Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

ИФТИТОҲИ ДУ МАХЗАНИ ДОНИШ

Соли хониши 2018-2019 барои маорифчиёни ноҳия бобарору муждарасон оғоз гардид. Дар арафаи рӯзи дониш ва ҷашни 27-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пурра фаро гирифтани хонандагони муассисаҳои таълимии рақамҳои 2 ва 9 ду таълимгоҳи ибтидоии ёрирасон сохта шуданд.

Мардуми сарбаланди деҳаи Меҳрободи боло зери дастуру ҳидоятҳои сарвари давлат азм карданд, ки дар якҷоягӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия муассисаи таълимии наву замонавиро барои 100 ҷойи нишаст сохта ба истифода диҳанд. Чанд рӯз пештар муассисаи таълимии мазкур, дар “Рӯзи дониш”  муҳассилинро дар оғӯш гирифт. Зимни ифтитоҳи расмӣ раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ аз корҳои созандагию бунёдкории сокинони ҳудуди ҷамоат ҳарф зада,  толибилмонро ба хондани хубу аълову аз худ намудани дарси хештаншиносиву худогоҳии миллӣ даъват намуд.

Ҳамин гуна муассисаи таълимӣ дар деҳаи Бобои валиии Ҷамоати деҳоти Қалъаидашт тариқи ҳашар қомат рост карда, ба маблағи 130 ҳазор сомонии буҷа бунёд гардида, дар рӯзҳои аввали соли хониши 2018-2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Муассисаи таълимии №62 ҳам ибтидоӣ буда, 150 ҷойи нишаст дорад.

Маорифчиёни ноҳия ба ҳама нафароне, ки дар ин кори хайру савоб кӯмак расонидаанд, изҳори ташаккур намуданд.

С. ЮНУСЗОДА, “НФ”.