Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ФОҶЕА БО САЙЁҲОН - ФИТНАИ НАВБАТИИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ

 

Фоҷеаи  даҳшатангезу  нангине, ки рӯзи 29 июл дар шоҳроҳи Кӯлоб -Душанбе ба вуқӯъ пайваст, тамоми миллати тоҷикро ба ташвиш ва изтироб овард. Чанд нафар фарзандони нахалафи миллате, ки тайи асрҳо ҳамчун халқи меҳмондӯсту меҳмоннавоз дар дунё овозаю эътибор дошта дастархонаш барои худию бегона ва пиру барно доим кушода буд, халқе, ки тӯли асрҳо аз дигарон зулм дидаю ба сари касе мушт набардоштааст, имрӯз дар Ватани худ бар зидди меҳмонони азизи хеш куштор ташкил намудаву бо ин амали хеш обрӯю этибори халқи тоҷикро дар арсаи байналмиллӣ  коста кардан мехоҳанд.  Барҳақ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон   чунин ашхосро  хоини миллат эълон накарда буданд. Зеро онҳо  ин рафтори ноҷавонмардона худро дар соле амалӣ сохтанд, ки    аз тарафи роҳбари давлат ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шудааст. Ин гурӯҳи қотилони беимону беақлу фаросат ва дунёбехабар, ки ба ин ҷинояти гӯшношунид даст зада, меҳмонони бегуноҳро қатл намуданд,  фикр  карданд, ки ба  обрӯю эътибори миллати моро халал ворид сохта  ҷумҳурии азизи моро, ки дар роҳи рушд ва тараққиёти бемайлон дар ҳамкорӣ бо дигар давлатҳои мутараққӣ қарор дорад шарманда месозанд? Аммо онҳо ҳеҷ гоҳ ба ин мақсади нопоки худ намерасанд. Пӯшида нест, ки дар паси ин фоҷеъаи хунин  боз ҳамон фарзандони хоини миллат гардидаамон   дар симои роҳбарону аъзоёни ТТЭ ҲНИТ ва онҳое,ки  ба сафҳои ташкилотҳои террорситию экстремистӣ дар хориҷи мамлакат амал мекарда пайваст шуда ба душманони миллати табдил ёфтаанд ва бо дастурҳои хоҷагони ифротгаро   аз хориҷи кишвар нақшаҳои ғаразноки худро   тавассути ин ҷавонони  бе ақлу хирад амалӣ сохта дар  пешрафти Тоҷикистон   садди роҳ шудан мехоҳанд. Ин кори дасти ҳамон гурӯҳҳои террористию-экстремистӣ хусусан ҳизби мамнӯъгаштаи наҳзати исломӣ мебошад, ки аз рушду пешрафти Тоҷикистон дар ташвиш буда, миллати тоҷикро доимо хору залил дидан мехоҳанд ва бо ин роҳ гузаронидани ҳар гуна бозиҳои сиёсии пасипардагии худро амалӣ мегардонанд. Вале хушбахтона  аз ин рафтори ғаразноки гурӯҳҳои ҷинояткор дар сиёсати берунии Тоҷикистон иншооллоҳ осебе намерасад ва душманони миллат худ рӯсиёҳ мемонанду халос.  шайх Аттори бузург барҳак чунин  гуфтааст:

Аз ситам ҳар к-ӯ дилеро реш кард,

Он ҷароҳат бар вуҷуди хеш кард.

Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориро бо Амрикою Фаронса ва дигар давлатҳо идома хоҳад дод, вале ин хоинони ватан-ҷавонони гумроҳи ҷинояткори ноогоҳ аз сиёсати сулҳдӯстонаи роҳбари давлат, ки ба чунин ҷинояти нангин даст заданд, умри ҷавони худро дур аз ёру дӯстон ва хешу ақрабо дар зиндон паси сар хоҳанд кард.

                                                                    Равшан Латипов

                          мутахассиси пешбари  бахш оид  ба корҳои дин,

                              танзими анъана ва ҷашну маросимҳои

                                                мақомоти иҷроияи ноҳия.