ХАБАРҲО
ШАҲРАКИ ФАЙЗОБОД 68 ИНШООТ БУНЁД КАРДАНИСТ
- Подробности
- Опубликовано 13.08.2018 08:37
Дар кохи ба номи Рӯдакӣ вохӯрии гурӯҳи кории ҷашнгирии 30-солагии истиқлолияти кишвар бо иштироки фаъолон, соҳибкорон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва сокинони ҷамоати шаҳраки Файзобод доир гардид. Дар он оид ба омодагии сокинони шаҳрак ба ин ҷашн сухан рафт.
Раиси ноҳияи Файзобод, узви ММ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ аз нақшаҳои созандагии сокинони шаҳрак ба истиқболи саннаи муқаддас ҳарф зад. Таъкид гардид, ки то имрӯз барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи чорабаниҳо таҳия гардида, рӯйхат ва шумораи иншооти ҷашнӣ тартиб дода шудааст ва айни ҳол сокинони шаҳраки Файзобод то фарорасии ин рӯзи барои ҳар фарди Тоҷикиситон азиз, бунёди беш аз шасту ҳашт иншооти гуногунро дар назар доранд.
Рӯйхати иншооти мазкур , ки Ҷамоати шаҳраки Файзобод ва соҳибкорону сокинони он давоми се сол то ҷашни истиқлолият бунёд карданиянд, асосан биноҳои таъйиноти иҷтимоӣ, аз қабили муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, таъмири беморхонаи марказӣ, таъмиру таҷдиди хатҳои оби нушокӣ, ҳамчунин иншооти гуногуни маишию маданӣ ва хизматрасонӣ, ҳаммом, сартарошхона, толорҳои кошонаи ҳусн, майдончаҳои варзишӣ, коргоҳҳои саноатӣ иборат мебошад.
Ва баҳри амалӣ гардидани нақшаи мазкур вохӯриҳои гурӯҳи корӣ дар ҷамоати шаҳраки Файзобод бо сарварии мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Сафарбек Нурзода дар ҳамаи кӯчаҳои шаҳрак баргузор шуда истодааст.
Чи тавре дар машварати мазкур маълум гардид, сокинони шаҳраки Файзобод ҳам бо дасту дили пур ва ифтихор аз истиқлолияти кишвар аллакай ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон корҳои бунёдкориро оғоз бахшидаанд.
«НФ».