Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ХАБАРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ

Рӯзи 2 июли  соли равон  Иҷлосияи понздаҳуми  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати панҷум баргузор гардид. Аз шумораи 40 нафар вакилони халқ 37 нафар дар иҷлосия ҳузур доштанд. Ба иҷлосия кормандони дастгоҳи раис, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, роҳбарони ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия фаъолиятдошта, директорони мактабҳо  ва ходимони дин даъват шуда буданд. 

Бо таклифи  Азизов Абдулло вакил аз ҳавзаи интихоботии Қанғелӣ рақами 14 котиботи иҷлосия дар ҳаӣати се нафар:   Давлатов Ёрмаҳмад Гургакович   вакил аз ҳавзаи интихоботии   Чилчашма рақами 1, Нозимова Мавҷуда Ҳомидовна  вакил аз ҳавзаи интихоботии  Устошамс рақами 6 ва Назаров Амриддин Раҳмонович вакил аз ҳавзаи интихоботии  мулотуғма рақами 25 интихоб гардиданд. Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Раҷабзода Миралӣ ба муҳокимаи вакилон масъалаҳои зеринро пешниҳод кард:

-Дар бораи рафти иҷрои нақшаи дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла  кишти картошка ва сабзавот дар соли 2018.

-  Ахбори Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия “Оид ба савдо ва рушди соҳибкорӣ”  дар  бораи рушди соҳибкории хурду миёна, рушди соҳаи саноат ва эҳёи ҳунарҳои халқӣ дар ноҳия.

-Дар бораи рафти иҷрои буҷети маҳаллӣ дар нимсолаи якуми соли 2018.

- Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои ободонию бунёдкории ноҳияи Фаӣзобод ҷиҳати амалигардонии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 маӣи соли 2018, № АП –1059 .

- Дар бораи тасдиқи нақшаҳои муфассали банақшагири таҳрезии мавзеи Хоҷамарди  Ҷамоати деҳоти Ҷавонон ва маркази шаҳраки Фаӣзобод.

-Дар бораи дида баромадани қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 3 июли соли 2017, № 128.

-Тасдиқи қарор ва амрҳои раиси ноҳия.

Рӯзномаи кории Иҷлосия   аз ҷониби вакилони халқ дастгирӣ ёфт. Сипас вакилон   ба баррасии масъалаҳои пешниҳод гардида, шурӯъ карданд. Аз рӯи масъалаи якуми иҷлосия “Дар бораи рафти иҷрои нақшаи дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла кишти картошка ва сабзавот дар соли 2018”   раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқ оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист  Насриддинов Эмомиддин Саӣфиддинович   маърӯза намуд. Пас аз анҷоми суханронии  ӯ доир ба масъалаи дуюми иҷлосия “Ахбори Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия “Оид ба савдо ва рушди соҳибкорӣ”  дар  бораи рушди соҳибкории хурду миёна, рушди соҳаи саноат ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ”    раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба  савдо ва рушди соҳибкорӣ  Шарипов Маҳмадулло баромад кард.

Аз рӯи ҳарду масъала  вакилон  аз ҳавзаи интихоботии Гултеппа рақами  38, сардори шуъбаи кишоварзии ноҳия  Абдуназаров Шамсулло ва    аз ҳавзаи интихоботии Элок- 2   рақами  32 Саидов Аскар Фатҳуллоевич ба музокира баромаданд. 

Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи иҷлосия “Дар бораи рафти иҷрои буҷети маҳаллӣ дар нимсолаи якуми соли 2018”   сардори Раёсати молияи ноҳия Раҷабзода Иноятулло гузориш дод.

Масъалаи чоруми иҷлосияро “Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои ободонию бунёдкории ноҳияи Фаӣзобод ҷиҳати амалигардонии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 маӣи соли 2018, № АП –1059”  муовини раиси ноҳия Раҷабова Нурия Ҷунаӣдовна манзури вакилон намуд.

  Масъалаҳои  панҷум ва шашуми  иҷлосияро  мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Тағозода Хаӣрулло ва раиси Комиссия оид ба қонуният ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон Зарипова З  барои вакилон пешкаш намуданд, ки якдилона дастгирӣ ёфт.

Аз рӯи масъалаи “Тасдиқи қарор ва амрҳои раиси ноҳия”   роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Восеев Ш. гузориши муфассал  дод.

 Аз рӯи масъалаҳои муҳокимашудаи иҷлосияи понздаҳуми  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Раҷабзода Миралӣ иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро ҷамъбаст карда, изҳори умедворӣ намуд, ки   вакилони халқ    минбаъд низ дар  амалисозии  нақшаҳои тарҳрезигардида ҷиҳати рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо, сафарбар намудани сокинони ноҳия ба корҳои ободонию созандагӣ ва иҷрои бемаӣлону саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат  варзида   дар   ободу зебо намудани  Ватани азизамон Тоҷикистон саҳми муносиб гузоранд.

Дар оғоз ва анҷоми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Суруди миллӣ пахш гардид.