МО СОҲИБИХТИЁРЕМ!
- Подробности
- Опубликовано 12.09.2018 14:13
- Автор: Super User
Вожаи Истиқлолият моро ба андеша мекашад, то дарк кунем, ки он чӣ чиз асту чӣ медиҳад. Ҳафтод сол зери байрақи соҳибихтиёрӣ зиндагӣ кардем. Вале соҳибихтиёрии мо, тоҷикистониҳо, нисбӣ буд. Москваро гӯш мекардем, аз ӯ мепурсидем, ки фалон корро чӣ навъ оғоз кунему чӣ тарз ба анҷом расонем. Чунки мо фарогири СССР – Иттифоқи ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ будем. Ҳамеша ду парчам меафрохтем: Парчами СССР ва Парчами Тоҷикистон.
Бисту ҳафт сол пеш, 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти комил насиби миллати тоҷик гардид. Ин меваи шаҳдбор комҳои моро ширин кард, рӯҳу ҷонамонро болида гардонд. Акнун ба тоҷик будани хеш сари ифтихор бардоштем. Ҳастанд миллату халқиятҳое, ки бо чунин шумораи кам соҳиби давлати мустақил шудани мо рашк мебаранд.
Ифтихор аз он мекунем, ки Конститутсияи мустақил дорем. Ин дастури муҳим муқаррар кардааст, ки «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст». Аз ин ҳазорҳо бор шукрона кунем меарзад, зеро дар миёни ҳафтод соли асри пешин забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ надошт ва дар сатҳи давлатӣ забони кор набуд. Фармону қарорҳо аввал ба рӯсӣ, сонӣ ба тоҷикӣ навишта мешуданд.
Инкор намекунем, ки мо аз ҷомеаи ҷаҳон ҷудо нестем, ҳар сокини Тоҷикистони мустақил «баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф» карда, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, таъмини соҳибихтиёрии давлат ва рушду камоли кишварро вазифаи худ медонад.
Конститутсия Парчам, Нишон ва Суруди миллиро муқаддас эълон доштааст. Мо муқаддасоти дигар ҳам дорем, аз ҷумлаи забону фарҳангу пули миллӣ. Вале қудрату манзалати Парчаму Нишону Суруди миллиро содиқона эътироф ва ҳифз менамоем. Дар дурдасттарин гӯшаи кишвар ин се муқаддасот ҷилва мекунанду садо дар медиҳанд, аз он башорат медиҳанд, ки мо соҳиби давлати мустақил ҳастем.
Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ дониста, ин мавҷудиятҳоро ҳифз менамояд. Эълон доштани он ки «халқ бунёдгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилон худ амалӣ мегардонанд», моро дилпурӣ мебахшад, ки Истиқлолияти давлатиамон барҷост.
«Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад». Тавре медонем, ҳизбу ҳаракатҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар асоси Конститутсия ба қайд гирифта мешаванд ва озодона амал мекунанд. Вале мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе «наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ» эътироф шавад.
Дидед, ки вобаста ба солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар такяи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сатр рӯи коғаз овардем, ба он хотир, ки Конститутсия эътирофи олии ҳуқуқӣ дорад. Маҳз ҳамин ҳуҷҷати дараҷаи олӣ Тоҷикистонро «давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона» эълон намудааст.
Ҷӯрабек МӮМИН.