САҲИФАИ АСОСӢ
ОМӮЗИШИ «КИТОБИ СУРХ»-И ТОҶИКИСТОН ЗАРУРИЯТИ РӮЗ АСТ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 09 Июль 2018
- Просмотров: 1927
Дар натиҷаи истифодаи нодуруст бо таъсири инсон захираҳои табиат рӯ ба таназзул оварданд. Бо мақсади пешгирии ҷараёни мазкур дар курраи замин соли 1948 ташкилоти «Иттифоқи баӣналмилалии ҳифзи табиат ва сарватҳои он» таъсис ёфт, ки бевосита ба ҳифзи табиат ва захираҳои он равона гардида буд. Ба ин хотир дар Иттиҳоди шӯравӣ «Китоби сурх» нахустин маротиба соли 1972 нашр гардид. Ва дар кишвари мо соли 1984 бо забони русӣ аз чоп баромад. Нусхаи тоҷикии китоби мазкур бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забони давлатӣ нашр гардид, ки дар он 226 намуди растанӣ ва 162 ҳаӣвонот ҷоӣ дода шудааст.
Ӯ ЗЕБИ САД ҲУНАР ДОРАД
- Подробности
- Категория: ИФТИХОР
- Опубликовано 09 Июль 2018
- Просмотров: 1699
Сайёра Раҳимова. Ин зани ситорагарми ҳалиму меҳрубонро бо маҳсули дастони пурҳунараш дар ноҳия аксарият мешиносанд. Дастони муъҷизаофари ӯ на танҳо зиннати маъракаҳои диёр, инчунин чорабиниҳои сатҳи ватанианд. Ба ёд меояд, ки чанд сол пеш ӯ дар озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои дастии занони минтақаи Рашт», ки дар ноҳияи Рашт баргузор гардида буд, бо дӯхтани акси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки болои онро навиштаҷоти «Зиҳӣ модаре, ки ҳомии сулҳ офарид» зеб медод, сазовори ҷойи якум гардид. Аввал бисёриҳо гумон карданд, ки симои офаридаи Сайёра амали рассомист. Лек вақте бо чашми сар диданд, ки он акс бо ришта моҳирона дӯхта шудааст, таҳсин гуфтанд. Дар ҳақиқат акси инсонро офаридан бо ришта беҳад нозуку душвор буд. Як кӯки ноҷо симои аслиро тағйир медиҳад. Он расм аз тарафи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сардори давлат ҳадя карда шуд, ки мавриди таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт. Баъдтар акси Президент бо харитаи Тоҷикистону кабутар, ки маънои суханони ӯ «Ман ба шумо сулҳ меоварам»-ро дошт, аз номи мардуми Файзобод ба Сардори давлат ҳадя карда шуд.
ДӮСТИИ ТОҶИКОНУ УЗБЕКОН ПОЯНДА БОД!
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 09 Июль 2018
- Просмотров: 1530
Насими дӯстии мо вазон аст,
Баҳори ошноён бехазон аст.
Бистуҳафтумин баҳори соҳибистиқлолӣ барои халқҳои тоҷику ӯзбек, ки дӯстию решапайвандиашон аз қаъри асрҳо об мехӯрад, пайки шодию нишот, ҳамбастагӣ ва ҳамдилӣ овард.
