ба намояндагони ин гурӯҳ имконияти баргузории чунин ҷаласаро медиҳанд. Ҳол он ки онҳо бояд дарк кунанд, ки чунин дастгирӣ паёмади хуб надорад. Агар ҳам дошта бошад бо риояи қоидаҳои дипломатияи ҷаҳонӣ онро ба намоиш гузоранд. Зеро аз тарзи баргузории ҷаласа давлатҳое чун Россия, Туркия, Озорбойҷон эътироз карданд. Ба андешаи коршиносони дигар бошад ин ҳизбу гурӯҳҳо ягон барномаи ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва тандурустӣ, маорифро надоранд. Танҳо аз номи ислом ба эҳсоси мардум бозӣ мекунанд. Ташкили чунин як Паймон ҳам маҳз пинҳон кардани чунин арзишҳост. Шояд ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам бо гузашти вақт марому мақсади аслии онҳоро дарк намоянд. Мусаллам аст, ки ин эътилоф ё паймони ташкилкардаи онҳо бар муқобили Тоҷикистон ва суботи он аст. Оромии Тоҷикистон бешак ба ин гурӯҳ хуш намеояд, то он ҷо ки тавони дидани Тоҷикистони рушдкардаву босуботро надоранд.

Аслан ҷомеаи шарқӣ нозукиҳои худро дорад. Демократияеро, ки дар тасаввури ғарбиён аст, дар шарқ ҷорӣ кардан имкон надорад. Ва барои ҳамин ҳам дар кадом давлате, ки  ғарбиён демократия ҷорӣ карданӣ мешаванд, имрӯз ноорому ҷангзада аст. Дастгирии ин гурӯҳҳо низ заминаест барои ноором сохтани вазъи минтақа. Асосан Паймони миллӣ ё чанд раҳбари он барои Тоҷикистон ва ҷомеаи мо ҳеҷ хатаре надорад. Ва муқовимати Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирӣ аз гумроҳшавии ҷавонон ва ба вуҷуд омадани нооромӣ дар минтақа аст. Чунки роҳбарони фирории ҳизби мамнуъгардида ва дигар ҳаракату гурӯҳҳое, ки дар ҳудуди кишварҳои аврупоӣ буда ҳамеша талош меварзанд, то аз неруи бузурги ҷавонони тоҷик чи дар ватан ва чи дар хориҷи он барои амалӣ намудани мақсадҳои худ истифода бубаранд. Гурӯҳҳои ифротгаро талош доранд, ки бо ақидаҳои худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти исломӣ пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯйи худ ҷалб намоянд, ки ин хатарнок аст. Пас тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриро зарур аст, ки муқобили ин дар ҳамбастагӣ мубориза бурда иҷозат надиҳанд, ки дар кишвари ободу осудаи мо ҷангу низоъ ва кашмакашиҳо ба вуҷуд биёяд. Барои ин қудрати ҷавонон ва неруи қавии ҷомеаи мо мерасад.

Сафар Амин, омӯзгор