Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТӢ ВА ОХУНДҲОИ ЭРОНӢ

БАЪДИ ЯК МОҲИ ФОҶЕА

 Инак аз фоҷеаи ки 29 июли соли ҷорӣ      дар шоҳроҳҳои Душанбе –Кӯлоб, дар қаламрави ноҳияи Данғара рух дод расо як моҳ сипарӣ гардид. Воқеаи  ба амал омада аз вазнинтарин амалҳои террористии давоми ду даҳсолаи охир маҳсуб меёбад, ки бар асари он 4 шаҳрванди хориҷӣ кушта шуданд, ки онҳо  бо мақсади саёҳат аз чандин давлатҳои олам  гузар кардаву ба Тоҷикистон омаданд ва читавре аз  мусоҳибаҳои  пеш аз воқеъа дар саҳифаҳои интернетии худ нигоштаанд: «Тоҷикистону мардумашро беҳтарин»-  ҳангоми сафари хеш дарёфтаанд.

Афсус, ки хоинони миллат      фарҳангу маданият ва оинҳои меҳмондории  ҳазорсолаҳо доштаи миллати моро  бо ин амали нангини худ тобиши манфӣ доданӣ шуданд. Дар соле, ки  бо пешниҳоди  Пешвои муаззами миллат ҳамчун соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида буд, ин амали  ноҷавонмардонаро содир намуда, хостанд   сиёсати пешгирифтаи давлати соҳибистиқлоламонро ранги дигар диҳанд. Вале ин хайёли онҳо хом баромаду сафи сайёҳон  афзуда, эътимоди онҳо ба амнияти хеш бештар  мегардад.

Аммо инҷо  суоли дигаре  пеш меояд, ки кӣ  буданд фармоишгарону сарварони ин фоҷеа.

 Ҷавоби ин суол моро боз мебарад сӯи   хоинони миллат, аъзоёни ҳизбу гуруҳҳои террористии аз ватан  фирор кардаву  фаъолияташон дар ватан мамнуъ эълон гардида, пеш аз ҳама ТТЭ ҲНИТ  бо роҳнишондиҳии давлати  ба қавле «дӯст»-и мо Эрон.

 Ин хоинони роҳгумзада чанд нафар ҷавонони  ноогоҳ ва дунёнадидаи  ҳамиллати хешро бо фиребу дуруғҳои худ ба содирнамудани ин амали нангин ҳидоят сохтаанд.

Ин ҷавонони 19-21 солаи роҳгумзада  маҳз бо даъвати онҳо ин ҷинояти мудҳишро  содир намудаанд шояд намедонистанд, ки кушта мешаванд ва дар сурати зинда мондан тибқи  қонунгузории мамлакат барои содир кардани амали террористӣ  чи  ҷазоро соҳиб хоҳанд шуд.

 Шояд агар медонистанд сӯи  хоҷагони золимашон , ки   ин навҷавонони дунёнадидаро ба сӯйи ҷиноят тела додаву   боиси қаҳру ғазаби мардуми  мамлакат болои  ҳафтпушташон мегарданд муносибати дигар мекарданд.

Инҷо суоле ба миён меояд, ки    чаро  барои содир намудани чунин ҷиноятҳо хоҷагони  ватангадо фарзандони мардуми оддиро пеша мекунанд, агар содирнамудани ин амалҳо савобе дошта бошад  фарзандони онҳо   чаро сӯи марг намераванд?!

Ин ҳақиқатест, ки ҷавонони мо бояд аз он огоҳ бошанд. Кушиш барои  зиндагии ободу тенҷу солими худу аҳли байташон кунанд. Ин ҷавонони  фиребхурда пеш аз содир намудани чунин амалҳо фикри фарзандони баъди сарашон ятиму волидони дар ҳасрати фарзанд ҷигарсухтаро  пеши рӯ биёранд.

Инак аз ин фоҷеа як моҳ гузашт, ҷиноят содир шуд, террористони наҳзатӣ ва охундҳои эронӣ аз кардаи худ шоду қаноатманданд, аммо ҳайфи умри он чор ҷавони қотил, ки  бо дуруғу  найранги онҳо эшон  лаънаткардаи ҳамватанон  шуданд.

Ин фоҷеа бори дигар моро  ҳушдор медиҳад, ки  сари тарбияи фарзандони худ  чи дар мактаб ва чи дар оила  масъулияти бештареро  эҳсос намоем.

Раҳим Шариф,

рӯзноманигор