Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ХОНАНДАГОН ҲУНАРҲОИ МИЛЛИРО МЕОМӮЗАНД

 

Ҳунари дастӣ ҳунари гаронарзиш буда, таҷассумгари фарҳанги баланди зебоипарастии ҳар як миллат  мебошад.Боиси ифтихор аст, ки аз ҷумҳуриамон маҳсули дасти кулолгар, сокини деҳаи Устошамси ноҳияи мо Сочигул Асоева дар намоишгоҳи  ҷаҳонии ҳунарҳои касбии   шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бо ташаббуси   Ассотсиатсияи ҳунармандони Осиёи Марказӣ ва дастгирии ЮНЕСКО баргузор гардида буд, мавриди таваҷҷуҳи ҳазорон тамошогарон гардид.

Дар ин намоиш аз 120 давлати дунё намунаҳои маҳсулоти ҳунармандӣ пешниҳод гашт, ки аз байни онҳо 12 намуд соҳиби Сертификати «Нишони сифат» шуд. Дар қатори онҳо Сочигул Асоева ҳам соҳиби ин нишони олии ҳунармандӣ гардид. Намунаи ҳунармандии ғолибон дар пойтахти давлати Фаронса шаҳри Париж ба намоиш гузошта шуд.

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ифтихори “Соли 2018-Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар тамоми муассисаҳои таълимӣ намоишҳои ҳунарҳои мардумиро  баргузор намуда истодааст. Баргузории намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаҳои таълимӣ нишон медиҳад, ки омӯзгорону шогирдони онҳо  тавонистанд  бархе аз ҳунарҳои фаромӯшшудаи мардумиро эҳё намоянд.     

Мо – омӯзгорон  баробари таълими фанҳои асосии таълим, хусусан технология (таълими меҳнат), барои  духтарон  омӯзиши ҳунарҳои  барои  чакандӯзӣ, шерозбофӣ, тоқидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, ҷӯроббофӣ  ва барои писарон  кандакорӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ, табақтарошӣ ва сохтани асбобҳои мусиқиро ба роҳ мондем. Зеро бо  эҳёи ҳунарҳои миллӣ  ҳиссиёти меҳнатдӯстӣ, ҳунаромӯзӣ ва ҳунаразхудкунии хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ  бедор шуда, ба ин васила  шогирдон  аз таърихи ҳазорсолаҳо ва фарҳангу маданияти миллатамон огоҳӣ меёбанд.

Имрӯз дар назди 12 муассисаҳои таълимии ноҳия 9 синфхонаи рӯзгордорӣ   ва 10 устохонаи коркарди чӯб ва металл (филиз), ки дар онҳо маҳфилҳои дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, шерозбофӣ, тоқидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, ҷӯроббофӣ, кандакорӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ, табақтарошӣ, асбобҳои мусиқӣ ташкил карда шуда, ба  зиёда аз 500 нафар хонандагон нозукиҳои ҳунарҳои мардумӣ омӯзонида мешавад. Дар муддатҳои кутоҳтарин шумораи маҳфилҳо ва ҷалби хонандагон ба онҳо хоҳад афзуд.

Ҳ.НАРЗИЕВ,

мушовири таълими технология ва тамоюли касбии