Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ОБ ГАНҶЕСТ БЕБАҲО

Об омили муҳими ҳаёт дар рӯйи Замин ба шумор меравад. Об сарчашма ва манбаи ҳаёт, асоси зиндагӣ, саломатӣ ва зебоӣ буда, муъҷизаи беҳамто, неъмати бебаҳои табиат мебошад. Ба ақидаи баъзе олимони дунё, ҳаёт аввал дар об пайдо шудааст. Чор унсури муҳими ҳаёт: хоку оташу бод ва об барои инсоният аз ҳама муқаддасанд. Дар маънавиёту ахлоқ ва фарҳанги мо таваҷҷуҳ ба об, ташнаеро об додан, сарзаминеро сероб гардонидан, биёбонеро ба гулистон табдил додан, обу ободонӣ ва некукорӣ аҳамияти бузурги ахлоқию тарбиявӣ дорад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ояндаи начандон дур масъалаи об ба ҷиддитарин проблемаи аҳли башар ва мушкилоти рақами аввали сайёра табдил меёбад. Дар бисёр давлатҳои ҷаҳон нархи оби нӯшокӣ аз сӯзишвори се-чор баробар қиматтар аст. Бахти мардуми тоҷик аст, ки баробари дигар навъи сарватҳои табиӣ, сарвати оби тоза низ дар ватани мо бисёр аст.

Дар масъалаи ҳалли мушкилоти об Ҷумҳурии Тоҷикистон, бешубҳа, ба мақоми давлати аввал дар ҷаҳон эътироф шудааст. Ибтикори пайвастаи Сарвари давлати тоҷикон оид ба масоили об ва танзими захираҳои он аз ҷониби кулли давлатҳо дастгирӣ ёфтанд, зеро бо назардошти таҳқиқоти олимон масоили об дар сайёра ба мушкили асосӣ табдил хоҳад ёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудааст:

«Қимати об аз қимати нефт, газ, ангишт ва дигар намудҳои сӯзишворӣ ва манбаъҳои энергетикӣ камтар арзиш надорад».

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати кӯҳсори Осиёи Марказӣҷойгир буда, дорои захираҳои калони об мебошад. Дар қаламрави ҷумҳурӣ беш аз 80 фоизи  оби Амударё ва 1 фоизи оби Сирдарё ҷамъ мешавад, тақрибан 64 ҳазор км куб дар сол, яъне беш аз 55 фоизи андозаи умумии обҳои дарёҳои мазкурро дар қаламрави давлатҳои Осиёи Марказӣ ташкил медиҳад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  947 дарёи дарозиашон аз 10 то 3000 км мавҷуд аст. Дарозии умумии ин дарёҳо қариб 28500 км буда, дар давоми як сол аз онҳо 60 миллиард метри кубӣ об ҷорӣмешавад.

Солҳои охир ба ин неъмати Худодод, оби тоза аҳли башар диққати ҷиддӣ надода истодааст, ки ин боиси кам ва ифлос гардидани оби ширин дар сайёра гардидааст. Тибқи маълумотҳои оморӣ ҳар сол дар ҷаҳон аз нӯшидани оби ифлос 5 миллион нафар одамон вафот мекунанд ва 3 миллион оламиён ба маризиҳои гуногун гирифтор мешаванд. Вақти он расидааст, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба проблемаҳои оби тоза ва масъалаҳои ба он вобаста ҷалб карда шавад. Чунин вазъро пеш аз ҳама Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1-уми октябри соли 1999 дар иҷлосияи 54-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, пешниҳод кард, ки соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза” эълон гардад. Ба хотири раҳоии инсоният ва табиат аз ин буҳрони азим, бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо қарори махсус соли 2003-юмро “Соли байналхалқии оби тоза” эълон намуд. 17 марти соли 2003 Пешвои тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани ҷаҳонии бахшида ба проблемаҳои истифодаи оқилонаи об, ки дар шаҳри Киотои Япония баргузор гашт, суханронӣ намуда, бори дигар манбаи ҳаёт ва беҳтарин муъҷизаи табиат будани обро ёдовар шуда, бо назардошти аҳамияти ҳаётии проблемаи об пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди аз соли 2005 то соли 2015 эълон шудани даҳсолаи оби тоза ва ба фонди наҷоти Арал додани мақоми муассисаи Милали Муттаҳид дар ҷаҳон аз ҷониби бисёр кишварҳои дунё хуш қабул карда шуд.

Ҳамзамон, 30 августи соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии Душанбе оид ба оби тоза баргузор гардид. Дар Форум вакилон аз 53 кишвар, 91 созмони байналмилаливу муассисаҳои марбута, намояндагони доираҳои илмӣ, коршиносон аз ҳамаи китъаҳои ҷаҳон ширкат варзиданд. Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадаш чунин иброз намуд: “Аз соли 2005 то соли 2015-ум Даҳсолаи байналмилалии оби тоза эълон карда шавад. Ин иқдом ҷавобгӯи Эъломияи ҳазорсола оид ба масъалаи оби тоза хоҳад шуд, ки яке аз ҳадафҳои он то соли 2015-ум ду баробар кам кардани шумораи одамони аз оби тоза маҳрум дар ҷаҳон мебошад”. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, солҳои 2005-2015 Соли байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, соли 2013  “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” ба миён гузошта шуда буд, эълон карда шуд.

Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии Об иқдоми ташаббуси нави Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» расман эълон гардид.

Қайд намудан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати худро дар соҳаи муносибатҳои об бар асоси зарурати рушди устувори иқтисодии мамлакат, бехатарии экологӣ, риояи усулҳои ҳуқуқҳои байналмилалӣ ва инкишофи ҳамкорӣ бунёд менамояд.

Муҳофизати об ва истифодабарии сарфакоронаю оқилонаи он яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ба шумор меравад. Муҳимтарин роҳи ҳифзи об пеш аз ҳама истифодаи оқилонаи он аст.

Мардуми Тоҷикистон бояд қадру қимат, фазилати обро бифаҳманд ва ба ин неъмати худодод арҷ гузоранд.

Файзулло МИРЗОЗОДА,

   судияи суди ноҳия.