Пт11222024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

«МУСИЧАҲОИ БЕГУНОҲ» -И ТТЭ ҲНИ ДАР НИШАСТИ ВАРШАВА ЧӢ МЕКОБАНД?!

Тавре маълум аст, ҷиноят  ва хиёнатҳое,  ки солҳои охир аз тарафи ТТЭ ҲНИ  созмонёфта ошкор гарид, пардаҳои сиёҳе, ки худро пас он роҳбарони ҳизб, бахусус Муҳиддин Кабирӣ мепӯшониданд, бардошта шудаву  фаъолияти паси пардагии  онҳо ошкор гардид.                              

Рӯзи 29 июли соли 2018 гурӯҳи ҳафтнафараи сайёҳони дучархасавори хориҷиро, ки аз самти шаҳри Кӯлоб ба пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе ҳаракат мекарданд, аз ҷониби  дастаи ҷиноятпешаи пайравони  ТТЭ ҲНИ  мавриди ҳамла қарор ги рифт. Дар натиҷаи ин амали ваҳшонияти наҳзатиён  чор нафари сайёҳон ҳалок гардида, ду нафари дигар  ҷароҳати сахт бардошта  ба беморхона интиқол шуданд. 

Ҳадафи ин амали  террористӣ маълум буд, бадном кардани  давлату миллати тоҷик дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ.

Вале аз лаҳзаҳои аввали солир шудани ин ҷиноят  бо дастури хоссаи Сарвари мамлакатамон, тамоми сохторҳои қудратии кишвар барои дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашидани афроди дар ин ҷинояти ғайриинсонӣ дастдошта сафарбар гаштанд. Дар натиҷа чор нафари онҳо Асомиддин Маҷидов, Зафар Сафаров ва Аслиддин Юсупов, Ҷаъфар Юсупов дар натиҷаи  нишон додани муқобилият безарар гардонида шуданд.   Ҳусейн Абдусамадов роҳбари гурӯҳ, узви фаъоли дастаи аъзои Ҳизби наҳзати исломи  Носирхӯҷа Убайдов дастгир шуд.

Бо дастгир шудани Ҳусейн Абдусамадов маълум шуд, ки роҳбарияти ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломи нақшаи ин гурӯҳи ҷиноятиро каблан дар хориҷи кишвар тарҳрезӣ намуда, бо мақсади поён бурдани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ва коҳиш додани ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар чунин амали ғайриинсониро роҳбарӣ ва маблағгузорӣ намуданд.

Ҷониби кишварҳои сайёҳони кушташуда - ИМА, Нидерландия ва Швейтсария вобаста ба қазияи ҳалокати шаҳрвандонашон ҳамраъйии худро бо мақомоти интизомии Тоҷикистон изҳор намуда, аз амалиёти анҷомдодаи сохторҳои қудратӣ нисбат ба қазия ва муҷозот шудани ҷинояткорон изҳори қаноатмандӣ намудаанд. Илова бар ин, дар натиҷаи бозпурсии як қатор расонаву хабаргузориҳои иттилоотӣ хулосаи сайёҳони хориҷӣ дар хусуси он, ки баъди ин ҳодисаи нохуш минбаъд ба Тоҷикистон сафар кардан мехоҳанд ё не, нашр шуд, ки дар он гуфта мешавад: «Чунин ҳодисаҳо ҳар рӯз ва дар ҳар кишвари дунё метавонад рух диҳад, хатто дар ҳудуди амнтарин давлат. Ба халокат расидани чанд тан аз сайёҳони хориҷӣ дар пайи як амали ваҳшиёна фикри ҳеҷ як сайёҳро ҷиҳати сафар ба мамлакати афсонавии чун Тоҷикистон дигар карда наметавонад».

Яъне воқеаи мазкур  баръакси пиндори наҳзатиёни террорист  обрӯи давлати моро  боз ҳам болотар бурда волоияти қонунро дар Тоҷикистон нишон дод.

Воқеан ҳам Кабирию ҳамамаслаконаш  умедвор буданд, ки        соли 2018     чун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст амалӣ гардидани  ин нақшаи онҳо метавонад, нигоҳи сайёҳонро барои сафар ба Тоҷикистон тағйир диҳад ва талошҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар ин самт  ва  рушди соҳа барҳам занад. Аммо хушбахтона бо   амалӣ намудани  ин    ҳадафи нопокашон  онҳо  болои номи сиёҳи худу тарафдоронаш боз   нафрати миллат ва ҷомеаи ҷаҳониро зиёдтар сабт намуданд.

Дар пайи эълон шудани ҳуввияти ҷинояткорони ҳодисаи куштори сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон маълум гашт, ки гурӯҳи ҷинояткорро ТТЭ ҲНИ  аз хориҷи кишвар раҳнамоӣ ва маблағгузорӣ кардааст. Болои ин ҳама ваҳшонияту харобкорӣ ин ташкилоти террористӣ-экстремистӣ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ кӯшиш кард, бо анҷом додани боз амалиёти террористӣ вазъи дохилии Тоҷикистонро ноором сохта, ҷони чандин нафарро зери хатар гузорад.   Аммо ин ҳилагарии бевиҷдон чун ҳамеша худро сафед карда, алоқамандии худро бо ин гурӯҳи ҷиноятӣ рад кардан мехоҳад.

Имрӯз уву думравонаш боз дар нишасти САҲА, ки дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон доир шуда истодааст, чун мусичаи бегуноҳ аз ҳуқуқҳои башар ҳарф задан мехоҳанд. Яъне  чун каждум табиати онҳо чунин аст, ҳам неш мезананду ҳам  барои тамошо дасту остин бар мезананд. Худ намедонанд, ки интиҳои роҳи онҳо то куҷост? Рӯзе мешавад, ки ин зархаридони хориҷӣ  барои хоҷагони хориҷияшон нодаркор мешаванду  худи ҳамин хоҷагон  шармандавор дар  чунин ҳамоишҳои сатҳи байналмиллаӣ  кафши онҳоро пеш хоҳанд гузошт.  Пас ба куҷо мераванд?! Ватан  рӯ ба рӯи номи онҳо хати сиёҳ кашидаву миёни мардум  ҳамчун ватанфурӯшу  хиёнаткор  ном баровардаанд.  Касе намехоҳад, ки  Ватанфурӯшу  хоини ватан дар  бари ӯ ҷо бигирад. Пас   дар Варшава домани киро доштан мехоҳанд, суолест бе ҷавоб!

Анвар САЪДУЛЛОЕВ, сармутахассиси оид ба   дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷамоати деҳоти Мискинобод