ВОКУНИШ
МОДАР АЗ ДАСТИ МУҲИДДИН КАБИРӢ БА ФИҒОН АСТ
- Подробности
- Опубликовано 07.09.2018 17:09
Баъди чанде дар Варшава боз нишасти ҳуқуқи башари САҲА доир мегардад. Чун солҳои пешин намояндагони ТТЭ ҲНИТ ва баъзе думравону ҳамақидаҳои онҳо низ дар ин нишаст ширкат карданиянд. Албатта ҷомеаи демократӣ тақозои иштироки ҳамагонро новобаста аз назари сиёсияшон маҳдуд намекунад.
Аммо роҳбарони ТТЭ ҲНИТ бо кадом рӯ дар ин нишаст ширкат хоҳанд кард. Охир ҷомеъа демокаратист касе монеи ширкати онҳо нахоҳад гашт вале симову ашки садҳо модарони фарзандонашро ин ин ҳизб ба гумроҳи бурдаву ватангадо ва ё ғариб хок карда пеши назари онҳо наменамуда бошад?! Магар чун мусулмон ба ҷони касе ғадр кардан барояшон воҷиб аст. Даҳҳо ҳазор шаҳидони солҳои навадумро, ки саркардагони онҳо сабаб шуданд, наход барояшон сабақи таърихӣ нагардида бошад?!
Имрӯз боз пайи соҳиби қудрат шудан ТТЭ ҲНИТ овози худро дар хориҷа баланд мекунад. Охирин амали терористии ба дасти онҳо рух дода, ки мехостанд обруи кишвари моро, ки бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ» эълон доштанд дар арсаи олам коҳонанд. Ба ин хотир амали террористии худро дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, қаламрави Данғара содир намуда чор сайёҳи хориҷиро ба қатл расониданд. Аммо чи тавре халқ мегӯяд «бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад». Ақли солим чи дар дохил ва чи дар хориҷ бовар кард, ки ин амали ноҷавонмардона маҳсули дасти кист?
Шояд сокинони кишвар суханронии модари гумонбари ташкилиҳамла ба туристони хориҷӣҲусейн Абдусамадовро тавассути телевизион тамошо карда бошанд, ки ҳазорон нафрин ба Муҳиддин Кабириву ҳаммаслаконаш кард.
Ва инак рӯзи ҳафтуми сентябр дар назди дафтари САҲА дар Тоҷикситон даҳҳо нафар ҷавонон бо шиорҳои маҳкумкунандаи ҲНИТ ва роҳбари ин созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, бо навиштаҷоти “Нест бод терроризм” гирдиҳамоӣ карданд. Чи тавре дар расонаҳои хабарӣ нашр гардид Гулчеҳра Шодмонова, модари гумонбари ташкилиҳамла ба туристони хориҷӣҲусейн Абдусамадов ба нишони эътироз аз ширкати раисиҲНИТ Муҳиддин Кабирӣдар нишастиҳуқуқи башари САҲА дар Варшава ба сараш бензин рехта, хост худро оташ занад. Ин фиғон аст. Фиғони як модари тоҷик аз дасти саркардаи ҳамаи ин иғвогариҳо, раиси ТТЭ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ. Баъди ин фиғони як модари тоҷик бо кадом рӯ дар Варшава ӯ сухан аз ҳуқуқҳои инсон мезада бошад. Ин суолест, ки ҳарфарди ватандӯст ҷавобашро аз Муҳиддин Кабирӣ ҷӯёст.
Шодмон Сайфиддинов, сармутахассиси бахши
дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои
миллии Ҷамоати деҳоти Ҷавонон