Вт12032024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ЗАҒИРИ ФАЙЗОБОД КАЙ ТАМҒАИ САНОАТӢ МЕГИРАД?

 

Хонаи тоҷикро бе шакароб тасаввур кардан метавон? Ҳар гоҳ ки модарон хамир мекунанд, фатир ҳам мешӯранд, то шакароб тайёр кунанд. Агар он дӯғӣ нею бо обу равғани зағир омода гардад, чӣ қадар таъми хуш медиҳад?! Ё вақте гардсӯз (ордбирён) ба сифати субҳона бо равғани зағир пухта мешавад, лаззаташ дар даҳон мешинад ва бӯйи хуши он дер гоҳ боқӣ мемонад. Оши ба равғани зағир ҳам ҳузуру ҷони касест, ки гирифтори дарди фишорбаландӣ набошад.  

Не нагӯед, ки равғанҳои ҳозира лаззату бӯйи равғани зағири ҷувозиро надоранд. Солҳои пеш дар бисёр колхозҳо  (хоҷагиҳои ҷомеавӣ-дастҷамъона) ҷувоз мавҷуд буд, ки тираш бо гардиши асп тоб мехӯрду аз зағир равған ҷудо мекард. Аспҳои ҷувозӣ ҳам нест шуданду кундаю тири ҷувоз ҳам барҳам хӯрд. Баъд ҷувозҳои барқӣ паӣдо шуданд. Ба тахмини мо, нахустин ҳамин гуна ҷувозро дар шаҳраки Файзобод собиқ раиси ноҳия, марди беҳад шарифу беозор Хушмаҳмад Саидов (равонаш шод бод) сохт. Аввал аз зағири деҳқониаш равған мекашид, баъд дигарҳо ҳам ба ҷувози ӯ зағир меоварданд. Ба гуфти корафтодаҳо равғани ҳалоли покиза дошт Хушмаҳмад Саидов. Ҷувози ӯ пас аз вафоташ аз гаштан монд.

Мо таваҷҷуҳ кардем, ки оё тири  ҷувозхонаҳои деҳот, ки дар ҳудуди  ҳар ҷамоат дутогию сетогӣ амал мекарданд, гардон бошанд? Ба чанд қишлоқе рафтем, дидем, ки дари қариб ҳамаашон бастагӣ. Сабаб: набудани «маҳсулоти хом», яъне зағир. Дуруст аст, ки ҳоло мавсими ғундоштани ҳосили зағир фаро нарасидааст. Лекин, охир, агар зағир фаровон бошад, ҷувозҳо тамоми сол кор мекунанд. Дигар баҳона нест, ки «барқ маҳдуд» бошад.

Яъне гап дар фаровонии зағир аст. Рақаму далелҳое, ки дорем, садо медиҳанд, ки даҳсолаҳои охир зағиркорӣ дар ноҳия кам шудааст, ба ҷоӣи «зағири бобогӣ» сафлор ном зироат рӯ задааст, ки ҳеҷ гоҳ лаззату бӯӣи он зағирро надорад.

Таваҷҷуҳи хонандаро ба як далел ҷалб мекунем. Ва боварӣ дорем, ба гумони шубҳа қабул намекунанд. Файзобод 14 июни соли 1931 ҳамчун ноҳияи мустақил таъсис ёфт, ки нуҳ ҷамоатро дар бар гирифт: Файзобод, Гумбулоқ, Хоҷамард, Дубеда, Диишо, Шолипая, Норак, Чакалӣ ва Меҳроҷӣ. Аҳолии ноҳия аз 33 ҳазор зиёдтар буд. Соли 1936, пас аз панҷ соли таъсисёбии ноҳия, ҷамоатҳо дар 980 гектар зағир кошта, ҳосили хуб ба даст овардаанд. Он солҳо Файзобод ягон намуди техникаю нақлиёт надошт. Корҳо дастӣ, ба воситаи юғу испору молаю чигина ва аробаи харакию аспакӣ иҷро мешуданд. Айни замон тамоми кор ба воситаи техника ба ҷо оварда шавад ҳам, дар Фаӣзобод чил-панҷоҳ соли охир ба дараҷаи соли 1936 зағир кошта нашудааст. Худи ҳамин сол ҳамагӣ дар 367 гектар (якҷоя бо аҳолӣ 450 га) зағир коридаанд, ки қисмаш зағири маҳаллӣ нест.

Мақсад аз ин навиштаҷот он аст, ки зағир, ин зироати техникӣ, чун солҳои пешин бистёртар майдонҳоро ишғол кунад ва насли имрӯза аз лаззати шакароби равғанию ордсӯзи момоӣ баҳра баранд.

Имрӯз дар фурӯшгоҳҳо, тавре мегӯянд, ба ғайр аз шири мурғу ҷони одам тамоми чиз ҳаст. Равғани зағир ҳам камчин нест. Лекин ин равғанро ҳарчанд, «равғани зағири тоза»-гуфта ба савдо мезананд, таъми зағири маҳаллиро надорад. Дигар ин ки арзон нест: шишаи 800-граммаи полиэтиленӣ 11-13 сомонӣ. Ҳар чиз ки фаровон нест, нархи гарон дорад.

Мардум аз равғани ҷувозҳои  Бобишою Хайруллои ҷонварсӯзӣ (рӯҳаш шод бод) Эшони Ҷамолиддин  (Қошқарии пешин, Синои имрӯза) бе шикоят истифода мебаранд. Дар Шаҳтакиён, Кабкрез, Файзобод, Дубеда ва дар чанд деҳаи дигар ҷувозхона ҳаст. Вале аксари куллашон кор намекунанд, мушкилии асосӣ – набудани зағир.

Вобаста ба ҳамин мавзӯъ бо чанд касе, ки ҳамсуҳбат будем, гуфтанд: дил мехоҳад, дар як гӯшаи бозори марказӣ, дар «Гӯшаҳои деҳқон», ки сари роҳи калони ҳудуди ҳар ҷамоат бунёд кардаанд, баробари меваҷоту сабзавот равғани зағир ҳам бошад, то бошандагони ноҳия, болотар аз ин,  меҳмонон, сафаракиҳо аз равғани Файзобод харидорӣ кунанду сифаташро ба дуриҳо баранд.  Агар дар ноҳия заводи хурди равғанкашӣ бунёд гардаду бо тамғаи саноатии «Зағири Файзобод» равған истеҳсол шавад, мурод ҳосил мегардад. Воқеан, то соли панҷоҳи асри гузашта биринҷи Файзобод чун биринҷи Регар машҳур буд. Нуран алонур мешавад агар ҳам шоликорӣ, ҳам зағирпарварӣ дар ин минтақаи Тоҷикистон равнақ ёбад.

                                                                                                                                                                                                                                                  Ҷ.БАҲОРОВ.