ВОКУНИШ
«БОЗГАШТ АЗ ҶАҲАННАМ» ЧОДАРИ НАЙРАНГРО ДАРИД
- Подробности
- Опубликовано 29.08.2018 13:44
Хиёнату бадкорӣ ва дигар аъмоли ношоиста доимӣ зери парда рупӯш намемонад. Рӯз аз рӯз сокинони мамлакат тариқи воситаҳои ахбори умум аз амалигардонии нақшаҳои шуми ТТЭ ҲНИТ ошноӣ пайдо мекунанд. Филми мустанади «Бозгашт аз ҷаҳаннам», ки ба қарибӣ намоиш дода шуд, давоми ифшошавии найрангу ҳиллаҳои бадхоҳони миллат, аъзоёни ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби ниҳзати исломии Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Мардуми шарафманди тоҷик акнун ба пуррагӣ дарк намуданд, ки наҳзатиён кистанду чистанд. Мо хуб фаҳмидем, ки ҳамаи ин бадбахтиҳои ба сари миллат омада кори дасти кист. Акнун маълум гардид, ки ҷомаи найранги ин ҳунарпешаҳои хоинро, ки тарроҳӣ мекунаду чи гуна бо ба бар кардани ин ҷандапора дар ҳар гушаи кишварамон саҳнаофарӣ менамояд.
Халқи тоҷик масали хубе дорад, ки «Ҳамеша равшанӣ бар торикиву зулмат пирӯз мегардад». Ин пирӯзиро мо аллакай ба чашми сар мебинем. Сиёҳдилони хоин бо мақсади ноором кардани Тоҷикистони тозаистиқлол ва ба даст овардани манфиату мақом дар ҷомеа бо супориши хоҷагонашон аввали даҳсолаи якум бо нақшаҳои бадхоҳонаи хеш ниҳоли наврустаи Тоҷикистонро решакан намуданд, ки зиёну зарари он то ба имрӯз халқи кишвар ва давлату ҳукуматро азият медиҳад.
Филми мустанади «Бозгашт аз ҷаҳаннам» бори дигар собит месозад, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИТ ва дигар лагандбардоронаш аз чоҳҳои фитнаву зулмати ин ҷаҳаннам роҳи гурез меҷӯянд. Аммо афсӯс, ки раҳои ёфтанашон рӯз аз рӯзу соат ба соат камтару мушкилтар мегардад. Аксари эшон акнун пушаймонанду акнун дарк намудаанд, ки хиёнат ба Ватан чисту доғи нангини «унвон»-и хиёнаткорро ба дӯш бардоштан чи гуна мушки ласт. Оҳо имрӯз ҳозиранд, ки як-як аз авфу бахшиши давлату ҳукумат мисли Мулло Айёмуддин баҳра баранд. Лекин, афсӯс, ки миёни обу оташ қарор доранд. Дигар хоҷагони манфиатҷӯ таноби гардани ин вафодоронро раҳо намекунад. Акнун аз онҳо ҷуброни парваришу ҳадяҳои додаашро мепурсад.
Филми мазкур барои ҳар соҳибақло соҳибмаърифат дарси одобу худшиносист. Аз ҷониби дигар бинандаро аз аслу бунёди ТТЭ ҲНИТ огоҳ месозад, ки аз пойдевораҳ оғоз гардида, саропо манфиату гаразу буғзу адовату кинаву бадбахтист.
Бунёд Ҳотам,
фарҳангшинос