Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

КИШОВАРЗӢ

ТАВСИЯҲОИ “СВИС ГРОВ”

 

Бо мақсади васеъ намудани боғҳо ва истеҳсоли меваҷоти босифат, хусусан себ, дар хоҷагии “Файзи Сайдонӣ”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев машварати омӯзишӣ доир гардид. Дар чорабинӣ раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва масъулини раёсати кишоварзии ноҳия иштирок доштанд. Дар машварат Меҳмет Карайик,  сарагроном оид ба корҳои боғпарварӣ аз ширкати “Свис гров”-и Ҷумҳурии Туркия ва Юнус Ҳоҷимуродов, намояндаи ҳамин ширкат дар Тоҷикистон, ба шунавандагон вобаста ба навъҳои беморӣ, тарзи истифодаи дурусти нуриҳои минералӣ, буриши санитарӣ, ғизодиҳӣ ва тарзи дурусти ҷамъоварии маваю сабзавот маслиҳату тавсияҳои судманд доданд. Мақсад аз омӯзиши мазкур боз ҳам зиёд намудани боғот ва бо ҳамин васила саҳм гузоштан дар тақвияти иқтидори содиротии мамлакат ва баланд намудани сатҳи зиндагии сокинони диёр буд. 

Дар ҳудуди ноҳия беш аз 3 ҳазору 581 хоҷагиҳои деҳқониву инфиродӣ мавҷуданд. Хоҷагидорон асосан ба боғдорӣ машғул буда, ғалла ва картошка низ кишт мекунанд. Айни ҳол дар ҳудуди ноҳия 3 ҳазор 136 гектар боғҳои мевадиҳанда  мавҷуд буда, ҳосили онҳо дар баробари ворид намудан ба бозорҳои ноҳия, ҳамчунин ба бозорҳои мамлакат содирот карда мешавад. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боло бурдани соҳаи иқтисоди мамлакат рушди соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим дорад. Ин аст, ки хоҷагидорон ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, ба он талош мекунанд, то ҳосили баланд ба даст оварда, дар баробари беҳсозии сатҳи зиндагии худ ҳамчунин дар ғанӣ гардидани бозори истеъмолӣ саҳм гузоранд. Инро ба назар гирифта сокинони ноҳия иқдом гирифтаанд дар доманакуҳ ва заминҳои лалмиву чарогоҳ боғҳои нав  бунёд намоянд. Аллакай 307 гектар замин ба боғ табдил ёфт.

Барои обёрӣ намудани заминҳо низ аз тадбирҳои муосир кор гирифта, бо тавсияи мутахассисон тариқи қубурҳои пластикӣ аз масофаи дур об оварда шуд. Барои он ки об сарфакорона истифода шуда, ниҳолҳои навшинонида хуб нашъунамо кунанд, усули қатрагии обмонӣ ба роҳ монда шуд. Ниҳоли дарахтон бо тавсияи мутахассисон ва риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуда, барои сабзиши муътадили навниҳолон масъулин тадбирҳои лозимаро роҳандозӣ кардаанд. Ин амали хоҷагидорони диёр баёнгари он аст, ки дастуру супоришҳои роҳбарияти олии давлату  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дуруст истифода кардани замин ва гирифтани чанд ба иҷро мерасанд. 

Мутахассисон ба боғпарварони ноҳия бобати интихоби заҳрхимикатҳо ва истифодаи дурусти онҳо маълумоти муфассал доданд.