Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

МАЪЮБОН БО МО БАРОБАРАНД

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҷомеа аз ҳифзи ҳуқуқҳои маъюбон бахшида ба «Рӯзи маъюбон ва пиронсолони Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯзҳо дар саросари мамлакат чорабиниҳои гуногуни маърифатию сиёсӣ ва оммавию варзишӣ ташкил ва баргузор гардида истодааст. Дар ҳамин замина, бо дастгирӣ ва маблағгузории Хазинаи маъюбони Финландия “Абилис” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҷомеа оид ба Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқуи маъюбон ва ба тасвибрасонии он дар Тоҷикистон» чанде пеш чорабинии зикргардида гузаронида шуд, ки шарикони лоиҳаи мазкур ташкилоти ҷамъиятии «Пешравӣ», Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон, Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе-“Имконият”, Ассотсиатсияи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд ва Созмони занони маъюб- “Иштирок” дар ҷараёни он ҳамоҳангсоз буданд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур ҷиҳати иттилоотонии аҳолӣ, дар 4 минтақаи кишвар, аз ҷумла, ноҳияҳои Файзободу Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор багузории марафони оммавӣ, иборат аз роҳпаймоии шахсони дорои маъюбиятдошта дар якҷоягӣ бо шахсони бемаъюбият ва намояндагони масъули шуъбаҳои дахлдори давлатӣ, гузаронидани мусобиқаҳои оммавии варзишӣ оид ба ҳавасмандии ин қишри ҷомеа ҷиҳати ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ташкили мизҳои мудаввар бо иштироки масъулини корхонаву идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии фаъолияташон роҷеъ ба кору фаъолият ва ҳаёти маъюбон равонагардида, дар назар дошта шудааст.

Чанд рӯз пеш бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва саҳмгузории дигар шуъбаю бахшҳои дахлдор чорабиниҳои дарназардошта бо як шукӯҳу шаҳомати хоса дар варзишгоҳи марказии ноҳия доир гардиданд, ки ҳам ҷомеа бо иттилооти зарурӣ дар бораи Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқуи маъюбон фаро гирифта шуд ва ҳам шахсони дорои маъюбиятдошта худро чун узви ҷудонашавандаи ҷомеа эҳсос намуданд. Дар ҷараёни баргузории марафон ба иштирокчиёни аксия маводҳои иттиллотӣ оид ба ҳуқуқи маъюбон тақсим гардиданд.

Чунин чорабиниҳои оммавӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва пойтахти мамлакат баргузор гардида, сипас, бо роҳбаладии Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон гурӯҳи корӣ ба самти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳаракат намуда, тавассутироҳпаймоии саворагӣ (Автопрогон) ба ҷомеа муҳтавои Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқуи маъюбонро фаҳмондадиҳӣ менамоянд.

Дар фароварди чорабинӣ аз ҷониби шахсони дорои маъюбиятдоштаи мамлакат ҷиҳати батасвибрасонии Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон муроҷиатнома қабул гардид.

С. ЮНУСЗОДА, хабарнигори “НФ”.