ҶОЙҲОИ КОРИ ХОЛӢ
- Подробности
- Категория: ЭЪЛОН
- Опубликовано 07 Июль 2018
- Просмотров: 1423
-ЭЪЛОН-
Дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ишғоли мансабҳои холии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Фаӣзобод.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фаӣзобод барои ишғоли мансабҳои холии зерини хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
- Подробности
- Категория: ЭЪЛОН
- Опубликовано 07 Июль 2018
- Просмотров: 1464
- Сармутахассис (сармуҳосиб) – и дастгоҳи раиси ноҳия– 1 ҷоӣ, маоши вазифавӣ 810 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбари шуъбаи маориф - 1 ҷоӣ маоши вазифавӣ 634 сомонӣ
- Мутахассиси шуъбаи кишоварзӣ - 1 ҷоӣ маоши вазифавӣ 520 сомонӣ;
ТАСДИҚИ КАДРҲОИ НАВ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 07 Июль 2018
- Просмотров: 1273
Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати панҷум Қарори Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ аз 12 апрели соли 2018 бо рақами 124 дар бораи раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Файзобод таъин намудани Сафаров Лашкар Асламович, Фармоиши директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ аз 13 апрели соли 2018 бо рақами 24 дар бораи ба вазифаи сардори Раёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Файзобод таъин шудани Ваҳҳобов Ғаюрбек Муродович ва қарори раиси ноҳия аз 22 июни соли 2018 таҳти рақами 426 «Дар бораи ба мансаби мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо таъин намудани Шоев Бегназар Пирназарович»-ро тасдиқ кард.
НАТИҶАҲОИ АВВАЛИН ЧАШМРАСАНД
- Подробности
- Категория: КИШОВАРЗӢ
- Опубликовано 07 Июль 2018
- Просмотров: 1309
Кишоварзони ноҳия нимсолаи аввали соли равонро бо натиҷаи чашмрас ҷамъбаст карданд. Онҳо тайи ин муддат 797 тонна гӯшт, 6578 тонна шир, 7906,6 ҳазор дона тухми мурғ, 55 тонна пашм ва 8 тонна асал истеҳсол карданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаи ҳамаи соҳаҳо зиёд мебошад.
Картошкапарварон ҳам ба ҷамъоварии майдони картошкаи барвақтӣ шуруъ карданд. Онҳо аз майдони 38 гектар картошказор 576 тонна ҳосил бардоштанд. 8 тонна ҳосили ҷамъоварӣ кардаи сабзавотпароварони ноҳия ҳам пешкаши сокинон гардид.
Хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҷамъоварии майдонҳои ғаллазор шуруъ карда , то имрӯз аз 605 гектар ғаллазор 1020 тонна ҳосил ғун дошта шудааст. Айни ҳол ҳосилнокии ҳар гектар майдони ғаллазор ба 16,9 сентнерӣ мерасад.
Ҷамъоварии хошок низ дар хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ бо суръат идома дорад. Хоҷагидорон мақсад доранд, ки барои зимистонгузаронии чорво дар соли равон зиёда аз 8 ҳазор тонна хошок захира карда шавад. Хошоки ҷамъоваришуда то имрӯз ба 1283 тонна расидааст.
Кишоварзони ноҳия азм доранд, иҷрои якчанд намуди маҳсулоти кишоварзиро то ҷашнгирии рӯзи Истиқлолияти давлатии кишвар таъмин намоянд.
С. ТИЛЛО.
ТАНТАНАҲОИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР МИСКИНОБОД
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 07 Июль 2018
- Просмотров: 1284
Рӯзи ваҳдати миллӣ дар саросари кишварамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Зеро ин рӯз дар саҳифаҳои таърихи кишвари мо бо ҳарфҳои зарин сабт гардидаву фаромӯш нопазиру барои ҳар фарди баору номуси тоҷик азиз аст. Ҳарчанд аз ин санаи тақдирсози миллат 21 сол сипарӣ гардида бошад ҳам , он садсолаҳо аҳамияти таърихии худро гум нахоҳад кард.
ХАБАРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 07 Июль 2018
- Просмотров: 1328
Рӯзи 2 июли соли равон Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати панҷум баргузор гардид. Аз шумораи 40 нафар вакилони халқ 37 нафар дар иҷлосия ҳузур доштанд. Ба иҷлосия кормандони дастгоҳи раис, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, роҳбарони ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия фаъолиятдошта, директорони мактабҳо ва ходимони дин даъват шуда буданд.