Пн02032025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

БАХТИ БАЛАНД

Нисфи зиёди умри банда дар даврони шӯравӣ гузашту   бо обу нони ҳамон давр хондему ба воя расидему маълумоти олӣ гирифтем, соҳиби мансабҳои баланд шудем, ба нафъи халқу Ватан алоқадри қуввату ғайрати дониш хизмат кардем. Бахти тоҷик ҳам баландӣ карду мисли дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқи Советӣ соҳиби давлати мустақил гардидем. Воқеан, ин бахти баланд аст! Давлати мустақил барои шаҳрвандонаш имкониятҳои фаровон медиҳад, то озодона таҳсил кунад, сухан гӯяд ва аз дигар имтиёзҳои муқарраркардаи Конститутсия баҳра бардорад.

Соле, ки Тоҷикистон давлати мустақил будани худро эълон дошт, ман директори хоҷагии давлатии Қалъаидашт будам, баъд раиси ҷамоат интихоб шудам, сонӣ аз вазифаи ҷониши аввали раиси ноҳия ба Хазинаи Оғохон гузаштам. Фикр мекунам, ки созмон ёфтани Хазинаи Оғохон дар Файзобод низ падидаи Истиқлолият буд. Ин ташкилоти, гуфтан мумкин, хайрхоҳ ба мардуми ноҳия кумакҳои беғаразона кард. Мо ба даҳҳо кас тухми зироат додем, то дараҷаи рӯзгорашон беҳ гардад.

Бисту ҳафт сол аст, ки Парчами Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар фазои кишвар парафшонӣ мекунад. Ман ҳамчун мусулмони ҳаҷкарда дасти дуо мебардорам, ки ин Парчам абадан парафшон бошад.

Садриддин ҒИЁСОВ, сокини

Ҷамоати деҳоти Қалъаидашт.