Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

Ӯ ЗЕБИ САД ҲУНАР ДОРАД

 

Сайёра Раҳимова. Ин зани ситорагарми ҳалиму меҳрубонро бо маҳсули дастони пурҳунараш дар ноҳия аксарият мешиносанд. Дастони муъҷизаофари ӯ на танҳо зиннати маъракаҳои диёр, инчунин чорабиниҳои сатҳи ватанианд. Ба ёд меояд, ки чанд сол пеш ӯ дар озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои дастии занони минтақаи Рашт», ки дар ноҳияи Рашт баргузор гардида буд, бо дӯхтани акси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки болои онро навиштаҷоти «Зиҳӣ модаре, ки ҳомии сулҳ офарид» зеб медод, сазовори ҷойи якум гардид. Аввал бисёриҳо гумон карданд, ки симои офаридаи Сайёра амали рассомист. Лек вақте бо чашми сар диданд, ки он акс бо ришта моҳирона дӯхта шудааст, таҳсин гуфтанд. Дар ҳақиқат акси инсонро офаридан бо ришта беҳад нозуку душвор буд. Як кӯки ноҷо симои аслиро тағйир медиҳад. Он расм аз тарафи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сардори давлат ҳадя карда шуд, ки мавриди таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт. Баъдтар акси Президент бо харитаи Тоҷикистону кабутар, ки маънои суханони ӯ «Ман ба шумо сулҳ меоварам»-ро дошт, аз номи мардуми Файзобод ба Сардори давлат ҳадя карда шуд.

Сайёра Раҳимова хатмкардаи омӯзишгоҳи рассомии ба номи Мирзо Олимови шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ зодаи Хатлонзамин асту аз соли 1983 бо хати тақдир бахти ширини худро дар Файзобод ёфтаву дар ин диёри биҳиштосо якҷоя бо пайвандонаш зиндагии ширин дорад.  Ӯ солҳо дар шуъбаи рассомии хонаи маданияти ноҳия якҷо бо рассомони бомаҳорати диёр Искандар Олимову Худойназар Ризоев, роҳбари маҳфили рассомии Маркази эҷодиёти кӯдакону наврасон, муаллимаи фанни таълими меҳнати мактаби рақами 1 фаъолият кардааст. Панҷ панҷаи Сайёрабону ҳунар аст. Ӯ ҳам рассомӣ мекунаду ҳам гулдӯзию чеварӣ, ҳам кулолгарӣ мекунаду ҳам кандакорию зардӯзӣ, ҳам калобаресию шерозбофӣ. Ростӣ сад ҳунар зебандаи ӯст.

- Эълон  гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»- мегӯяд бонуи ҳунарманд Сайёра Раҳимова имконият дод, ки намунаҳои маҳсули ҳунари қадимаи занони мо, ки аз назарҳо дур монда буданд, аз нав эҳёю рушд намоянд. Шукр мекунам, ки ҳунари худро ба даҳҳо нафар меомӯзам ва аз рӯи ҳунарам бемалол нони ҳалол мехӯрам.

Соҳибҳунаре, ки бо тамиз аст,

Дар дидаи мардумон азиз аст.

Сайёрабону бо соҳибҳунариаш миёни мардум соҳиби қадр гардидааст. Имрӯз таърифи ҳунари дастони ин бонуи ҳунарманди диёр аз даҳон ба даҳон аст.

Т. МУНАВВАРА.