Вс11242024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ДАРГУЗАШТИ ДӮСТМУРОД ҲАКИМОВ

Дӯстмурод Ҳакимов  яке аз шахсиятҳои пурнуфузи ноҳияи Файзобод дирӯз -25 июн, соати 13 дар бемористони "Ибни Сино”-и шаҳри Душанбе, дар синни 84 солагӣ аз олам чашм пӯшид. Табибон мегӯянд, ки гурдаҳои Дости Бурут бар асари фишори бемории қавс (аденома) аз кор монд.

Дӯстмурод Ҳакимов  соли 1933 дар деҳаи Муллотуғмаи ҷамоати Ҷавонони ноҳияи Файзобод ба дунё омада, як соҳибкори матраҳ ва пурнуфуз дар ноҳияи Файзобод ва навоҳии атрофи он ба шумор мерафт. Бисёриҳо аз ӯву хонаводааш дар инҷо ба некӣ ёдоварӣ мекунанд ва мегӯянд, ки Дости Бурут бахусус дар даврони гуруснагии солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба садҳо хонаводаи муҳтоҷ дар ин қаламрав дасти ёрии худро дареғ надоштааст.

Ду фарзанди ӯ – Акбар Ҳакимов ва Меҳроҷиддин Ҳакимов – бо кумаки обрӯ ва нуфузи падар ва хонаводаашон тавонистаанд аз ҳавзаи Файзобод ду навбат вакили Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон низ шаванд. Акбар Ҳакимов дар соли 2005 ва Меҳроҷиддин Ҳакимов дар соли 2010 дар ин ҳавза ҳатто Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро шикаст дода буданд.

Акбар Ҳакимов, яке аз фарзандони Дости Бурут чандин сол роҳбарии корхонаи орди ноҳияи Спитаменро бар дӯш дошт ва ҳоло роҳбари корхонаи мурғпарварии Файзобод аст. Меҳроҷиддин Ҳакимов баъди анҷоми 5 соли вакилиаш дар соли 2015 боз ба касби пештараашт додситонӣ баргашт ва дар прокуратураи генералии Тоҷикистон кор мекунад.

Намози ҷанозаи Дости Бурут (Дӯстмурод Ҳакимов) субҳи имрӯз 26 июн дар назди хонааш дар деҳаи Муллотуғмаи ин ноҳия бо ширкати тақрибан 3 ҳазор нафар гузашт. Намози ҷаноза бо имоматии Қорӣ Носир, имом-хатиби масҷиди марказии ноҳияи Файзобод доир шуд.  Ин соҳибкори маъруфро сипас дар оромгоҳи Дубеда ба хок супурданд.

Дӯстмурод Ҳакимов  яке аз шахсиятҳои пурнуфузи ноҳияи Файзобод дирӯз -25 июн, соати 13 дар бемористони "Ибни Сино”-и шаҳри Душанбе, дар синни 84 солагӣ аз олам чашм пӯшид. Табибон мегӯянд, ки гурдаҳои Дости Бурут бар асари фишори бемории қавс (аденома) аз кор монд.

Дӯстмурод Ҳакимов  соли 1933 дар деҳаи Муллотуғмаи ҷамоати Ҷавонони ноҳияи Файзобод ба дунё омада, як соҳибкори матраҳ ва пурнуфуз дар ноҳияи Файзобод ва навоҳии атрофи он ба шумор мерафт. Бисёриҳо аз ӯву хонаводааш дар инҷо ба некӣ ёдоварӣ мекунанд ва мегӯянд, ки Дости Бурут бахусус дар даврони гуруснагии солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба садҳо хонаводаи муҳтоҷ дар ин қаламрав дасти ёрии худро дареғ надоштааст.

Ду фарзанди ӯ – Акбар Ҳакимов ва Меҳроҷиддин Ҳакимов бо кумаки обрӯ ва нуфузи падар ва хонаводаашон тавонистаанд аз ҳавзаи Файзобод ду навбат вакили Маҷлиси намояндагон палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон низ шаванд. Акбар Ҳакимов дар соли 2005 ва Меҳроҷиддин Ҳакимов дар соли 2010 дар ин ҳавза ҳатто Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро шикаст дода буданд.