Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ОМӮЗИШИ «КИТОБИ СУРХ»-И ТОҶИКИСТОН ЗАРУРИЯТИ РӮЗ АСТ

 Дар натиҷаи истифодаи нодуруст бо таъсири инсон захираҳои табиат рӯ ба таназзул оварданд. Бо мақсади пешгирии ҷараёни мазкур дар курраи замин соли 1948 ташкилоти «Иттифоқи баӣналмилалии ҳифзи табиат ва сарватҳои он» таъсис ёфт, ки бевосита ба ҳифзи табиат ва захираҳои он равона гардида буд. Ба ин хотир дар Иттиҳоди шӯравӣ «Китоби сурх» нахустин маротиба соли 1972 нашр гардид. Ва дар кишвари мо соли 1984 бо забони русӣ аз чоп баромад. Нусхаи тоҷикии китоби мазкур бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забони давлатӣ нашр гардид, ки дар он 226 намуди растанӣ ва 162 ҳаӣвонот ҷоӣ дода шудааст.

 

 

Ба «Китоби сурх» намудҳои растаниҳо ва ҳайвонҳо аз рӯи самтҳои муайян дохил мешаванд. Ва тибқи тартиб дар ҷойи аввал намояндаи ширхӯрон, парандаҳо, хояндаҳо, моҳиҳо, хазандаҳо меистад. Инчунин дар ин китоб бабр, говазни бухороӣ, морхӯр, суғур, сусмор, мори айнакдор, мири мушон, хирс, қози кӯҳӣ, мурғи ҳилол, лаклак, уқоб, лочин, кабк, паланг, гург рӯбоҳ ва ҷайра шомиланд. Аз ҳисоби растаниҳои нодир бошад, дар Китоби сурхи Тоҷикистон дулона, тутум, хуч, пиёзи кӯҳӣ, гули лола, занбуруғ, чукрӣ, торон, пудина, кокутӣ, зира, ниёзбӯ, зирк, гули сиёҳгӯш, бойчечак, гули наврӯзӣ, сӯзанбаргҳо ва дигар анвои растанӣ ҳамчун гиёҳу буттаҳои ҳифзшаванда ворид карда шудааст. Ғайр аз ин баҳри ҳифзи табиат аз нестшавӣ баъди бадастории истиқлолияти кишвар аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми декабри солди 1993 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат» қабул гардид.

Табиат сарчашмаи ҳаёту маншаи ризқу омили асосии раванди зиндагии инсон аст. Пас моро зарур аст, ки дар ҳифзу ҳимояи он дастҷамъона камар баста, ҳар як гиёҳу буттаву растанӣ ва ҳайвонҳои нодири сарзамини азизамонро ҳифз намоем. Зеро ҳаёту зиндагӣ бо табиати рангорангаш зебову гуворост.

«Китоби сурх» ранги сурх дорад, маънояш бонги изтироб аст. Барои ҳамин ҳар як фард бояд андеша кунад ва худро аз харобиории табиату нестшавии ҳайвоноту наботот канора бигирад.

Ҷунайдулло РАҶАБОВ, омӯзгори собиқадор.